Раҷабалӣ Саидвализода раиси Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дирӯз дар 63-солагӣ, бар асари беморӣ даргузаштааст. Бархе аз манбаъҳо далели марги ӯро аз бемории коронавирус гуфтаанд.
Хабари марги Саидвализодаро дар Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматӣ ба “Азия плюс” таъйид карданд, вале гуфтанд, ки сабаби маргашро намедонем.
Ҳамсуҳбати мо дар ин ниҳод, дар мавриди далели марги Саидвализода суҳбат накард, танҳо гуфт, ки “ба расонаҳо дар робита ба марги роҳбарашон барои нашр таъзиянома фиристодаанд, ки бояд нашр шавад”.
Дирӯз, бархе аз расонаҳо дар мавриди сабабҳои марги Саидвализода навишта буданд, ки ӯ шаби 28 ба 29 июн дар бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе аз бемории монанд ба коронавирус ё “илтиҳоби шуш” вафот кардааст.
То кунун ба таври расмӣ, дар бораи далелҳои марги ин мансабдори баландпояи Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд рӯзи охир дар мавриди марги шахсиятҳои маъруф хабарҳо мерасад ва бархе расонаҳо онҳоро қурбони мавҷи нави коронавирус медонанд. Аммо дар омори шумораи гирифторшудаҳо ба коронавирус, ки ҳар 24 соат Вазорати танудурстӣ пешниҳод мекунад, аз мавридҳои нави марг аз ин беморӣ чизе гуфта намешавад.
Вазорати тандурустӣ пештар далели марги онҳоеро, ки расонаҳо қурбонии коронавирус навишта буданд, илтиҳоби шуш гуфта буд.
Саидвализода соли 1958 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон зода шуда, хатмкардаи риштаи сохтмону меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буд.
Ӯ солҳои гуногун ба унвони муҳандис кор карда, соли 2006 пас аз муҳоҷирати дусола дар Русия, дар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор мепардозад, ки аз соли 217 ба ин сӯ, раиси ин ниҳод буд. Соли 2016 Ордени Шараф дараҷаи 2-ро сарфароз шуда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 22 декабря 2024 года
Долгая ночь. Сегодня отмечается праздник зимнего солнцестояния Шаби Ялдо
Как прошла Tarona Music Award-2024: на сцене, за кулисами мероприятия и не только
АБИИ выделил Таджикистану первые $270 млн на строительство Рогунской ГЭС
На российском рынке труда выросло число вакансий при нехватке персонала
«Стратегический стержень» Евразии. Что может дать Ваханский коридор странам, имеющим выход к нему
Что будут показывать таджикские театры на Новый год
В сборную Таджикистана перебралась легкоатлетка из России
Как Душанбе встречает Новый год?
Лидеры e-commerce и их секреты успеха. Кто ведет Таджикистан в цифровое будущее?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста