Иззат Амон вакили мудофеи муҳоҷирони меҳнатӣ ва  мудири “Маркази тоҷикон” дар Маскавро, ки то имрӯз дар боздоштгоҳи муваққатии ВКД қарор дошт, имрӯз ба СИЗО ё боздоштгоҳи тафтишотӣ мебаранд. Дар ин бора яке аз наздиконаш  ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ин хеши Иззат Аммон, ки нахост “Азия-Плюс” аз ӯ ном бибарад, мегӯяд аз наздиконашон танҳо ба Муҳаммадюсуф Холов писари Иззат Амон иҷозат медиҳанд, ки бо падараш дидор кунаду халос.

Ба ин гуфтаи ин манбаъ писараш то кунун чор бор бо падараш мулоқот кардааст ва мулоқоти охирини ӯ бо падараш 3 рӯз пеш будааст. Ва ҳамаи ин мулоқотҳо бо ҳузури муфаттиши парванда сурат гирифтааст.

Ин ҳамсуҳбаи "Азия-Плюс" мегӯяд, ки то кунун қазияи Иззат Амон бар асоси як моддаи Кодекси ҷиноӣ қаллобӣ тафтиш мешавад ва ҳеч айби дигаре ба ӯ эълон нашудааст.

Шикоятҳо аз куҷо пайдо шуданд?

Ба гуфтаи ин манбаъ дар мулоқот бо Иззат Амон хоста шудааст, ки писараш муроҷиатҳои видеоӣ нашр кунад ва аз гуруҳои мухолифин дар хориҷ ва созмонҳое, ки Тоҷикистон онҳоро ифротгаро медонанд, талаб кунад, ки ба қазияи падараш дахолат накунанд, зеро Иззат Амон бо онҳо ҳеч ҳамкориву қаробате надоштааст ва қазияи падарамро сиёсӣ накунед.

Ҳамчунин аз писараш хоста шудааст, ки дар муроҷиати видеоӣ аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия дархост кунад, ки гирдиҳамоӣ баргузор накунанд, зеро қазияи падараш мунсифона баррасӣ мешавад.

Ҳамчунин ба гуфтаи ин манбаъ Иззат Аммон ба писараш аз мавридҳои шиканҷа ва ё лату кӯб шуданаш чизе нагуфтааст, ҳарчанд ба гуфтаи ӯ ин ҳама мулоқот бо ҳузури муфаттиши парванда сурат мегиранд. Танҳо писараш гуфтааст, ки падарам бисёр дилтангӣ ва нигаронӣ мекунад.

Баъди чанд рӯзи боздошти Иззат Амон дар Душанбе писараш ба расонаҳо гуфта буд, ки мақомот ба ӯ гуфтаанд, ки падарашро ба зудӣ ҷавоб медиҳанд ва ӯ ҳамчунин гуфта буд, ки ин суханонро падараш ҳам ба ӯ гуфтааст.

Аммо ба гуфтаи манбаъ дар мулоқоти баъдӣ намояндаҳои мақомот гуфтаанд, ки ҳамарӯза шикоятҳои нав аз болои падараш ворид мешаванд, ки танҳо додгоҳ метавонад дар бораи озод шудану нашуданаш тасмим бигирад.

Аммо ин хеши Иззат Амон мегӯяд, ки ӯ аксари онҳоеро, ки гӯё шикоят овардаанд намешиносад. Онҳо даъво мекардаанд, ки гӯё Иззат Амон дар Русия дар барои анҷом додани хидмати вакилӣ ва корҳои дигар аз онҳо пул мегирифтааст ва гӯё корҳояшонро дуруст намекардааст. Аммо ин манбаъ мегӯяд, ки агар ин чиз воқеият дошта бошад, чаро  онҳо ин ҳама вақт шикоят намекарданду ҳамин шабу рӯз омада шикоят карданд. Онҳо ҳатто дар ҳамун шабу рӯзҳо як бор ба Иззат Амон занг назадаву даъвои пул ҳам накарда будаанд.

Ҳамчунин ин манбаъ мегӯяд, ки онҳое, ки дар муроҷиатҳои видеоӣ ба василаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди Иззат Амон ҳар гуна суханҳо мегӯянду, ӯро ба ин он кор муттаҳам мекунанд, дурӯғ мегӯянд. Аз ҷумла мегӯяд, манбаъ, як нафаре, ки дар наздикиҳои хонаи онҳо омада видео навор гирифтаву даъво кардааст, ки ҳамсинфи Иззат ҳасту аз хӯрдӣ ӯро мешиносад, дурӯғ гуфтааст. Мо ин гуна одамро умуман намешиносем ва ӯ ҳатто сокини маҳаллаи онҳо нест. Мо рӯзе, ки ӯ бо чанд нафари либоси мулкидошта омада дар ин ҷо навор мебардоштан, дар ҳамин ҷо будем ва ӯро дида будем, аммо нашинохтемаш,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Иззат Амон чӣ гуна ба Душанбе оварда шуд?

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки Иззат Амон шояд ба далели ҳузури муфаттишон ва вуҷуди дурбинҳо назоратӣ дар боздоштгоҳи муваққтӣ то ин дам натавонистааст, ки  далели аслии боздошт шуданашро ба писараш бигӯяд.

Иззат Амон дар мулоқот бо писараш аз саломатияш шикоят кардааст ва дору дархост кардааст, ки наздиконаш ба ӯ бурдаанд.

Ин манбаъ мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир парвандаро ВКД Тоҷикистон пеш мебарад.

Ин манбаъ дар бораи навҳаи боздошти Иззат Амон мегӯяд, ки аз вақте, ки ӯ дар Маскав бедарак шуду онҳо ӯро меҷустанд, ҳеч иттилое наёфтанд. Ҳамчунин ин  манбаъ мегӯяд, ки дар изҳороти ВКД гуфта шуда буд, ки Иззат Амон дар Душанбе боздошт шуд. Аммо Иззат ба хона наомада буд, агар ӯ худаш ба Душанбе меомад бояд ба хона меомад, ҷойи дигар рафтан наметавонист. Вале мо баъди чанд рӯзи кофту коб, баъди нашри изҳороти ВКД фаҳмидем, ки дар Душанбе ҳасту боздошт шудааст.

Дар ҳамин ҳол “Азия-Плюс” талошҳои зиёде кард, ки бо вакили дифои Иззат Амон суҳбат кунаду қазияро бифаҳмад, вале муваффақ нашудем. Танҳо ҳамин чиз дақиқ шуд, ки адвокатро худи хешованди Иззат Амон пайдо кардаанд.