Тӯли як ҳафтаи охир дар фазои тоҷикистонии шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу баррасиҳои зиёде дар атрофи буҳрони Украина сурат мегирад. Талоши аслии корбарон ин муайян намудани “ҳақ” ё “но ҳақ” будани ҷонибҳои даргир аст. Таҳлили навиштаҳо ва масъалагузориҳо нишон медиҳад, ки ҷаҳонбинии сиёҳу сафед ҳоким шудаанд ва асли беғаразӣ" ва "бетарафӣ" риоя намешаванд.
Тавре пештар ишора карда будем, бетарафӣ ҳамчун мавқеи расмии Тоҷикистон беҳтарин мавқеъ дар шароити ба амал омада аст, чун:
- Русия аз муҳимтарин шарикони Тоҷикистон ба шумор меравад ва ҳар таҳаввулоте, ки дар ин кишвар ба вуқуъ меояд, ба кишвари мо низ таъсир мерасонад.
- Украина низ аз шарикони муҳими Тоҷикистон аст, чун таҷҳизоти муҳиму лозима барои НБО-ҳои мо аз ин кишвар ворид карда мешаванд.
Аз ин рӯ, дар ин марҳила дар пайи манфиатҳои худамон буданамон беҳтар аст. Вазъро бояд бо диққат мушоҳида кунем ва дар ҷойи холӣ баҳси сунъиро ба вуҷуд наорем. Гузашта аз ин бо тақдири ҳамватанонамон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд – бозӣ накунем.
Хатҳои сурх барои Тоҷикистон
Дар иртибот ба вазъи ба амаломада дар ҷаҳон ва дар атрофи буҳрони Украина чанд тезисро хеле мухтасар ҳамчун хатҳои сурх барои Тоҷикистон зикр мекунам:
Якум, ҷанг байни Русия ва Украина. Имруз истифодаи истилоҳ дар бораи ин низоъ фарқ мекунад: Маскав онро “амалиёти махсуси ҳарбӣ” ва Киев “ҷанги ватании Украина” ном мебаранд. Худи чунин номгузори тафсирҳоро аз низоъи ҳарбӣ гуногун мекунад ва барои Тоҷикистон муҳим аст ба ин баҳс бо тарафдорӣ аз ҷонибе ҳамроҳ нашавад, чун оқибатҳои фалокатбор барои сиёсати хориҷии кишварамон дошта метавонад.
Дуюм, эҳё шудани суннат ва асли ҷанги сард. Як нигоҳ ба расонаҳои ҷаҳонӣ собит мекунад, ки ҷанги сард дар авҷ аст ва имрӯз кушиши зиёде барои радди маърака намудани Русия ҷараён дорад. Ин амалкард соҳаҳои ғайрисиёсӣ ба монанди варзиш, фарҳанг ва илму маорифро (гарчанде варзиш, фарҳанг ва илму маориф мутассифона пурра “сиёсӣ” шудаанд) низ дарбар гирифта, оқибатҳои фалокатборе барои тамоми паҳнои Шуравии собиқ доранд. Роҳандозии маҳдудкунӣ ва маҷбуркунии нарм (аз қабили санксияҳои иқтисодӣ ва ғайра) таъсири дуҷониба дорад ва ҳатман ба иқтисоди кишварҳои ғарбӣ низ бенатиҷа намешавад. Дар ин росто, бисёр муҳим аст, ки Тоҷикистон тарафдоре аз яке аз ҷонибҳо шинохта нашавад, чун эҳтимоли таҳрим шудан зиёд аст. Ин албатта ба иқтисод ва сатҳи зиндагии мардуми кишварамон бетаъсир намемонад.
Сеюм, омили Чин дар давраи пасонизоъӣ. Дирӯз бо такя ба расонаҳои чинӣ иттилоъ дар бораи суханронии Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин бахшида ба 50-солагии “Коммюникеи Шанхай”, ки асос барои беҳтар шудани равобити Вашингтон ва Пекин буд, нашр гардид. Эҳтимол, Чин дар ростои бад шудани муносибати Вашингтон ва Маскав тасмим дорад, равобити худро бо ИМА тақвият бахшад. Ба андешаи чиншиноси қазоқистонӣ Руслан Изимов эҳтимол Чин формати идоракунии муштараки глобалиро бо ИМА (G2) васеъ баррасӣ кунад.
Имрӯз яқин аст, ки яке фоидагиранда (бенефисиар)-и вазъи ба амаломода дар ҷаҳон ва хосатан дар Осиёи Марказӣ Чин хоҳад буд. Аз ин рӯ, тавсеа ёфтани нуфузи Чин дар паҳнои Осиёи Марказӣ (Пекин аз фурсат истифода карда, дар минтақаи мо нуфузи худро густариш медиҳад) боиси боз ҳам фаъол шудани Туркия, Ҳинд, Покистон, Эрон ва дигар кишварҳои шоҳии Халифи Форс дар минтақаи мо хоҳад шуд, ки яқинан барои манфиатҳои Тоҷикистон таҳдиду хатарҳои муайянро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, нигоҳ доштани тавозун бо ҳамаи ин қудратҳои минтақавӣ аз масъалаҳои актуалии сиёсати хориҷии Душанбеи расмӣ хоҳад гашт.
Чорум, омили Толибон ва эҳтимоли оғози муқовимати ҳарбӣ бар зидди онҳо дар Афғонистон. Расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз оғози амалиёти зиддитолибонӣ дар Афғонистон хабар медиҳанд. Амалкарди Толибон бо кофтукоби хонаҳои сокинони Кобул – зодагони минтақаҳои шимоли ин кишвар - онро собит мекунад, ки ин таҳрики эктремистӣ аз чизе нигарон аст ва табъизи этникиро (асосан бар сари тоҷикон) васеъ таҷриба мекунад. Хабарҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, ки ҷанговарони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар чанд вилояти шимол ноҳияҳоро аз Толибон дар натиҷаи амалиёти ҳарбӣ бозпас гирифтанд (гарчанде тасдиқи ин иттилоъ аз тариқи расонаҳои Афғонистон имкон надорад).
Ин вазъ дар ростои таҳаввулоти буҳрон дар Украина барои кишвари мо масъалаҳои усулӣ меофарад. Чун Тоҷикистон ба ҳайси кишваре, ки ҳамсояи Афғонистон (бо назардошти эътироф накардани Толибон) аст, сиёсати пухтаю санҷидаро (истилоҳи профессор, устод Абдунабӣ Сатторзода) бояд роҳандозӣ кунад. Оғози муборизаҳо дар Афғонистон дар пайи рақобати кишварҳои даргир дар ин давлат ба амал меояд. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба ҳифзи субот ва таъмини амнияти миллӣ бисёр масъалаи муҳим мешавад.
Панҷум, ояндаи ҳамкориҳо дар паҳнои ИДМ дар давраи пасобуҳронӣ. Имрӯз маълум аст, ки формати муносибатҳо дар паҳнои пасошуравӣ баъди анҷоми низоъ дар Украина тағйир меёбад. Нисбат ба баъзе кишварҳо эҳтимол таҳримҳо эълон шаванд, ки ба Тоҷикистон низ таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, бисёр муҳим аст, ки мо дар бораи ояндаи равобити худ дар паҳнои пасошуравӣ бештар фикр кунем. Чун эҳтимои зиёд таҷзияи ин хурдаминтақа (субрегион)-и сиёсати ҷаҳонӣ ба амал меояд ва дар чунин шароит ҳифзу татбиқи манфиатҳои миллии Тоҷикистон масъалаи рақами як мегардад.
Тезисҳои дигар дар ҳошияи хатҳои сурх
Дирӯз аввалин музокироти ҷонибҳои даргир дар Беларус баргузор шуд. Аз рӯйи иттилое, ки дар расонаҳо пахш гардид, хулоса метавон кард, ки мавқеи ҷонибҳо муқобили ҳам ҳаст ва эҳтимоли омадан ба созиш дар чунин ҳолат хело мушкил аст. Имрӯз (2 март) бояд даври навбатии гуфтушунид сурат гирад, ки ба эҳтимоли зиёд барои боздоштани ҷанг мусоидат намекунад. Вале худи далели роҳандозӣ шудани гуфтушунид омили мусбат аст, зеро антагонизмро то ҳадде ҳам бошад, коҳиш медиҳад.
Дар ҳошияи нуктаҳои дар боло зикр шуда, таваҷҷуҳ ба тезисҳои зер низ муҳим аст. Зеро корбарони ватанӣ хеле “гарм” баҳсу баррасӣ доранд ва шояд дар бораи инҳо низ мулоҳиза мекунанд:
1. Даъватҳо дар мавриди ба поён додани сиёсати бисёрсамтӣ ва маълум намудани мавқеъ “ё бо Русия ё бар зидди Русия”. Чунин масъалагузорӣ дар асоси навиштаҳои баъзе коршиносони Русия сурат гирифта, ин мавқеъро онҳое ба миён мегузоранд, ки аслан мутахассиси равобити байналмилал нестанд ва ба шароит танҳо аз як зовия нигоҳ мекунанд. Албатта онҳо ҳаққи ҳалоли ибрози назарро доранд, вале аз диди инҷониб Тоҷикистон имкон надорад аз рӯйи асли “ё бо Русия ё бар зидди Русия” амал кунад. Зеро ҳарду тафсир хатару таҳдидҳои зиёдеро ба сиёсати хориҷии мо ба вуҷуд меорад. Дар ин марҳила мушкил ҳам бошад, аз пайи манфиатҳои миллии худ будан ва сиёсати бисёрсамтиро роҳандозӣ кардан аз хубтарин амалкард аст.
2. Хабарҳое дар расонаҳо нашр шуданд, ки давлатмардони Британия даъват доранд, бар зидди Қазоқистон таҳрим эълон шавад. Агар ин тасмим ниҳоӣ ва қабул гардад, нисбат ба Тоҷикистон ҳам беътасир буда наметавонад. Гузашта аз ин, чунин ибтикорро нисбат ба Қазоқистон ҳамчун “тарс додан”-и давлатҳои ҳампаймони Русия баҳогузорӣ намудан мумкин аст.
3. Нишасти маҷозии вазирони корҳои хориҷии ИМА ва Осиёи Марказӣ, ки бо номи С5+1 маълум аст, 28 феврали соли равон баргузор гардид. Тибқи хабари ВКХ-и Тоҷикистон “дар мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои шарикӣ дар қолаби мазкур баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ба мавзӯи амнияти минтақавӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд”. Блинкен, котиби департанмети давлатии ИМА дар Twitter-и худ навишт, ки бо ҳамкасбони худ ҳуҷуми Русия ба Украинаро баррасӣ карданд ва таъкид бар он шуд, ки ИМА равобити дуҷонибаи худро бо кишварҳо дар тӯли 30 сол муҳим медонад ва соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва якпорчагии ҳудудии онҳоро ҷонибдорӣ мекунад.
Дар ҳошияи ин нишаст аллакай пешбиниҳое аз ҷониби коршиносон пайдо шуданд, ки ИМА дар сиёсати минтақавии худ дар Осиёи Марказӣ тасмим дорад, бесуботиро ба вуҷуд орад. Яъне бархурд ба ин нишаст низ аз диди ҷанги сард сурат гирифтааст, ки дар марҳилаи муосир табиӣ мебошад.
Пешбинӣ намудан мумкин аст, ки дар оянда низ қудратҳои даргир дар Украина элитаҳои сиёсии Осиёи Марказиро аз эҳтимоли оғози буҳрони нав дар худи минтақа ва ё атрофи он тарс медиҳанд ва ин нукта роҳандозии сиёсати бетарафӣ ва бисёрсамтиро боз ҳам муҳим мегардонад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Хуснуллин в Душанбе предупредил, что нелегальной миграции в России больше не будет
Wildberries придет в Таджикистан? В Душанбе подписан меморандум о сотрудничестве
С какой целью в Душанбе сегодня прилетал вице-премьер России?
Где в Душанбе выучить таджикский язык?
BAIC BJ80: Мощь и комфорт в одном внедорожнике
В Душанбе обсудили совершенствование знаний о рисках бедствий в Таджикистане
Бортников назвал подрывы пейджеров «Хизбаллы» «прямой угрозой безопасности стран СНГ»
Афиша от «Азия-Плюс»: «Золотое сердце Востока», «Рудаки» и Startupstan Summit 2024
Разговоры о важном. Что нужно внедрять в образовательную программу школьников Таджикистана?
«У меня не было денег»: УМВД Душанбе опубликовало видео с подозреваемым в нападении на таксиста
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста