Роҳбарони кишварҳои ИДМ дар нишасти рӯзи 14-уми октябр дар Остона тасмим доранд, барномаи нави мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2023-2025-ро ба тасвиб расонанд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия хабар медиҳад.
Юрий Ушаков гуфтааст, ки дар пайи натоиҷи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ ҳамчунин, тасмим дар бораи дарёфти мақоми нозири Иттиҳод дар СААД тасмим гирифта мешавад.
“Илова бар ин, қарор аст, созишнома дар бораи ҳамкориҳои кишварҳои узви ИДМ дар мубориза бо коррупсия имзо шавад”, - гуфта мешавад дар хабар.
Ушаков гуфтааст, “имзои созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои машваратии раҳбарони ниҳодҳои интихоботии кишварҳои узви ИДМ дар назар аст”.
Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ёвари раисиҷумҳури Русия, тақрибан 17-18 санад барои имзо омода мешавад. Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки роҳбарон онҳоро тасдиқ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 12-уми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони ИДМ ба Остона сафар кард.
Ва имрӯз ӯ дар нишасти шашуми Шӯрои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки субҳи имрӯз дар пойтахти Қазоқистон ифтитоҳ ёфт, ширкат мекунад.
Дар он ҳамчунин сарони 11 давлат: Озарбойҷон, Ироқ, Эрон, Қатар, Қирғизистон, Фаластин, Русия, Туркия ва Ӯзбекистон ширкат доранд.
Афиша от «Азия-Плюс»: Выставка картин Фарруха Негматзаде, «Комде и Мадан», Сада и Вечер музыки
Таджикистан строил, а он сохранял историю: Республика 20 века в фотографиях Николая Софьина
Туристические маршруты Таджикистана появились на международных платформах
Душанбинских энергопотребителей в ближайшие полгода полностью обеспечат «умными» счетчиками
В Таджикистане начали использовать дроны в борьбе с саранчой
Экспорт сельхозпродукции из Таджикистана превысил 226 миллионов долларов
В Швеции застрелили иракца, который проводил акции сожжения Корана
Куда и сколько электроэнергии Таджикистан экспортировал в 2024 году
«Сомон Эйр» заключила соглашение с DAE Capital на поставку двух самолетов Boeing 737 MAX
Пакеты в Таджикистане обещали запретить с 2025 года. Работает ли запрет?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста