Музди миёнаи меҳнат дар вилояти Суғд, давоми соли гузашта, 14,6 дарсад афзоиш ёфта, ба 1601 сомонӣ баробар шудааст. Соли гузашта ин нишондиҳанда 1396 сомониро ташкил медод. Дар ин бора ба “Азия-плюс” аз Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, маоши баландтарин дар вилоят ба соҳаи фаъолияти молиявӣ рост меояд. Кормандони ин соҳа дар соли 2022 ба ҳисоби миёна 4547 сомонӣ маош гирифтаанд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад зиёд будааст.
Музди кормандони саноати истихроҷ 3375 сомонӣ ва саноати коркард 2572 сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли 2021 ҳудуди 11 дарсад афзудааст.
Маоши аз ҳама пасттаринро дар вилояти Суғд кормандони соҳаҳои кишоварзӣ, хидматрасонӣ, фаъолияти идоракунӣ ва ёрирасон мегирифтаанд. Маоши кормандони соҳаи кишоварзӣ соли 2022 ба андозаи 12,4 дарсад афзоиш ёфта, ба 794 сомонӣ баробар гардидааст. Музди меҳнати кормандони бахши идоракунӣ ва ёрирасон бошад 846 сомониро ташкил додааст. Маоши кормандони меҳмонхона ва тарабхонаҳо 801 сомониро дар бар мегирад, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 2,2 дарсад зиёд аст.
Гуфтан ба маврид аст, ки музди миёнаи номиналии меҳнат дар ҷумҳурӣ дар моҳи октябри соли 2022 1858 сомонӣ ва музди ҳадди ақал 600 сомониро ташкил намуда буд.
Дар сатҳи ҷумҳурӣ низ баландтарин маошро кормандони бахши молия ва суғурта мегиранд, ки он 5510 сомониро ташкил медиҳад. Музди камтаринро дар ҷумҳарӣ ҳам кормандони бахши кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ мегирифтаанд, ки камтар аз ҳазор сомонӣ аст.
«Я не ищу признания, я хочу передать знания». Камолуддину Абдуллаеву - 75 лет
СМИ: Россия и США уже несколько месяцев ведут тайные переговоры
В Китае вирусологи выявили у летучих мышей новый коронавирус
Власти возобновили расследование дела сотрудников "Агроинвестбанка" спустя три года
Банк «Эсхата» выбрал певца Фарруха Хасанова своим амбассадором в 2025 году
Как в таджикском селе, где нет электричества, жители используют энергию солнца
Агент Кова Тилавпур объяснил, почему игроки с таджикскими корнями из РФ не играют за сборную Таджикистана
Как выбрать автомобиль для девушки? Полный гид с советами эксперта
Замглавы Исфары оштрафован за продажу земли, но пока остается на своем посту – Агентство по борьбе с коррупцией Таджикистана
Аденома простаты, отсутствие эрекции и бесплодие: какие мужские болезни лечат в клинике «Евромед»?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста