Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқоти беш аз 5 соатаи худ бо ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборов ба хабарнигорон гуфт, ки дар маркази гуфтушунидҳои имрӯза масъалаи таъину аломатгузории хатти марзи давлатии ду кишвар қарор дошт.

Ӯ гуфт, ки масъалаи дар давраи оянда имзои Аҳднома дар бораи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро, ки қаблан дар маҷмӯъ мувофиқа шуда буд, муҳокима кардем.

- Тибқи лоиҳаи Ҳуҷҷат, тақрибан 520 хати сарҳади давлатӣ тасвир шудааст. То имрӯз 32 километри дигар бо тартиби корӣ мувофиқа карда шудааст,-гуфт Э. Раҳмон.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки талошҳо ба ҳалли масоили марзӣ дар рӯҳияи созандагӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои тарафҳо равона карда мешаванд.

Ба иттилои ӯ, раванди гуфтушунидро дар сарҳад ҳанӯз соли 2002 оғоз карда буданд ва дар тӯли тақрибан 20 соли охир, дар маҷмӯъ, тақрибан 180 ҷаласаи Комиссияи муштарак ва ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ оид ба делимитатсияи хати сарҳад баргузор шуданд.

Ҷаноби Раҳмон  гуфт, “дар паси ин ҳама кори зиёди мутахассисон, хароҷот ва вақти зиёд истодааст”.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷонибҳо ҳамчунин, дар бораи ҳодисаи фоҷиаборе, ки дар охири моҳи апрели соли равон дар марз рух дод, муфассал суҳбат намудаанд.

- Бо таассуфи бузург, одамон аз ҳарду ҷониб ҷони худро аз даст доданд ва азоб кашиданд, ба аҳолӣ зарари моддӣ ва маънавӣ расонида шуд, ба таҷрибаи ҳамсоягии неки байни халқҳои мо зарари ҷиддӣ расонида шуд. Аз ин рӯ, мо бояд пеш аз ҳама дар бораи барқарор кардани эътимод байни сокинони минтақаҳои наздимарзӣ фикр кунем, -қайд кард Раҳмон. .

Вай иттилоъ дод, ки Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъину аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон кори худро ба таври муназзам идома хоҳад дод.


Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар музокироти имрӯза ба масъалаи истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ ҳам диққат додаанд ва пешниҳод шудааст, ки кори Гурӯҳи кории байниидоравии Тоҷикистону Қирғизистон барои баррасии масъалаҳои дуҷонибаи истифодаи захираҳои об аз сар гирифта шавад.

Раисҷумҳури Қирғизистон ҳам дар ин нишаст барои хабарнигорон аз гузоштани гомҳо барои ҳалли ҳама гуна масъалаҳои марзӣ хабар дод.

«Мо барои оянда гомҳое барои ҳалли ҳама гуна масоили марзӣ  ва кори фаъолмандонаи тафсири хати марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштем”,-гуфт ӯ.

Ҷабборов гуфт, ки кишвараш ба равобити гуногунҷабҳа ба Тоҷикистон аҳаммияти увлавиятдошта медиҳад ва дар сиёсати берунияш пойбанд ба ҳама тавофуқоти дуҷонибаи ҳосилшуда ба хотири тақвияти ҳамкориҳои барои ҳар ду тарафи муфид бар пояи дӯстӣ ва ҳамсоядории нек мебошад.

Ҷабборов изҳори умедворӣ кард, ки тарафҳо дар ҷараёни нишасти 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ, ки дар фурсатҳои наздик дар Бишкек бояд сурат бигирад, кори натиҷадору босамареро хоҳанд анҷом дод.

Ҷабборов гуфт, ки барои Тоҷикистону Қирғизистон тақвияти бовару эътимод  миёни мардум, хусусан дар нуқтаҳои марзӣ бисёр муҳим аст. Ӯ гуфт, ҷониби Қирғизистон пешниҳод кард, ки дар нуқтаҳои марзи Комиссияҳои  посдори сулҳу оромӣ аз ҳисоби шахсони солхӯрдае, ки дар ду тарафи марз зиндагӣ мекунанд, ташкил кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.