Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ ҳавои ноустувор дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла Бӯстон, Гулистон, Хуҷанд, Истаравшан, Деваштич, Панҷакент, Айнӣ, кӯҳҳои Мастчоҳ, Ағбаҳои Шаҳристону Анзоб, Искандаркӯл ва ноҳияи Варзоб, водии Ҳисор, навоҳии тобеи марказ, аз ҷумла ноҳияҳои Файзобод, Рашт ва Ҷиргитол дар назар дошта шудааст.
Инчунин, ҳавои шадиди ноустувор дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Хатлон низ ҳукмфармо хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки бар асари ворид шудани ҳавои сард аз қаламрави Аврупоии Русия дар аксари ноҳияҳои вилояти Суғд паст шудани ҳарорати рӯзона то 8 - 10 дараҷа дар назар дошта шудааст. Дар боқимондаи ҷумҳурӣ, ба истиснои ВМКБ, ҳарорати ҳаво 6 - 8 дараҷа паст мешавад.
Дар маҷмӯъ, 19 октябр дар аксари қаламрави ҷумҳурӣ боришот дар назар дошта шуда, дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ боришоти шадид ва дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 дараҷа гарм шудани шамоли ғарбӣ дар назар аст.
Дар ҷануби вилояти Хатлон туфони чангу туман ва бар асари боришот дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои вилояти Суғд, вилоятҳои Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ омадани сел дар назар дошта шуда, якбора болоравии сатҳи об дар назар аст. Дар дарёҳои Исфара, Ёхсу, Қизилсу (чануб) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор чорӣ мешаванд, баландшавии сатҳи об дар назар дошта шудааст.
Учёба за рубежом. Доступные программы для студентов и школьников из Таджикистана
Госдума запретила брать в школы детей мигрантов без знания русского
В России назвали три сферы, которые будут остро нуждаться в трудовых мигрантах в 2025 году
Таджикские геологи нашли 15 площадей с проявлением редких металлов
В Таджикистане в конце недели ожидается резкое понижение температуры
Казахстан и Таджикистан вышли на новый уровень сотрудничества
5 важных проектов ЮНИСЕФ, которые работают в Таджикистане
Что скрывается за кулинарными традициями регионов Китая?
В Таджикистане появится новый профессиональный праздник
На остановках в Душанбе появились электронные табло
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста