Як созмони журналистӣ дар Тоҷикистон иддао дорад, ки вазъи дастраси иттилоот дар Тоҷикистон дар чанд соли ахир вахимтар шуда, аксар вазорату идораҳо кӯчактарин маълумотро ба рӯзноманигорон намедиҳанд.
Анҷумани милли воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар як гузориши худ навиштааст, ки вазорату идораҳо аз журналистон барои гирифтани кӯчактарин иттилоъ дархости журналистӣ (мактуби расмӣ) мепурсанд, вале бо он ҳам имкони гирифтани иттилои зарурӣ душвор аст.
- Чунки ба дархости журналистӣ ё ҷавоб намедиҳанд, ё як посухи хушку холӣ медиҳанд, ки ба дарди хабарнигор намехӯрад ё хеле дер посух медиҳанд, - менависад АМВАОМТ.
Ин ниҳод мегӯяд, бо ин вуҷуд манбаъҳои расмиву ғайрирасмии рӯзноманигорон дар ниҳодҳо, ягона василаи асосии гирифтани иттилоъ боқӣ мемонанд.
Вале журналисти тоҷик Ёқуб Ҳалимов мегӯяд, набояд ба манбаъҳо такя намуд, чунки онҳо метавонанд, як рӯз иттилои нодуруст ва носанҷида манзур гардонанд, ки дар натиҷа, рӯзноманигор ва идораи расона зери хатар қарор гиранд.
- Нашри мавод танҳо бо такя ба манбаъҳое, ки ном ва мақомашонро зикр намекунанд, ба нафъи журналистон нест. Ин шаффофияти кори журналистонро зери суол мебарад. Манбаъ дар ҳолатҳои зарурӣ метавонад зери фишору таъқиб аз иттилои додааш даст кашад, - гуфт ӯ.
Аз 58 дархости журналистӣ 37 – тояш беҷавоб
Хадамоти мониторинги АМВАОМТ “муъҷиза” шудани дастрасии иттилоъ дар Тоҷикистонро баъди ирсоли мунтазами дархости журналистӣ ба ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон баровардааст.
Онҳо мегӯяд, дар давоми 3 моҳ - июл, август, сентябри соли ҷорӣ аз 58 дархости журналистие, ки аз ҷониби АМВАОМТ ва журналистони мустақил ба ниҳодҳои дахлдор ирсол шуд, 37-тои он то ҳол беҷавоб боқӣ монда, ба 21 дархост посух гирифта шудааст.
Ба гуфтаи АМВАОМТ майлони беэътиноӣ ба дархостҳои журналистӣ дар се моҳи ахир зиёд шудааст.
- Аксари дархостҳои журналистӣ ниҳодҳои поёнӣ бо ҳавола кардан ба ниҳодҳои болоӣ аз пешниҳоди маълумот худдорӣ менамоянд,- мегӯянд масъулини ин ниҳоди журналистӣ.
Прокуратура ва ВКД посух намедиҳанд...
Масъулини ин ниҳод аз Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мисол меоранд, ки ба дархости пайдарпайи журналистон дар мавриди гирифтани иттилоъ бо гузашти беш аз се моҳ посух надодаанд.
- Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро қонунгузории кишвар кафолат додаааст. Назорати иҷрои яксони меъёрҳои қонун ба дӯши Прокуратураи генералӣ аст. Мутаассифона, худи ниҳоди назоратӣ ба иҷрои талаботи қонунгузории кишвар беэътиноӣ мекунад, ки волоияти қонунро зери суол мебарад, - менависад Хадамоти мониторинги АМВАОМТ.
Ин ниҳоди журналистӣ аз Вазорати маориф ва илм ва ширкати “Dushanbe city” ҳамчун намуна овардааст, ки якумӣ дар асоси қонунгузорӣ бо гузашти се рӯз ба дархости журналистӣ посух доду дуввумӣ ба дархост худи ҳамон рӯз тариқи почтаи электронӣ ҷавоб дода, як рӯз пас шакли хаттии онро пешниҳод намудааст.
“Хасисӣ” мекунанд”. Чаро вазъ чунин шуд?
Журналисти тоҷик Ёқуб Ҳалимов тасдиқ мекунад, ки дар фаъолияти кориаш барои дастрасӣ ба итттилоот ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавад ва бахусус дар як - ду соли охир кор ба ҳадде расидааст, ки масъулини вазорату идора ва ҳукуматҳои маҳаллӣ барои суоле, ки посухи “ҳа” ё “не” ниёз дорад, дархости журналистӣ талаб мекунанд.
Ба гуфтаи ин журналисти тоҷик, ин мушкил дар корхонаву ташкилоти хусусӣ ҳам дида мешавад ва онҳо бо пайравӣ аз корхонаҳои давлатӣ дар додани иттилоъ “хасисӣ” мекунанд.
Ёқуб, сабаби чунин рафтор намудани ниҳодҳои давлатиро аз бениёз нишон додани худ аз журналистон медонад.
- Онҳо мехоҳанд нишон диҳанд, эҳтиёҷ надоранд, ки маълумот дар бораи фаъолияти корхона ё ниҳодашон дастраси мардум гардад,- гуфт ӯ.
Аз сӯйи дигар, ба таъкиди номбурда, танқидҳо ва ҷойе ҳам таҳқиру туҳматҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ боис шудааст, ки ин ниҳодҳо аз ироаи ҳар гуна маълумот худдорӣ кунанд.
Вале роҳбари АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, солҳои охир мансабдорони давлатӣ бисёр эҳтиёткор шудаанд, ки ин ҳам ду омил дорад, яке худашон аз талаботи қонунгузорӣ огоҳ нестанд ва дуввум огоҳ ҳастанд, вале онро барои иҷро кардан ҷуръат намекунанд.
“Рӯз аз рӯз вазъ бад мешавад”. Чӣ бояд кард?
Ба андешаи ӯ, вазъи дастрасӣ ба иттилоот аз соли 2015 инҷониб рӯз аз рӯз бад мешавад ва ин ба омилҳои гуногуни ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва рушди ҷомеа дар ҳар марҳала вобаста аст.
Номбурда мегӯяд, нигаронии онҳо аз он аст, ки ниҳодҳои муҳими давлатӣ, ки қаблан ба ба журналистон посух медоданд, вақтҳои охир ҳатто ба дархостҳои журналистӣ беэътиноӣ мекунанд.
Ба гуфтаи Қаришибоев сабаби асосии ин бемасъулиятии мансабдорон аст, ки дидаву дониста талаботи қонунро риоя намекунанд.
“Гуноҳ” - и дигар ба гуфтаи номбурда, аз ҷониби журналистон сар мезанад, ки баъди ирсоли дархост посухи онро талаб накарда, дар сурати зарурӣ ба суд муроҷиат намекунанд.
- Ин саҳлангории масъулине, ки дар мақомоти давлатӣ бо ВАО ҳамкорӣ доранд. Ин вазъият ташвишовар аст ва мо барои решкан кардани ин ҳолат иқдом хоҳем кард. Аз таҳлиҳои худ дастгоҳи раисҷумҳур ва парлумони кишварро огоҳ хоҳем кард ва тақозо мекунем ки ин масъала мавриди назар бошад ва мақомот ҳуқуқи дастрасии шаҳрвандонро ба иттилоот поймол накунанд,- гуфт ӯ.
Ёқуб Ҳалимов барои беҳтар шудани вазъ ду роҳро пешниҳод мекунад.
- Мо то ба ҳол надидем ё маълумот надорем, ки расонае ё журналисте ба таври инфиродӣ ниҳодеро ё шахси масъулро барои надодани иттилоъ ба додгоҳ кашида бошад. Ин ҳақро на танҳо журналистон ва расонаҳо ҳатто шаҳрванди қатории Тоҷикистон дорад. Ҳамин тариқ, ба таври дастаҷамъӣ расонаҳо ва журналистон ҳеҷ масъулеро барои надодани иттилоъ ба додгоҳ накашиданд. Ҳамчунин, надодани ҳар маълумот аз ҷониби ниҳоде ё шахси масъуле бояд расонаӣ карда шавад., - мегӯяд Ҳалимов.
Бо вуҷуди нигарониҳои ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва созмонҳои расонаӣӣ кишвар мушкили дастрасӣ ба иттилоъ ҳамчун яке аз мушкилоти асосси озодии баён ва расонаҳо дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В США за четыре года задержали 825 граждан Таджикистана
В России введут ГОСТ на шаурму
В Таджикистане отмечена рекордно низкая за все годы независимости инфляция
Дружба дружбой, а бизнес бизнесом. Узбекистан повысил растаможку таджикского цемента
Китай, Кыргызстан и Узбекистан соединит железная дорога. Ее строительство начнется 27 декабря
Власти РФ рассказали, когда начнется тестирование детей мигрантов на знание русского языка
Российский нападающий ФК «Худжанд» попал в необычный рейтинг
Партнеров стало еще больше: совершайте праздничные покупки с рассрочкой «Душанбе Сити Банк»
Мировые цены на кофе достигли рекорда. Как это повлияет на таджикский рынок?
Путин и Рахмон обсудят «острые миграционные вопросы»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста