Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев барқияи таслият ирсол намуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
"Ба Шумо ва мардуми Қазоқистон дар робита ба талафоти зиёди ҷонӣ бар асари ҳодисаҳои фоҷиабори рӯзҳои охир дар як қатор минтақаҳои кишвар изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунам".- омадааст дар иттилоия.
Дар пайванд ба эътирозҳо ва даргириҳои ахир дар Қазоқистон раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамдардии халқи тоҷикро ба мардуми Қазоқистон, ба вижа наздикону пайвандони қурбониён иброз доштааст.
Ёдовар мешавем, ки Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дода буд, ки дар нооромиҳои ахири ин кишвар 164 нафар ҳалок шудаанд.
Дар шаҳри Алмато 103 нафар, аз ҷумла ду кӯдак, дар вилояти Қизилорда - 21 нафар, дар Ҷамбул - 10 нафар ва дар вилояти Алмато - 8 нафар кушта шудаанд. Вазорат дар бораи дар кадом вилоят кушта шудани боз 22 нафари дигар маълумот надодааст.
Ба иттилои манбаъ дар ҷараёни эътирозҳо 7 корманди пулис, аз ҷумла хизматчиёни қатории 18 ва 19-сола низ кушта шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Икбол Завкибеков: «Надо любить то, чем занимаешься»
ФСИН: 70% иностранцев в колониях России – граждане стран Центральной Азии
Иранская авиакомпания запустит спецрейсы между Душанбе и островом Киш
США возобновили поставки оружия Украине
«Рыба для товарища Черчилля». В Таджикистане снят фильм о героизме таджиков во Второй мировой войне
Стало известно, когда будет открыта граница между Таджикистаном и Кыргызстаном
«Хабаровские авиалинии» изменили правила перевозки детей мигрантов
ЕБРР и АБР профинансируют модернизацию автодороги Дангара – Гулистон
Врачей легендарного Марадоны отправили под суд
Госдума России рассмотрит запрет на льготное жилье для мигрантов, недавно получивших гражданство РФ
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста