Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дуюмин мақомоте ҳаст, ки аз муҳоҷирони тоҷик даъват кард то ба ҷанг нараванд. Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Русия бо ин мазмун изҳорот дода буд.
Дар изҳороти вазорати меҳнат, ки имрӯз, 23 сентябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки фармони президенти Русия «Дар бораи эълони қисман сафарбаркунӣ дар Федератсияи Россия» танҳо барои шаҳрвандони Русия амал мекунад ва ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегардад.
Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки кирдори мазкур тибқи моддаи 401 –и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 12 то 20- солро пешбинӣ менамояд.
Вазорат, моддаи мазкурро аз Кодекси ҷиноятӣ иқтибос оварда гуфтааст, барои гирифтани маълумоти бештар шаҳрвандони кишвари мо метавонанд ба намояндагии ин вазорат дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Краснодар, Уфа ва Екатеринбурги Русия муроҷиат кунанд.
Ин ниҳод, телефонҳои намояндагии Тоҷикистонро дар шаҳру навоҳии Русия овардааст, то муҳоҷирон барои дарёфти иттилои бештар ё мушкилот муроҷиат намоянд:
Ҳавзаи федералии марказӣ (Москва)
+7(495)967-98-44
+7(967)271-02-02
+7(965)724-90-21
+7(910)443-63-35
Ҳавзаи федералии ҷануб (Краснодар)
+7(901)344-77-77
Ҳавзаи федералии шимолу ғарбӣ (Санкт-Петербург)
+7(964)373-75-01
Ҳавзаи федералии Приволжий (Уфа)
+7(966)031-22-22
Ҳавзаи федералии Урал (Екатеринбург)
+7(982)739-89-98
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, Владимир Путин дар Русия қисман сафарбаркунии ҳайати захираҳои ҳарбиро эълон кард, ки тибқи он 300 ҳазор нафар ба сафи артиши ин кишвар ҷалб мегардад.
Дар баробари ин, Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро қабул кард, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд бо адои хидмат дар сафи артишиин кишвар, дар як сол, бо тартиби соддакардашуда, шаҳрвандии Русияро соҳиб шаванд.
Дар робита ба ин, бино ба навиштаи сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Маскав, дар Маркази муҳоҷирати Сахарово барои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба хизмат дар сафи артиши Русия зерсохтори мукаммали мусоидати Вазорати мудофиа роҳандозӣ шуд.
Какими заболеваниями мы будем болеть в 2025 году?
В Кыргызстане принят закон о реабилитации жертв политических репрессий
На трассе в Казахстане столкнулись около 100 автомобилей
Президента Южной Кореи не смогли арестовать из-за сопротивления службы безопасности
В Таджикистане провели первую эндоваскулярную операцию на головном мозге
В Таджикистане с 1 января подорожала аренда недвижимости
В России вступают в силу ограничения на получение РВП и ВНЖ по браку
В Афганистане мужчинам запретили брить бороды и стричься в «западном стиле»
Цены на золотые слитки Нацбанка Таджикистана в 2024 году взлетели почти на 26%
В Шугнане сошла лавина. КЧС предупреждает: до 5 января в Таджикистане лавиноопасно
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста