Дар Тоҷикистон занҳое, ки ба дучархаронӣ машғуланд, ангуштшумор ҳастанд. Бо далели мавҷудияти стереотипҳо дар ҷомеа ва набудани инфрасохтор дар кишвар занҳо тақрибан ба ин шуғл таваҷҷуҳ надоранд. Вале бо вуҷуди ин, ҳастанд зану духтароне, ки дучархасаворӣ мекунанд ва мехоҳанд ин соҳа рушд кунад. Коршиносон мегӯянд, барои рушди соҳа маблағ лозим аст, ки ҳоло он нест.
Дучархасавории занон ва ҷомеаи суннатии Тоҷикистон
Ситора Нуриддиноваи 40-сола, яке аз занони хонашин дар Душанбе аст, ки дар замони кӯдакӣ ба дучархасаворӣ шавқ дошт ва маҳз дучарха ӯро аз ҳолати стресс берун карду ба зиндагии муқаррарӣ баргардонд.
Номбурда, ки аз рӯи ихтисос муаллим аст, мегӯяд, аз соли 2014 инҷониб ба дучархасаворӣ машғул аст ва он пеш аз ҳама ба саломатӣ, сарфаи буҷаи оилавӣ ва беҳ шудани вазъи экологӣ дар кишвар манфиатнок аст.
Аслан, дучархасаворӣ дар кишвари муҳофизакоре мисли Тоҷикистон барои як зан боварнокарданӣ менамояд, чун ин корро хоси занҳо намеҳисобанд.

Ситора Нуриддинова мегӯяд, бартарии ӯ ин буд, ки дар хонаводаи зиёӣ ба воя расид.
“Ман дар оилае ба камол расидаам, ки дар он писарону духтарон як хел тарбия мегирифтанд”,- афзуд Ситора.
Баъди он, ки ба хонаи шавҳар омаду ба дучархасаворӣ оғоз кард, шавҳар ва наздиконаш ба ин тасмими Ситора зид буданд, аммо ӯ, мубориза бурд ва наздиконаш дигар бо “чашми бад” нигоҳ намекарданд.
Бархӯрди манфии ҷомеа ба занони дучархасавор
Бо вуҷуди ин, Ситора аз бадзабонии ҷомеа эмин намонд ва зимни дучархасаворӣ пайваста дучори суханҳои носазои мардон, махсусан ронандагон мешавад.
- Ронандагон бештари вақт “сигнал” медиҳанд ва ҳатто бо алфози қабеҳ талаб мекунанд, ки мо аз роҳ бароем.
Ӯ аз ҳодисае ёдовар шуд, ки яке аз ронандаи ба истилоҳ таксиҳои “3-сомона” дар Душанбе гапҳои қабеҳ гуфт ва роҳгузарону ронандагони дигар ба ҷои сарзаниши ронанда, ба ҳоли Ситора хандиданд.
- Пеш аз ин ҳодиса, рӯзе ронандае бо мошин маро ба “семент”-и тарафи роҳ пахш кард, қариб бо дучарха даруни ҷӯйбор меафтодам. Дар батнам кӯдаки 6-моҳа доштам. Шукр, ки бо дастонам шикамамро эҳтиёт кардам то кӯдак осеб набинад. Хона рафта сахт гиристам. Қариб ду се моҳ ба дучарха нанишастам. Вале вақте дидам, ки барои нақлиёт зиёд сарф мекунам, ба ҷои лозима сари вақт расида наметавонам, дубора ба дучарха нишастам,- гуфт Нуриддинова.
Ба фарқ аз Ситора, Юлия Жукова дучархасаворӣ нисбатан касбӣ аст. Ӯ дар бархе аз мусобиқаҳои дучархасаворӣ, ки дар кишвар баргузор гардид, ширкат намуда, мувафақиятҳое ҳам дорад.
Юлия гуфт, аз соли 2009 инҷониб дучархасаворӣ мекунад, зеро ин барояш қулай аст: интизори нақлиёти ҷамъиятӣ намешавад ва зуд ба дилхоҳ нуқтаи шаҳр ройгон мерасад.
Мушкилоти дучархасаворон: Набудани инфрасохтор ва гаронии дучарха
Ҳарду қаҳрамони мо аз монеаҳое сӯҳбат мекунанд, ки на танҳо намегузорад онҳо ба дучархасаворӣ машғул шаванд, балки боиси рушд наёфтани ин соҳа мегардад.
Юлия Жукова мегӯяд, маҳз набудани инфрасохтор, муносибати бади сокинон, махсусан ронандагон, гарон будани нархи дучарха ва стреотипҳое мисли “дучархасаворӣ кори занон нест” ба рушди соҳаи дучархаронии занон монеъ мешавад.
Ӯ барои рушди дучархаронии занон дар шаҳрҳо ташкили нуқтаҳои иҷорадиҳии дучархаҳо ва инструкторҳо, ки аҳолиро дучархасаворӣ меомӯзанд, мувофиқ медонад.

Дар ҳамин ҳол, Ситора Нуриддинова дар баробари набудани инфрасохтор, аз набудани усто ва нуқтаҳои таъмири дучарха, таввақуфгоҳ барои дучархаҳо, варзишгоҳҳои махсус барои дучархасаворон, камбудӣ муррабиҳо ва маърифтаи пасти дучархасаворӣ дар байни аҳолӣ нигаронӣ кард.
Ба таъкиди ӯ, болои ҳамаи ин мушкилот, масъалаи набудани роҳи махсус барои дучархасаворон омили аслӣ ва мушкилоти №1 боқӣ мемонад. Ин чиз дучархасаворонро миёни ду роҳ: мошингард ва пиёдагард гузоштааст ва онҳо намедонанд, ки бо кадом роҳ ҳаракат кунанд.
- Дар хиёбонҳои калон, махсусан марказӣ, барои дучархаронҳо хатсайри махсус сохта, чароғакҳо ва таблоҳо бо ишораҳои махсус насб карда шавад. Барои сохтмони инфрасохтор сармояҳои хориҷиро ҷалб кардан лозим аст. Рушди дучархасаворӣ барои вазъи экологии шаҳр баманфиат аст,- арз намуд Нуриддинова.
Вазъи экологӣ ва дарси дучархаронӣ дар мактабҳо
Воқеан, экологҳо чанд сол аст бонг мезананд, ки яке аз омилҳои барои муҳити атроф аз ҳама зараровар нақлиёти автомобилӣ аст: газҳои мошинҳо то нисфи саҳми умумии фаъолияти инсонро ба вайроншавии иқлим мегузоранд.
Чанде пештар Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар сокинони кишварро ба дучархасаворӣ даъват карда буд.
Ӯ аз муассисаи худ мисол овард, ки истгоҳи дучархаҳоро дар даромадгоҳи бино насб намуда, дучархаро ба ҷойи автомобил интихоб намудааст. Шерализода бар он ақида аст, ки кори пешгирӣ аз тағйири иқлим ва ифлосшавии муҳити атрофро аз худ бояд сар кард.
“Ҳар яки мо бояд камтар мошинсаворӣ кунем, зеро мошинҳо яке аз сарчашмаҳои асосии олудашавии хаво ва муҳити атроф мебошанд”,- иброз дошт сардори Кумита.
Ситора Нуриддинова, пешниҳод мекунад, ки мактаббачаҳо низ тавассути дучарха ба дарс оянд ва дар мактаб оиди манфиати дучархаву қоидаҳои дучархасаворӣ маълумот диҳанд.
Дар Федератсияи дучархасавории Тоҷикистон бар ин назаранд, ки агар ҳукумати шаҳр барои бунёди пайроҳаҳои дучархасаворӣ дар пойтахт 1 дарсад маблағ масраф кунад, на танҳо мушкили роҳбандӣ ҳал мешавад, балки хароҷоти буҷа барои соҳаи тандурустӣ низ коҳиш меёбад. Таҷриба нишон дод, ки дар мамлакатҳое, ки сокинонашон бештар аз дучарха истифода мебаранд, аҳолӣ камтар бемор мешавад.
"Аз 100 нафар танҳо 8% занони дучархасаворанд"
Як назарсанҷӣ, ки соли гузашта ташкилоти ҷамъиятии "Насли ҷавони Тоҷикистон" анҷом додааст, ки яке аз ҳадафҳояш рушди дучархасаворӣ дар кишвар аст, маълум кардааст, ки аз 100 нафар дучархасавор танҳо 8 нафарашон занон мебошанд.
Дар як назарсанҷӣ, ки Ташкилоти ҷамъиятии “Насли ҷавони Тоҷикистон” миёни дучархасаворон анҷом дод, маълум шуд, ки барои занон мушкили дучархасаворӣ дар роҳ қатъ намешавад, баровардани дучарха ба ошёнаҳои болоии хона ва набудани ҷой дар дохили ошёнаҳо низ аз мушкилиҳои асосии онҳо ба ҳисоб меравад.
Яке аз занони пурсидашуда қайд кардааст, ки, аз сабаби он ки нақлиёти ҷамъиятӣ ҳамеша пур аз одам буда, қариб ҷои нафаскашӣ нест, онҳо барои роҳат ва ҳаракат дар ҳавои тоза аз дучарха истифода мебаранд.
Ҳамчунин, аксари пурсидашудагон гуфтаанд, ки онҳо дучархаро барои кам кардани вазни хеш низ истифода мебаранд.
Онҳо афзуданд, ки ташкили таваққуфгоҳи дучарха дар назди марказҳои бузурги тиҷоративу хизматрасонӣ ва тарабхонаҳо вазъи дучархасаворонро беҳтар хоҳад кард.
"Набудани курсҳои дучархасаворӣ занонро аз дучархаронӣ бозмедорад. На ҳама дучархаронӣ карда метавонанд. Барои дучархасаворӣ пеш аз ҳама онро омӯхтан лозим аст", - шикоят кардааст яке аз пурсидашудагон.
Қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи беҳбуди вазъи дучархаронӣ аз ҷониби ташкилоти «Насли ҷавони Тоҷикистон» дар Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе маҳфили «Чархи амонӣ» таъсис дода шуд. Дар маҳфил тарзи дурусти дучархаронӣ, бехатарии харакат дар роҳ ва омӯзиши амалии технологияи он таълим дода мешавад. Дар ҳоли ҳозир 86 нафар наврас ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки 60 нафари ноҳоро духтарон ва 20 нафарро писарон ташкил медиҳад. Омор нишон медиҳад, ки духтарон ба дучархасаворӣ хеле шавқ доранд, танҳо ба онҳо имкону шароит фароҳам овардан зарур аст, ки ба ин самт машғул шаванд.
Вазъ дар деҳот хуб, вале роҳ вайрону дучарха нест
Ба фарқ аз шаҳрҳои калон, дар деҳоти кишвар аҳолӣ, махсусан занон дучархаро ба ҷои нақлиёт барои корҳои хоҷагӣ истифода мебаранд. Вале онҳо дар баробари мушкилиҳое, ки дар дучархаронҳои шаҳр мавҷуд аст, мушкилоти дигар низ доранд – роҳҳо вайрон ва хокӣ, ки дучархаҳо зуд-зуд вайрон мешаванд.
Бо вуҷуди ин, дар бархе аз навоҳии кишвар занон дар баробари мардон ба дучархасаворӣ машғуланд ва корҳои хоҷагии худро бо дучарха анҷом медиҳанд. Ноҳияи Дӯстӣ (Ҷиликӯли собиқ) яке аз чунин навоҳии кишвар аст, ки дар баробари мардон занон низ дар корҳои ҳаррӯза аз дучарха истифода мекунанд.
Ҷалолиддин Муфараков, директори яке аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ноҳияи Дӯстӣ аст, ки дар доираи як лоиҳа занони ин ноҳияро ба дучархасаворӣ ҷалб кардааст.
“Шумо тасаввур кунед, ки занҳо дар тан куртаву эзор ва дар сар рӯймол дар ин минтақаҳо бо дучарха озод ҳаракат мекунанд. Ба фарқ аз шаҳр касе ба онҳо кордор нест. Агар роҳҳо обод бошанд, тариқи дучарха метавон тезтар аз як нуқта ба нуқтаи дигар расид. Ин ба саломатӣ фоида дорад ва ба экология ҳам манфиатнок аст,- гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, дар муқоиса бо аҳолии шаҳр, сокинон деҳот ба дучархасавории занон муносибати таҳаммулгароёна доранд.
“Шояд сабаб дар он бошад, ки дар деҳа ҳама якдигарро мешиносанд ва ба якдигар ошнояд. Вале ба ҳар сурат занон бо истифода аз дучарха роҳат корҳои хоҷагии худро ба анҷом мерасонанд”, - гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, мушкили аслии ин занон нархи гарони дучарха, роҳҳои вайрону хокӣ ва набудани устову таҷҳизоти эҳтиётӣ барои дучархаҳо мебошад.
Ҷалолиддин мегӯяд, бештари аҳолӣ, махсусан занон дучархаҳоеро истифода мекунанд, ки аз наздиконашон мерос мондааст, бештари онҳо фарсудаву хатарноканд ва як дучархаро ҳамаи узви оила меронанд.
Мушкилоти асосӣ маблағгузорӣ аст
Дар ҳамин ҳол, коршиносони соҳа мушкили аслии рушд накарадани дучархасаворӣ, махсусан байни занон ҷудо нагардидани маблағ ва ҷалби хеле ками сармоягузорӣ ба ин соҳа медонанд. Онҳо мегӯянд, агар маблағгузорӣ шавад, ҳамаи он мушкилоте, ки занон зимни дучархасаворӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ҳалли худро меёбад. Созмонҳои байналмилалие ҳастанд, ки ба рушди велосипедронӣ, рушди устувори шаҳр ва навъҳои алтернативии нақлиёт, инчунин экология ва тағирёбии иқлим бетараф нестанд, ба мисли Барномаи грантҳои хурди БРСММ GEF дар Тоҷикистон ва ғайра.
“Агар ба ин соҳа маблағгузорӣ мебуд, имрӯз ягон монеа набуд. Вале аз сабаби он ки маблағгузорӣ ба соҳа нест, машғул шудан ба варзиши дучархаронӣ амалан ғайриимкон аст: дучарха ва қисмҳои эҳтиётии он қиммат аст. Агар масъулин сари ин масъала андеша карда, ба ин соҳа кӯмак кунанд, омодаам ҳамчун волонтёр ба онҳое, ки дучархасаворӣ мекунанд, кӯмак намоям”, - гуфт Муҳаббат Давлатова, устоди варзиш ва яке аз варзишгарони дучархарон миёни занон.

Ӯ афзуд, солҳои 70-ум, замоне ки ӯ ба ин соҳа омад, давраи шукуфоии дучархаронҳо дар Тоҷикистон буд, вале имрӯз вазъ нигаронкунанда аст.
“Дар шимоли Тоҷикистон —Ленинобод (Хуҷанди имрӯза) роҳ барои дучархаронҳо мавҷуд буд, ки ҳатто командаи яккачини СССР дар он машқ мекард ва соли 1979 чемпионати ҷаҳон дар давидан ба масофаи 4 километр дар ин ҷо барпо гардид”, - ёдоварӣ кард Давлатова.
Воқеан, ин роҳи дучархаронӣ ҳоло ҳам вуҷуд дорад ва он ягона дар Тоҷикистон боқӣ мондааст. Ҳоло ӯ ба мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии вилояти Суғд вогузор шудааст. Вале он кайҳо боз ба бозсозӣ эҳтиёҷ дорад.
“Дар ноҳияи Бӯстон мактаби варзишии кӯдакону наврасон оид ба велосипедронӣ мавҷуд аст, аммо вазъ дар он ҷо боз ҳам ғамгинтар аст. Дар Ҷиликӯл як сексияи хурди велосипедронӣ низ вуҷуд дорад, ки дар он асосан духтарон машқ мекунанд. Аммо аз хама душвориаш барои варзишгарони Душанбе аст: дар пойтахт дучархасаворон умуман бе бошишгоҳ монданд», - нигаронӣ кард, ин варзишгари тоҷик.
Пешниҳоди коршиносон барои рушди соҳа
Дар ҳамин ҳол, Дилшод Холматов, коршиноси соҳа ва яке аз таблиғгарони рушди соҳаи дучархасаворӣ дар байни занон нигаронӣ мекунад, ки дар Душанбе ҳатто 30 дарсади занон ба дучархаронӣ машғул нестанд.
Ӯ гуфт, пандемияи коронавирус низ ба коҳиши дучархарононии зан, махсусан хориҷиён таъсир расонид.
“Барои инкишофи дучархаронӣ дар кишвар, махсусан шаҳри Душанбе мушкилот (барьеры) ҷой дорад: набудани инфрасохтори дучархаронӣ, набудани эҳтиром ба дучархасаворон ҳамчун истифодабарандагони роҳ, “харасмент” аз ҷониби ҷомеа, махсусан ронандагон ва фаҳмиши нодурусти он ки духтарон набояд дучархасворӣ кунанд”, - нигаронӣ кард Холматов.

Ин варзишгари касбӣ мегӯяд, мусоидат ба баробарии гендерии бештар (байни мардон ва занон) дар бахши дучархасаворӣ калиди кушодани иқтидори пурраи дучархаронӣ ва дастрасии бештари дучарха барои аҳолӣ мебошад.
“Эҷоди платформаи тавонмандсозии занон аз тамоми манотиқи кишвар бо имкониятҳои шабакавӣ, мубодилаи афкор ва таҷрибаву ҳамкорӣ дар лоиҳаҳо ва ташаббусҳо, ба амалӣ намудани рушди дучархаронӣ дар кишвар мусоидат мекунанд”, - пешниҳод кард Дилшод Холматов.
Дар ҳамин ҳол, Муҳаббат Давлатова мегӯяд, вазъи дучархасаворон назар ба се соли пеш беҳтар шудааст ва навобаста ба монеаҳову мушкилиҳо шумораи занони дучархасавор дар Душанбе зиёд аст.
Вале ӯ қайд мекунад, агар масъулин ба ин соҳа маблағгузорӣ кунанд, ҳамаи монеаҳо пушти сар мешавад ва шумораи занони дучархасавор боз ҳам бештар мегардад.
“Вақте мо ҷавон будем, моро ҳукумат маблағгузорӣ мекард, мо ҳама чизро доштем: дучарха, сару либос, барои муррабиҳо “мототсикл”. Ин буд, ки ман дар 18 солагӣ устоди варзиш шудам, ки ин барои духтари тоҷик ифтихор буд. Имрӯз мехоҳам дар симои духтарони дигар ин мустақилиятро такрор кунам. Мо чунин духтаронро дорем, танҳо кӯмак ва роҳнамоӣ бояд кард”, - гуфт ин устоди варзиш.
Воқеан, яке аз занони дучархасавор, ки бо вуҷуди мушкилоти зиёди ин соҳа ба ин шуғл идома медиҳад, Ситора Нуриддинова аст. Қаҳрамони мо нақша дорад дар оянда ҳам ба дучархасаворӣ машғул шавад ва ба онҳое, ки мехоҳанд ин шуғлро омӯзанд, кӯмак намояд. Ӯ мегӯяд, дар оянда мехоҳад, ҳамроҳи кӯдаконаш тавассути дучарха ба сайру гашт ба минтақаҳои Тоҷикистон барояд.
«Шкаф» – «тумбочка» и «короче» – «просто». Как перевести распространенные русские слова на таджикский?
Новый глава Социалистической партии Таджикистана: «Мы хотим обрести власть через парламент»
В Пенджикенте возбудили дело против мужчины, напавшего с ножом на девочку
В Азербайджане закрыли информагентство Sputnik – представительство «России сегодня»
Как Саудовский принц Мухаммад бин Салман взялся помирить Россию и США
Австралия ввела крупнейший с начала войны пакет санкций в отношении России
Узбекистан и Афганистан достигли соглашения о строительстве железной дороги Хайратон – Герат
Время записаться на приём к врачу в медцентрах «Гемотест»
Может ли указ Трампа о приостановке помощи вызвать эпидемию СПИДа в Таджикистане?
На выборах в бундестаг Германии лидируют христианские демократы, выступающие против мигрантов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста