Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки магистрҳо бояд аз хидмати ҳарбӣ озод бошанд. Вазир мегӯяд, ки магистратура ҳам як зинаи таҳсилот аст ва бояд мсили дигар зинаҳои таҳсил муҳассилини онро аз хидмат озод кунанд.
Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зиннаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд.
Вазир мегӯяд, ки тибқи тағйиру иловаҳое, ки ба қонунгузорӣ ворид шудааст, мутаассфиона ҳамин чиз боис шудааст, ки магистрон аз хизмати ҳарбӣ озод нестанд.
"Дар бораи масъалаи мазур мо ҳам огоҳем, маълумот гирифтем бо кормандон ва бо роҳбарияти Вазорати мудофиа ҳамсуҳбат шудем ва хоҳиш крадем, ки нисбат ба магистрони мо муносибати хуб дошта бошанд. Мо дар оянда ният дорем, ки нисбати ҳамин масъала корбарӣ кунем. Яъне магиистатура ҳамчун як зинаи таҳсилот ба мисли бакалавр доктор PHD бояд аз хизмати ҳарбӣ озод бошад. Нисбати ин корбарӣ карда истодаем, иловатан маълумот пешниҳод мекунем",-гуфт вазири маориф.
Масъалаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои доғ аст ва ҳамасола дар давраи даъват ба хидмат мавридҳои зиёди ҷалби иҷборӣ ҳам ба назар мерасад, ки дар миёни мардум бо номи "облава" маъруф шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Мобильная связь под контролем МВД, пик рубля, нехватка воды в Нуреке и нерабочая горячая линия для мигрантов
Планы Нозии и Мухаммадрофеъ «петь на радость поклонникам и служить стране»
Tcell подписал меморандум с Ilmhona и Re-skill
«Мы никому не рассылали СМС»: «Почтаи точик» предупреждает о мошенниках
В Узбекистане разрешили передавать вокзалы и железнодорожные составы в частные руки
ЕБРР запускает программу «Молодежь в бизнесе» в Таджикистане
«Мама читала, я запоминала». Как Фарахбахш, несмотря на слепоту, победила в конкурсе «Книга – мудрости зари сиянье»
Как Малика Джуракулова меняет мир и борется за права таджикских женщин
На дорогах Душанбе всё чаще замечают LiXiang L9: что за автомобиль покоряет столицу?
Google Pay с Mastercard от Алифа уже доступен: оплачивайте покупки телефоном бесконтактно
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста