Баррасаии парвандаи пурсарусадои Руфейда Иноятова, ки интизор мерафт, имрӯз дар Додгоҳи олӣ баргузор гардад, ба таъхир афтод. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» яке аз наздикони хонаводаи Руфейда иттилоъ дод.
Ба гуфтаи номбурда, бо сабаби ҳозир нагардидани яке аз намояндагони додгоҳ баррасии парванда ба пагоҳ - 12 октябр гузошта шуд.
Бояд гуфт, ки субҳи имрӯз, падари Руфейда - Валиҷон Иноятов хабар дода буд, ки баъд аз се моҳи қатли пурсарусадои духтараш баррасии парванда пушти дарҳои баста оғоз мешавад.
Мавсуф гуфт, парвандаро Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасӣ мекунад. Гуфта мешавад, ки дар курсии айбдорӣ ҳамсояи ин ноболиғ ва падари дугонаи Рафайда, Раҳматулло Гадоеви 30-сола нишастааст.
Ба гуфтаи Иноятов, сарфи назар аз дархости онҳо, ҷаласаи додгоҳ паси дарҳои баста ҷараён мегирад.
Ёдовар мешавем, ки Руфейда рӯзи 4-уми июли соли равон аз хона ба ҳоҷатхона (дар кӯча воқеъ аст) баромада бедарак шуд. Як рӯз пас ҷасади Руфейдаро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя пайдо карданд. Кормандони шуъбаи дуюми раёсати кофтукови ҷиноятиии ВКД Тоҷикистон, субҳи 6 июл бо гумони қатли ин ноболиғ, Раҳматулло Гадоеви 30-соларо боздошт кардаанд, ки дар ҳамсоягӣ ба сар мебарад.
Саида Иноятова аммаи Руфейда ки бархе ҷузъиёти ҳодисаро расонаӣ карда буд, навишт: Падари дугонаи Руфейда бо роҳи фиреб ноболиғро ба хона дароварда, таҷовуз карда, сипас духтаракро пора – пора намуда, узвҳои баданашро дар халтачаҳо алоҳида – алоҳида гирифта, ба ҳоҷатхона мепартояд”.
Қазияи куштор ва пора кардани ҷасади Руфайда яке аз пурсарусадотарин ҳаводиси чанд моҳи охир аст. Баъд аз воқеа намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ талаб карданд, ки ин қазия мунсифона баррасӣ шавад. Раиси палатаи болоии порлумон, Рустами Эмомалӣ ба муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ вокуниш карда, гуфт, қазия таҳти назорати қатъиаш қарор дорад.




На лошади и с биноклем. Как Сафарби – единственная женщина-лесник в Таджикистане – охраняет «Даштиджум»
По инициативе Таджикистана Генассамблея ООН объявила 2027-й Международным годом правовой грамотности
Huawei представляет Mate X7 и линейку новых инновационных устройств
Погранслужба КР: 80% госграницы между Баткенской областью и Таджикистаном обнесены заграждениями
Памир и Тянь-Шань тают: сможет ли программа АБР спасти воду региона?
Баходур Усмонов стал официальным претендентом на титул чемпиона мира WBA
В Таджикистане запущена новая национальная платформа объявлений — Paydo
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Смертельный угарный газ, новые утильсборы и триумф таджикского гонщика в Китае
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 13 декабря 2025 года
Вдохновляющая красота Таджикистана: 7 причин посетить эту страну
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста