Таърифаҳо (тарифҳо)-и истифодаи неруи барқ барои аҳолии Тоҷикистон аз 1 октябри соли ҷорӣ ба андозаи 16,9% - аз 22,66 дирам барои 1 киловатт-соат то 26,51 дирам (2,6 сент) боло мераванд.

Дар замима ба қарори ҳукумат, ки 31 августи соли равон қабул шуд, дар ин бора маълумот дода мешавад.

Арзиши барқ барои 8 категорияи истеъмолгарон, ба ҷуз Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) боло меравад. Ин ширкат мисли мисли пешин барои 1 киловатт-соат аз 1 май то 30 сентябр 7,20 дирам ва аз 1 октябр то 30 апрел - 11,80 дирам маблағ пардохт мекунад.

Арзиши барқ барои дигар корхонаи саноатии истеъмолгар аз 55,14 дирам то ба 60,65 дирам зиёд мешавад.

Таърифаҳо барои истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ ба монанди аҳолӣ аз 22,66 дирам то 26,51 дирам боло меравад.

Арзиши барқ барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ аз 1 апрел то 30 сентябр 9,2 дирам (пештар амалкунанда - 7,87 дирам) ва аз 1 октябр то 31 март - 26,51 дирам (пештар - 22,66 дирам)-ро ташкил хоҳад дод.

Нархи барқ барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ аз 7,87 дирам то 9,2 дирам, барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) - аз 10,76 дирам то 12,6 дирам зиёд карда мешавад.

“Комбинати металлургии Тоҷикистон” аз 1 май то 30 сентябр барои 1 киловатт-соат 10,64 дирам (пешина - 9,68 дирам) ва аз 1 октябр то 30 апрел - 60,65 дирам (пешина - 55,14 дирам) пардохт мекунад.

Нархи барқ барои муассисаҳои соҳаи маориф, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ намешаванд, аз 1 октябр аз 40,37 дирами ҳозира то 45,51 дирам боло бурда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.