Ҳафтаи гузашта, 23-юми декабр, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни ироаи паёми солонаи худ ба парлумон, ба фаъолияти корхонаҳои саноатии кишвар таваҷҷуҳ карда, аз ҳолати кунунии корхонаи равғанбарории шаҳри Бохтар интиқод кард.
Роҳбарияти ҶСП “Равғани сомониён” мегӯяд, ки соли оянда технологияи нав ворид мекунад ва иқтидори корхонаро афзоиш медиҳад.
Президент зимни суханронии худ гуфт, ки фаъолияти меҳнатиашро дар корхонаи равғанбарории Бохтар оғоз кардааст ва ҳоло ин корхона дар ҳолати “валангор” қарор дорад.
“Ҳар вақте ман ба шаҳри Бохтар меравам, маро махсусан ба кӯчае мебаранд, ки ман дар корхонаи он кор кардаам. Вале ҳоло валангор аст. Масъулин бояд фикр кунед, ҳаддиақал ба шарофати президент, ки фаъолияти меҳнатиашро аз ин ҷо оғоз кардааст, обод кунед. Он қадар хароҷоти зиёд надорад”, -афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Гуфтан ба маврид аст, ки ин корхонаи равғанбарорӣ дар шаҳри Бохтар, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд ёфтааст, ҳоло бо номи ҶСП “Равғани сомониён” фаъолият мекунад.
Карим Раҳмонов, директори ҶСП “Равғани сомониён” мегӯяд, ки айни замон дар ин корхона 30 нафар кор мекунанд ва роҳбарияти корхона ният дорад дар соли 2023 технологияи нав ворид кунад.
“Айни замон корхона иқтидори коркарди 50 тонна пунбадона дар як шабонарӯзро дорад. Технологияи ҳозирае, ки дар корхона истифода мешавад, кӯҳна буда, қисман аз замони ҳӯравӣ боқӣ мондааст ва барқро зиёд харҷ мекунад. Соли 2006 қисме аз технологияро бо таҷҳизоти туркӣ иваз кардем, аммо бо ин ҳам ҳоло корхона дар як моҳ барои барқ атрофи 60-70 ҳазор сомонӣ сарф мекунад, ки ин ба зарар аст”, - гуфт Карим Раҳмонов.
Дар ҳамин ҳол, аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки корхонаи мазкур дар 11 моҳи соли 2022 24 тонна равғани растанӣ истеҳсол кардааст. Дар соли 2021 бошад, ин корхона 15 тонна равған истеҳсол намудааст.
Пас аз интиқоди президент ҳукумати шаҳри Бохтар ба роҳбарияти ҶСП “Равғани сомониён” бо мазмуни афзоиши иқтидори истеҳсолии корхона мактуб ирсол кардаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳоло ҳозир равғани истеъмолӣ ба бозорҳои кишвар асосан аз хориҷ ворид карда мешавад ва тибқи иттилои раисиҷумҳур, ҳоло танҳо 20 дарсади бозори истеъмолии кишвар бо равғани истеҳсоли худӣ таъмин мегардад.
"Агар се корхонаи истеҳсоли равғанеро, ки ишора кардам, барқарор кунем, 70 дарсади талаботи бозори истеъмолиро таъмин мекунем", -гуфт Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми хеш.
Всё, что нужно знать про список мигрантов-нарушителей в России
В Таджикистане обнаружили каменные орудия периода палеолита
Эмомали Рахмон высказал интерес к расширению инвестиций Кувейтского фонда развития в экономику Таджикистана
«Китай может предложить лучшие условия». В России озаботились конкуренцией на образовательном рынке Центральной Азии
ООН: Женщины находятся на переднем крае борьбы с засухой
В Кувейте состоялась презентация книги «Таджики» на арабском языке
Эхсони Панджшанбе проведет следующий сезон в Узбекистане
Граждан Пакистана задержали в Душанбе за продажу фальшивых золотых монет
В России зарегистрировали рекордное за 20 лет число терактов
В Таджикистане ожидается резкое похолодание: температура упадет до 7-9 градусов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста