Дирӯз, 5-уми октябр, сабти онлайнии лотореяи Грин-корт оғоз гардид ва дар соли равон тағйироти комил дар ин “чархи иқбол” ворид шуд. “Азия-Плюс” мувофиқи дастурҳои расмӣ ба саволҳои маъмултарин дар бораи пур кардани саволномаи Green Card ҷавобҳои мушаххас ҷамъ овард. Маслиҳати мо дар пур кардани ариза ба шумо кӯмак хоҳанд кард.
Дар лотереяи DV-2023 кадом навовариҳо мавҷуданд?
Соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо шиносномаи миллӣ худро дар лотереяи Грин-корт сабти ном кунанд. Қаблан, барои супоридани Грин-корт доштани шиносномаи хориҷӣ ҳатмӣ буд.
“Вале шахсоне, ки шиносномаи хориҷӣ доранд, беҳтараш бо он худро ба қайд гиранд. Зеро давоми корҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар ҳолати бурди Грин-корт бо шиносномаи хориҷӣ сурат мегирад”, - тавсия медиҳанд аз Сафорати Амрико дар Тоҷикистон.
Ҳамчунин, минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолати бурди Грин-корт метавонанд раводиди Амрикоро аз сафорати ин кишвар дар Душанбе дастрас намоянд. То имрӯз барои дастрас намудани раводид, шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур буд, ки ба Қазоқистон сафар кунанд ва аз сафорати ИМА дар ин кишвар раводид бигиранд.
Имсол ҳам, тибқи қоидаҳои пешин, ҳангоми пур кардани ариза барои иштирок дар лотереяи Green Card, шумо бояд рақами шиносномаи дохилӣ ё хориҷӣ ва мӯҳлати амали онро нишон диҳед. Вале ин талабот ба аъзои оилаи узви асосӣ татбиқ намегардад.
Дар куҷо метавонам саволномаро пур кунам?
Ҳар як иштирокчӣ метавонад мустақилона саволномаро бо забони англисӣ дар ин суроға пур кунад.
Мо тавсия медиҳем, версияи навтарини браузерҳоро истифода баред, зеро браузерҳои кӯҳна (масалан, Internet Explorer 8) метавонанд системаи онлайнии DV-ро дуруст боз накунанд.
Пур кардани саволнома чӣ қадар вақт мегирад?
Барои ҳамаи пурсишҳо 30 дақиқа вақт дода мешавад. Пас аз он ки шумо ҳамаи пурсишҳоро пур кардед, боз як имконияти баргаштан ва ислоҳи хатоҳо пайдо мешавад. Шумо бояд анкетаро бо ҳарфҳои лотинӣ пур кунед.
Оё ман метавонам анкетаро ду маротиба пур кунам?
Не. Як шахс метавонад дар як сол танҳо як маротиба дар лотерея иштирок кунад. Пешниҳодҳои такрорӣ рад карда мешаванд ва шумо аз ҳаққи иштирок дар лотерея маҳрум хоҳед шуд.
Аммо агар системаи DV аризаи маро қабул накунад, оё ман метавонам онро дубора пешниҳод кунам?
Бале. Агар шумо паёме нагирифтаед, ки дархости шумо аз ҷониби система қабул шудааст, шумо метавонед варақаро дубора пур кунед.
Агар шумо варақаро комил пур карда фиристодаед, вале паёми тасдиқи онро дарёфт накардаед, метавонед, ҳар чанд бор, ки хоҳед, дархост диҳед. Пас аз гирифтани паёми тасдиқӣ, ариза пешниҳодшуда ҳисобида мешавад ва ба шумо лозим нест, ки бори дигар онро пешниҳод кунед.
Агар мустақилона пур кардани пурсишнома бароям душвор бошад, ба куҷо метавонам муроҷиат кунам?
Маъмулан, хидматрасонии пур кардани Green Card аз ҷониби марказҳои омӯзишӣ, марказҳои раводид, инчунин, марказҳои хусусӣ ва шахсони алоҳида дар марказҳои савдо, офисҳо ва ҷойҳои серодам дар ҳама шаҳру минтақаҳои Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Дар ин марказҳо пур кардани саволнома аз 50 то 100 сомонӣ барои як нафар ва барои оила аз 80 то 150 сомонӣ арзиш доранд.
Оё онҳо фиреб намедиҳанд?
Департаменти давлатии ИМА тавсия медиҳад, ки варақаҳои аризаро мустақилона, бидуни кӯмаки "мушовирон", "намояндагии раводид" ё дигар шахсоне, ки аз номи довталаб дархост пешниҳод мекунанд, пур кунед.
Агар бо ин вуҷуд тасмим гирифтаед, ки аз кӯмаки касе истифода кунед, пас ҳангоми омода кардани пурсишнома, шумо бояд шахсан ҳозир бошед, то ба саволҳо ҷавоби дуруст диҳед, саҳифаи тасдиқкуниро чоп кунед ва шахсан шумораи тасдиқии (код) худро гиред.
Барои пур кардани ариза ба ман кадом маълумоти шахсӣ лозим мешаванд?
Дар саволнома оид ба маълумоти шахсӣ бояд 14 нукта пур карда шавад: ном, ҷинсият, санаи таваллуд, ҷои таваллуд, кишвари таваллуд, шаҳрвандӣ барои иштирок дар барномаи DV.
Акси довталаб, суроғаи почта, кишвари истиқомат, рақами телефон, суроға, сатҳи таҳсилот, вазъи оилавӣ ва маълумот дар бораи кӯдакон низ талаб карда мешавад.
Номи зодгоҳам иваз шудааст. Чӣ гуна мешавад?
Агар дар шиносномаи шумо номи пешинаи шаҳре, ки шумо таваллуд шудаед, дарҷ гардида бошад, аммо ҳоло номи шаҳр иваз шудааст, ҷойи нигаронӣ нест. Аввал номи кӯҳна ва баъд номи навро бо дефис ҷудо карда нависед. Масалан: Қӯрғонтеппа - Бохтар.
Оё ворид кардани аксҳои ҳамаи аъзоёни оила ҳатмист?
Бале, бояд аксҳои дар 6 моҳи охир гирифташудаи довталаб, ҳамсар ва ҳамаи фарзандони дар ариза нишондодашуда ворид карда шаванд.
Аксҳои гурӯҳӣ қабул карда намешаванд. Барои ҳар як аъзои оила сурати алоҳида лозим аст.
Талабот ба аксҳо чӣ гуна аст?
Аксҳое, ки ба онҳо тағйирот ворид шуда бошанд, инчунин, агар суратҳо ба талабот ҷавобгӯ набошанд, аз ҳаққи иштирок маҳрум мешаванд. Пешниҳоди аксҳое, ки дар бозии қаблии грин-корт истифода шуда буданд, боиси рад шудани дархости шумо мегардад.
Талаботи барои аксҳо:
-Шахсе, ки аксбардорӣ мешавад, бояд мустақиман ба камера нигарад;
-Сари одам набояд ба боло, ба поён ё ба паҳлӯ гардонида бошад;
-Баландии сар бояд аз 50% то 69% аз баландии умумии чаҳорчӯба бошад;
-Заминаҳои (фон) нейтралии ранга (масалан, сафед). Заминаҳои торик ё намунавӣ қобили қабул нестанд;
- Шахси дар акс буда набояд айнак пӯшад ва лавозимоти дигаре дошта бошад, ки рӯяшро пӯшонад;
-Акси шахсоне, ки сарҳояшонро пӯшонидаанд ё кулоҳҳо мепӯшанд, танҳо дар сурате қабул карда мешавад, ки ин ба эътиқоди динии онҳо вобаста бошад, ба шарте ки ягон қисми рӯйашон пинҳон набошад;
-Акс набояд соя дошта бошад.
Истифодаи аксҳое, ки аз шаҳодатномаи ронандагӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ скан карда шудаанд, манъ аст. Илова бар ин, аксҳо аз маҷаллаҳо, аксҳои селфи, ба камераи телефони мобилӣ гирифта шуда ва аксҳои ба тамоми қад қабул карда намешаванд.
Талаботи техникӣ барои акс чигуна аст?
- Тасвир бояд дар формати JPEG бошад;
- Андозаи максималии тасвир 240 килобайт (240 KB);
- Қарори тасвир: дарозии 600 пиксел, паҳнои 600 пиксел (600x600px);
- Умқи ранг: 24 бит.
Намунаҳои аксҳоро дар саҳифаи Талабот ба аксҳо санҷед. Шумо инчунин метавонед аксро дар саҳифаи асосии бақайдгирии онлайн тафтиш кунед.
Беҳтарин суроғаи почтаи электронӣ кадом аст?
Ҳамон суроғаи почтаи электронӣ бояд пешниҳод карда шавад, ки довталаб ҳамеша ба он дастрасии мустақим дошта бошад. Аммо Департаменти давлатӣ ҳеҷ гоҳ ба лотереяи DV тавассути почтаи электронӣ хабар намедиҳад. Агар шумо чунин мактуб гирифта бошед, ин эҳтимолан қаллобҳоеанд, ки мехоҳанд, бо роҳи фиреб аз шумо пул ситонанд.
Агар шумо дар лотерея ғолиб оед, он гоҳ ба суроғаи почтаи электронӣ ниёз доред. Натиҷаҳоро танҳо дар ин силк тафтиш кардан мумкин аст.
Агар шумо бурд кардед, дар ин бахш бояд варақаи махсусро пур кунед. Ва танҳо пас аз он Департаменти давлатӣ ба шумо тавассути почта дар бораи пайдо шудани баъзе маълумоти нав хабар медиҳад. Аз ҷумла, рӯзи мусоҳиба барои гирифтани раводидро.
Ман аз куҷо медонам, ки оё аризаи ман қабул шудааст?
Огоҳиномаи қабули аризаи электронӣ дар системаи DV фавран пас аз фиристодани дархост дар экрани компютери шумо пайдо мешавад.
Дар он рақами тасдиқкунанда дарҷ шудааст, ки шумо онро бояд ҳатман нигоҳ доред. Агар ягон огоҳинома дар бораи гирифтани дархости фиристодаатон пайдо нашавад, шумо метавонед, то вақти гирифтани огоҳинома тугмаи "Ирсол" -ро клик кунед. Рақами тасдиқро нигоҳ доред, то натиҷаро тафтиш намоед.
Оё ҳамсар метавонад, ки аризаи алоҳида пешниҳод кунад?
Бале, зану шавҳар метавонанд, барои иштирок дар лотерея аризаи алоҳида пешниҳод кунанд, ба шарте, ки ҳар як нафар ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ бошанд.
Агар аризаи яке аз онҳо бурд кунад, нафари дигарӣ ҳамчун узви оила ҳуқуқи гирифтани раводидро пайдо мекунад.
Дар кадом синну сол метавон дар лотерея иштирок кард?
Аз тифли навзод саркарда, ҳама метавонанд иштирок кунанд, аммо то 18 -сола танҳо дар саволномаи волидайн метавонанд, ширкат кунанд. Танҳо баъди 18-солагӣ шумо метавонед мустақилона дар лотерея иштирок кунед.
Кай ва дар куҷо натиҷаи лотереяро тафтиш кардан мумкин?
Натиҷаро моҳи майи соли оянда дар ин равзана метавонед тафтиш кунед.
В Таджикистане возобновился процесс над известными политическими деятелями
Высокие и неудобные. Столицы стран Центральной Азии растут вверх, но становятся некомфортными для людей
Эмомали Рахмон вновь избран председателем Народной демократической партии Таджикистана
В Шахристане четверо детей отравились угарным газом. Двое из них погибли
«Лучший супруг» и «Лучшая ремесленная семья» Таджикистана: кто они и как победили?
Зараженные птицы и комары. Чем известен убитый в Москве генерал Кириллов
Безотцовщина при живом отце. Как трудовая миграция влияет на детей мигрантов?
Центральная Азия: за 10 лет 218 тысяч человек получили гражданство благодаря инициативам ООН
ЧП в узбекском зоопарке: три сбежавших из клетки льва растерзали мужчину, съев по частям
Новый постпред АБР подтвердил готовность поддержать энергетические проекты в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста