Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд як мошини бензинкаш ба садама дучор шуда оташ гирифтааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, ронанда ва як мусофири мошин дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Дар ҳоли ҳозир дар мавриди вазъи саломатии ронанда ва мусофири ин мошин гузориш дода нашудааст, аммо КҲФ гуфтааст, ки онҳо осеби ҷисмонӣ бардоштаанд.
Гуфта мешавад, ин ҳодиса, тақрибан соати 09.30 дақиқаи имрӯз рух додааст. Ин мошин тамғаи «Донгфенг» буда, онро сокини 34-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҷӯраев МансурҶӯраев идора мекардааст.
Ба гуфтаи як манбаъ ин мошин ба мағозаи фурӯши масолеҳи кишоварзӣ дар ноҳияи Деваштич бархӯрда, оташ гирифтааст.
КҲФ мегӯяд, ҳодиса дар ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич рух додааст ва мошин аз Хуҷанд ба самти ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич дар ҳоли ҳаракат будааст.
Бино ба хабари расида ҳамроҳ бо ронанда боз як сокини 29-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ сафар мекард.
КҲФ далели ин таркишро "маълум нест" гуфтааст. Дар айни замон масъулини Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷойи ҳодиса далелҳои ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Икбол Завкибеков: «Надо любить то, чем занимаешься»
ФСИН: 70% иностранцев в колониях России – граждане стран Центральной Азии
Иранская авиакомпания запустит спецрейсы между Душанбе и островом Киш
США возобновили поставки оружия Украине
«Рыба для товарища Черчилля». В Таджикистане снят фильм о героизме таджиков во Второй мировой войне
Стало известно, когда будет открыта граница между Таджикистаном и Кыргызстаном
«Хабаровские авиалинии» изменили правила перевозки детей мигрантов
ЕБРР и АБР профинансируют модернизацию автодороги Дангара – Гулистон
Врачей легендарного Марадоны отправили под суд
Госдума России рассмотрит запрет на льготное жилье для мигрантов, недавно получивших гражданство РФ
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста