Танзимгари миллии Ҳиндустон рӯзи 29 декабр хабар дод, ки ширкати Marion Biotech истеҳсоли доруи "Док-1 Макс"-ро қатъ кардааст. Дар Ӯзбекистон баъди истифодаи ин дору 19 кӯдак фавтид.
Як кӯдаки якунимсола дар ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон 28 декабр баъди истеъмоли доруи "Док-1 Макс" ҷон бохтааст.
Додситонии вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон дар робита ба марги кӯдак парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишотро оғоз кардааст.
Теъдоди кӯдаконе, ки дар Ӯзбекистон баъди истеъмоли доруи мазкур ҷон бохтанд, ба 19 расид. Ин доруро ширкати ҳиндии "Marion Biotech" истеҳсол кардааст.
Қаблан Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон хабар дода буд, ки дар робита ба марги 18 кӯдак баъд аз истеъмоли доруи "Док-1 Макс" парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Шурӯъ аз 22 декабри соли 2022 фурӯши доруи "Док-1 Макс" дар Ӯзбекистон манъ шудааст. Дар робита ба марги кӯдакон дар Ӯзбекистон дар Қирғизистон низ фурӯши доруи "Док-1 Макс"-ро манъ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати тандурустӣ 27-уми декабр ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки ин навъ дору як сол ин ҷониб ба Тоҷикистон ворид намешавад.
Оҷонсии иттилооти “Авеста” бо такя ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ хабар дода буд, ки соли ҷорӣ доруи “ДОК-1 Макс” дар шакли шарбат ва ҳаб ба кишвар ворид нашудааст ва маротибаи охир ин дору ба кишвар соли 2021 ворид гардидааст.
Ин расона аз қавли манобеи худ менависад, ки “ин навъи дору дар дорухонаҳо дар фуруш ҳаст, вале аз он шикояте то ҳол ворид нашудааст”.
“Мо барои муваққатан боздоштани фурӯши доруи “ДОК-1 Макс” асос надорем. Хушбахтона, дар натиҷаи истифодаи ин дору ягон ҳодисаи мушкилшавӣ ё маргу мир ба қайд гирифта нашудааст, бахусус аз он замоне, ки мо фурӯши маҳсулоти дорусозиро қатъӣ назорат дорем”, - иқтибос овардааст “Авеста”.





Хотите кому-нибудь помочь в месяц Рамазан, но не знаете, кому? У нас есть список и контакты
Талбак Назаров — патриарх таджикской дипломатии
Три добровольных милостыни в месяц Рамазан
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 марта 2026 года
80 лет Душанбинскому заводу «Торгмаш»: от начала строительства до мировой известности
Зимняя Паралимпиада-2026 проходит без Таджикистана. Республика участвовала в таких Играх лишь однажды — вспоминаем, когда
Муфтий Таджикистана сообщил, когда наступит ночь Предопределения и Могущества
Гибель детей в Минабе. Преступление, которое может стать концом для Дональда Трампа и его министра войны
Япония поможет улучшить лечение проктологических заболеваний в Таджикистане
Товарооборот между Узбекистаном и Таджикистаном может вырасти еще на 40% — эксперт
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста