Нашри хабари дар мактабҳо аз хонандагон талаб кардани ин ки шаҳодатномаи алайҳи коронавирус воксин гирифтани падару модарашонро биёранд, чанд рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурбаҳс шудааст. Аммо вазорати мориф ва илми кишвар хабари талаби нусхаи ин гуна шаҳодатнома аз мактабхонҳоро рад мекунад.
Эҳсони Хушбахт, сардори Маркази матуботи Вазорати маориф ва илм ба «Азия-Плюс» гуфт, ки ин хабар асоси воқеӣ надошта, Вазорати маориф ва илми кишвар ба роҳбарони мактабҳои миёна дар ин бора ягон дастур надодааст.
Аммо ин иддаои Вазорати маориф дар ҳолест, ки дар Хуҷанд омӯзгорон аз хонандагони мактабҳои миёна хостаанд, ки нусхаи ин шаҳодатномаро ба мактаб биёранд то тасдиқ шавад, ки падару модарашон воксин задаанд.
Салма Олимӣ як корбари Фейсбук дар саҳифаи худ ин мавзуъро матраҳ кард, ки сару садоҳои зиёдеро ба бор овардааст. Зери ин навишта корбарони зиёде аз Хуҷанду Душанбе, ки фарзандонашон дар мактабу боғчаҳо таълим мегиранд, низ таъйид кардаанд, ки аз фарзандони онҳо низ чунин дархост шудааст.
Худи Салма Олимӣ дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки дар ҳақиқат аз хонандагони мактаб дар шаҳри Хуҷанд нусхаи маълумотномаи воксинро талаб доранд. Ӯ гуфт, дар мактаби рақами 5 ва 23-и ин шаҳр, ки наздиконаш онҷо таҳсил мекунанд, низ нусхаи ин шаҳодатномаро талаб кардаанд. Вале ба мактабхонҳо нагуфтаанд, ки нусхаи ин шаҳодномаро ба чи талаб кардаанд.
Корбари дигаре бо номи Мухбирахон Мансурова зери ин фириста (пост) навиштааст, ки аз фарзандони ӯ низ ин шаҳодатномаро талаб намуда, гуфтаанд, ки то рӯзи 10-декабр бояд онро ба мактаб бибаранд ва дар сурати наовардан ба мактаб роҳ дода намешаванд.
Дар идораи маорифи шаҳри Хуҷанд аз ин мавзуъ изҳори бехабарӣ карда, аз суҳбат худдорӣ карданд. Тамосҳои пай дар пайи мо барои дарёфти нуқтаи назари масъулони Раёсати маориф ва Раёсати тандурустии Вилояти Суғд натиҷа надод.
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоӣ ҳам ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки ҳеҷ дастуре дар ин замина дода нашудааст ва гирифтани воксина дар кишвар маҷбурӣ нест, вале барои қишре аз ҷомеъа ҳатмӣ мебошад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ вақте ин мавзуъ расонаӣ шуд, корбарони зиёде аз он нигаронӣ карданд, ки на ҳама волидон воксин задаанд ва онҳо суол мегузоранд, ки оё воксинзанӣ як амали маҷбурӣ дар Тоҷикистон аст, ки кӯдаконро маҷбур мекунанд.
Талаби овардани нусхаи шаҳодатномаи воксин дар ҳолест, ки се рӯз пеш, 3 декабр Бозраси давлатии автомобилии вилояти Суғд бо нашри як эълон аз мусофирону ронандагоне, ки алайҳи коронавирус воксинназадаанд, ҳушдор додааст аз сафар ба Душанбе худдорӣ кунанд.
Ин эълон рӯзи 3-уми декабр ба идораи телевизион ва радиоҳои шаҳри Хуҷанд барои нашр интиқол ёфтааст, ки зери матни он сардори Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сӯҳроб Қурбонзода имзо гузоштааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Подарите себе новый автомобиль JAC с выгодными бонусами!
Подозреваемому в убийстве Кириллова узбекистанцу предъявили обвинение по трем статьям УК
Еда вкусная, дезертиров нет, но кому жаловаться – не знаем: Как соблюдаются права солдат в армии Таджикистана?
Известный российский тренер возглавил кулябский «Равшан»
Авария на высоковольтной подстанции оставила часть Душанбе без света
Какое место среди стран Центральной Азии занимает сборная Таджикистана по итогам сезона-2024
Афиша от «Азия-Плюс»: «Музыка чудес» Людовико Эйнауди, «Группа Neka и гости» и рождественский концерт
Таджикистан назвали самой зависимой от Китая страной в Центральной Азии
Владислав Бакальчук проиграл суд о передаче активов Wildberries
Тесты по русскому для детей мигрантов в России будут бесплатными
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста