Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бар асари вахим шудани вазъи амниятии Қазоқистон бар пайи эътирозҳо бо сарвазири Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД Никол Пашинян, раисҷумҳури Қазоқистон ва раисҷумҳури Ӯзбекистон суҳбатҳои телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, Никол Пашинян ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муроҷиати расмии узви Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, Президенти Қазоқистон Қосим–Жомарт Тоқаев дар бораи расонидани кумак аз ҷониби кишварҳои узви Созмон дар бартараф намудани таҳдиди бамиёномада маълумот додааст
"Эмомалӣ Раҳмон омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ширкат дар василаҳои сулҳофарии СААД тибқи ӯҳдадориҳои ҳампаймонии худ эълом намуд", - омадааст дар инхабар.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД тасмим гирифт, ки барои ба эътидол овардани вазъият ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар Қазоқистон, ки узви ин Созмон аст, як воҳиди неруҳои посдори сулҳба ин кишвар сафарбар мекунад.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон Қосим–Жомарт Тоқаев раисҷумҳури Қазоқистон низ телефонӣ суҳбат кардааст. Раҳмон аз талошҳои роҳбарияти Қазоқистон ҷонибдорӣ намуда, изҳори умедворӣ кардааст, ки тавассути муколама барқарорсозии субот ва тартиботи ҳуқуқӣ имконпазир хоҳад шуд.
Дар суҳбат бо раисҷумҳури Узбекистон, Шавкат Мирзиёев Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи Қазоқистон пардохта "аз тарафҳои даргир дар ҳодисаҳои кунунӣ ба худдорӣ ва ҳалли мусолиматомези мушкилоти ба миёномада даъват карданд".- омадааст дар иттилоияе, ки дафтари матбуоти Мирзиёев нашр кардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
На пути к UFC. Таджикский боец Бахтовар Юнусов будет выступать в новой лиге
«Не имеет реальных оснований». Министр образования Таджикистана ответил депутату Госдумы России
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Большие планы нового главы Службы связи, страх мигрантов в США и полный безвиз с Ираном
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 1 февраля 2025 года
Кем был редактор самой массовой газеты в истории Таджикистана?
Казахстан помог Таджикистану мазутом и продуктами питания
Как десять Пентагонов. Китай построит крупнейший в мире подземный военный комплекс
Гражданам Таджикистана разрешили пересекать российско-белорусскую границу наземным транспортом
Пятерка производителей электроэнергии Таджикистана. Кто сколько выработал в 2024 году?
Воздух в Таджикистане стал чище? Так утверждают в руководстве Госкомприроды
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста