Қирғизистон тасмим дорад дар саргаҳи дарёчаи Козу-Баглан, ки дар Тоҷикистон Хоҷабақирғон ном дорад, се обанбор бисозад. Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раиси ҳайати ҳукуматии  ин кишвар дар гуфтушуниди марзӣ бо Тоҷикистон гуфтааст дар пайи  амалӣ шудани ин тарҳ “масъалаи баҳси марз бо Тоҷикистон бидуни мушкил ҳал хоҳад шуд”.

Аммо ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, дар сурати сохтани ин обанбор танқисии об дар чанде аз навоҳии Суғд ба миён моеяд ва бояд он бар асоси мувофиқаи ҷонибҳо сохта шавад.

Қамчибек Тошиев рӯзи 25-уми апрел дар мулоқот бо сокинони вилояти Ӯш гуфтааст, ки масъалаи марзи давлатӣ дар минтақаи Бодканд ҳалли худро намеёбад. Хабаргузории қирғизии turmush.kg бо истинод ба гуфтаҳои ӯ навиштааст, ки лоиҳаи бунёди се обанбори “Ак-Тоок” дар сойи  Козу-Баглан ё Хоҷабақирғон омода шудааст. Ба гуфтаи Тошиев, аз буҷаи Қирғизистон маблағ ҷудо шудаву соли оянда бояд корҳои сохтмонӣ оғоз шавад.

“Мо бо ҷониби Тоҷикистон гуфтушунид дорем. Мо фикр намекунем, ки биёем ва шарти худро гузорем ва масъалаи марзро ҳал кунем. Ин кор нахоҳад шуд.  Дар ин робита, мо ба нақша гирифтаем, ки ба татбиқи се лоиҳаи калон шурӯъ намоем. Мо мехоҳем дар деҳоти Бешкенти минтақаи Лайлак, дар мавзеи Ак-Тоок обанбор созем. Қариб 100% оби нӯшокӣ барои шаҳрҳои Хуҷанд ва Ғафурови Тоҷикистон аз ҳисоби мост. Тамоми оби мо ба он ҷо меравад, аммо киштзорҳои худамон хушк мешаванд. Ин масъаларо мо дар ҳукумат баррасӣ кардем ва лоиҳаро давоми як сол амалӣ кардан мумкин аст»

Аммо Қамчибек Тошиев ҳаҷми маблағеро, ки барои амалисозии тарҳи сохтмони обанбор бояд ҷудо шавад зикр накардааст, вале бо итминон гуфтааст, аллакай пул ҷудо шудааст. Ӯ далели амалишавии ин тарҳро ҳамакнун ба масъалаҳои баҳси марзӣ бо Тоҷикистон рабт додааст. Маъмулан чанде аз шаҳру навоҳии Суғд аз дарёчаи Хоҷабақирғон бо оби нӯшокӣ таъмин мешаванд ва қисме аз заминҳои ҷамоати Овҷи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро низ ин об шодоб мегардонад.

“Ҳоло лоиҳасозон ба кор шурӯъ кардаанд. Мо онро соли оянда месозем. Агар мо ин обанборро созем, мо масъалаи марзро бидуни мушкил ҳал хоҳем кард” -гуфтааст Тошиев

Бояд бо Тоҷикистон мувофиқа кунанд

Хоҷабоқирғон
Коллаж

Дар ҳоле ҷониби Қирғизистон мехоҳад соли оянда дар саргаҳи дарёчаи Хоҷабақирғон сохтмони обанборро оғоз кунад, ки ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ин гапи нав нест ва даҳсолаҳо инҷониб чарх мезанад. Як масъули  баландпоя аз ҳукумати Суғд дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, обанбор бояд дар мувофиқа бо ҷониби Тоҷикистон  сохта шавад ва аз ин тарҳ низ огаҳанд. Ин манбаъи баландпоя гуфт, Тоҷикистон низ дар мавриди онки Қирғизистон баҳси марзиро то ба масъалаи об мехоҳад бикашад, ҷавоби худро дорад. 

“Лоиҳаи сохтани обанборро ба мо низ пешниҳод карда буданд, ки Тоҷикистон ҳам дар сохтани обанбор ҳамроҳ шавад. Пеши обро гирифта наметавонанд, хоҳанд ё нахоҳанд бояд тибқи созишномаи байнидавлатӣ бо Тоҷикистон мувофиқа кунанд. Дар ҳудуди замини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пойгоҳи обкашии Арқаи Қирғизистон ҳаст ва аз Баҳри Тоҷик ба заминҳои ноҳияи Лайлак об мекашад. Агар ҷониби ҳамсоя дар масъалаи об мехоҳад бо мо мушкил пеш орад, пойгоҳи онҳо ҳам аз мо об мегирад”-

Ин дар ҳолест, ки Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд мегӯяд, як адад пойгоҳи обкашии Арқа марбут ба кишвари ҳамсоя бо тавоноии 3-3,5 куб об дар як сония аз Баҳри тоҷик ба заминҳои ноҳияи Лайлак об мегирад ва дар заминҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир аст. Ин пойгоҳ зери таваҷҷуҳи комиссияи соҳавиву байниҳукуматӣ будааст.

Ҳалим Ҳоҷиев, муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, дар сурати бунёди обанбор дар саргаҳи Хоҷабақирғон  чанде аз шаҳру ноҳияи Суғд ба танқисии об рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳоло сокинони шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикободи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ин дарёча бо об  таъмин мешаванд ва 9 ҳазор гектар заминҳои ҷамоати Овчи-Қалъача аз оби полезии Хоҷабақирғон обёрӣ мешудааст. Ӯ гуфт, идораи обёрӣ аз тасмими қирғизҳо бобати сохтани обанбор дар дарёчаи  Хоҷабақирғон огаҳ аст ва ин масъала дар сатҳи ҳукуматҳо бояд ҳаллу фасл шавад.

“Ин соли якум нест, ки ҷониби Қирғизистон мехоҳад дар болооби дарёчаи Хоҷабақирғон обанбор созад. Ҳамон обанборро ё якҷоя месозем ё сохтмонаш ба чӣ шакл меш меравад, гуфту шунид рафта истодааст. Мо борҳо мегӯем, ки масъалаи сохтани обанбор дар сатҳи созишномаи байнидавлатӣ бояд ҳаллу фасл шавад. Тибқи созишнома, вақте ки Қирғизистон мехоҳад обанбор созад, дар ин ҷо бояд манфиати мо низ ба инобат гирифта шавад”

Тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ ва комиссияи тақсимоти оби байнидавлатӣ, то имрӯз ҷонибҳо мувофиқ ба меъёр аз оби дарёчаи Хоҷабақирғон истифода мебаранд. Вале Ҳалим Ҳоҷиев мегӯяд, ҳоло ба далели кам будани воридоти об дар дарёчаи Хоҷабақирғон ҷониби Қирғизистон аз меъёр зиёд об мегирад ва дар ин масъала бо онҳо гуфтушунидро оғоз кардаанд. Ҳоло Тоҷикистон аз ин дарёча дар як сония 600 литр об мегирад, ки он асосан барои истеъмоли аҳолӣ интиқол меёбад ва ин аз меъёр кам будааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.