Вазорати корҳои дохилӣ аз ғорат шудани як сартарошхона дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ба гуфтаи ВКД ин кор рӯзи 10-уми март рух додааст.
Сайти ВКД навиштааст, ки аз ин сартарошхона, воқеъ дар ноҳияи Синои Душанбе 5 роҳаткурсӣ, як роҳаткурсии калон, як донаи камераи назоратӣ ва дигар лавзимоти сартароширо дуздидаанд.
Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, бо гумони даст доштан дар ин амал як марди 38-солаи сокинони пойтахт, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятӣ маҳкум шудааст ва марди 46-солаи дигари сокини Душанбе, ки аз ин қабл дар Русия бар асоси моддаи 158 Кодекси ҷиноятии ин кишвар маҳкум шуда будааст, дастгир шудаанд.
ВКД зарари расида ин дуздиро 20 ҳазор сомонӣ гуфтааст.
Ҳамчунин бино ба иттилои ВКД, Шуъбаи корҳои дохилӣ-1 ноҳияи Фирдавсӣ зани 28-солаи Душанберо боздошт кардааст, ки гӯё ӯ аз як зани сокини дигари пойтахт бо роҳи фиреб, барои фурӯш маҳсулоти атриёти занонаро бо арзиши 50 ҳазор сомонӣ гирифта, маҳсулотро фурӯхта, маблағашро барнагардонидааст.
ВКД ин зани боздоштшударо, ҳамчунин дар як ҳолати мушобеҳи дигар, муттаҳам медонад: "ҳамзамон номбурда бо роҳи фиреб ба боварии зани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ барои фурӯш матоъҳои занонаро ба маблағи 44 ҳазору 600 сомонӣ гирифта, матоъҳоро фурӯхта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст".
Дафтари матбуоти ВКД менависад, ки тафтишоти ҳар ду ҳолат оғоз шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
В Таджикистане объявлена дата начала регистрации для поступающих в колледжи и вузы
СМИ: в корпусе упавшего самолета AZAL нашли фрагмент ракеты комплекса «Панцирь-С»
ОБСЕ не будет наблюдать за парламентскими выборами в Таджикистане
Расходы бюджета Таджикистана на погашение госдолга резко выросли
В Таджикистане стихия в прошлом году унесла жизни 17 человек
В России предложили ввести пошлину на денежные переводы мигрантов
Зеленский заявил, что готов сесть за один стол переговоров с Путиным
Скончался духовный лидер исмаилитов мира Карим Ага Хан IV
«Территория под снос». Трамп заявил, что США готовы занять Газу и полностью ее изменить
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 5 февраля 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста