Дар нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Чин, ки меҳвари он ҳамоҳангсозии кӯмаки башардӯстона ба Афғонистон аст, ҳайати Тоҷикистон, зери роҳбарии Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи кишвар ширкат мекунад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Манбаъ гуфт, ҳайати Тоҷикистон аллакай дар Чин ҳаст ва имрӯз, 31 март дар сеюмин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон (Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Русия) суханронӣ хоҳад кард.
- Ҳайати Тоҷикистон мавқеи кишварро дар ин нишаст изҳор мекунад. Мавқеи Тоҷикистон дар робита ба вазъи Афғонистон тағйир накардааст, - гуфт манбаъи мо.

Гуфта мешавад, ки дар нишасти имрӯза дар Пекин масъалаҳои ҳамоҳангсозии талошҳои минтақавӣ дар самти башардӯстона ва иҷтимоию иқтисодӣ, кумак ба Афғонистон, инчунин ҳамоҳангсозии равишҳо дар муқобила бо таҳдидҳои паҳншавии терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ки аз Афғонистон бар меоянд, баррасӣ хоҳанд шуд.
Шабакаи телевизионии байналмилалии Афғонистон хабар медиҳад, ки ба ин нишаст вазири умури хориҷии ҳукумати “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) Амирхон Муттақӣ низ даъват шудааст. Вале маълум нест, ки Амирхон Муттақӣ ширкат мекнуанд ё не.
Дирӯз BBC хабар дода буд, ки Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия ҳам вориди Чин шудааст.
Ҷониби Чин гуфт, ҳадаф аз ин нишаст “ба даст овардани як тавофуқи бештар дар мавриди Афғонистон” хоҳад буд.
Ба гуфтаи намояндаи расмии вазорати хориҷаи Чин Ван Вэнбин дар ин нишаст ҳамчунин роҳҳои расидан ба субот дар Афғонистон ва ҳимоят аз мардуми ин кишвар баррасӣ мешавад.
Ҷаласаи имрӯза дар Чин ба дунболи сафари ногаҳонии вазири умури хориҷии Чин Ван И, ба Кобул сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2021 Покистон минзбони нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии ҳамсояҳои Афғонистон буд. Мулоқоти дуввум бо иловаи Русия моҳи октябри соли гузашта дар Теҳрон баргузор шуда буд, ки дар кори он Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ширкат намуд. Ӯ гуфта буд, ки Тоҷикистон ҳукумати ба таври зӯрӣ ва бидуни ризоияти мардум ба қудрат омадаро дар Афғонистон ба расмият намешиносад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки барои ҳалли мушкилоти Афғонистон талош кунанд.
Тоҷикистон аз миёни кишварҳои ҳамсояи Афғонистон танҳо кишварест, ҳеҷ гуна тамосе то кунун бо “Толибон” надоштааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Война переходит в эндшпиль: какой сценарий ждет Украину?
От погребальных танцев до траура лошади: как прощаются с умершими в Таджикистане
Вне игры: Как Илон Маск исчез с политической арены США
Из-за чего вашего ребенка могут забрать из семьи в специальное учреждение?
Посол Франции в Таджикистане: «Мы – Мировой океан»
Некоторых детей мигрантов в России освободили от экзамена по русскому языку
Трамп пригрозил Apple 25% пошлиной, если iPhone не будут делать в США
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Налоговый шок, трагедия в детсаду и интернет для гор
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 24 мая 2025 года
Иностранцам в Кыргызстане дали срок - легализоваться до 10 июня
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста