Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба парлумон ва ҷаласаи солони ҳукумати кишвар аз сифат ва нархи интернет дар Тоҷикистон интиқод кард ва ба масъулин барои беҳтар кардани вазъ дастур дод.
Сифату суръати интернет дар Тоҷикистон солҳост мавриди интиқоди корбарон қарор дорад ва бори аввал аст, ки роҳбари давлат ба он дахл кард.
Баъди интиқоди президент, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки қаблан интиқоди аҳолиро оид ба сифат ва нархи интернет қабул намекард, гуфт аллакай, ситод таъсис ёфта, суръати интернетро беҳтар ва қимати онро аз ҳисоби роҳандозии роҳҳои алтернативӣ коҳиш медиҳанд.
Бо ишора ба ваъдаи мақомоти масъул, “Азия-Плюс” тасмим гирифт, сифат ва нархи кунунии интернетро дар кишварҳои Осиёи Марказиву Афғонистон ва мавқеи Тоҷикистонро дар раддабандиҳои байналмилалӣ муқоиса кунад, то баъдан инмконияти баҳо додан ба фаъолияти анҷомдодаи мақомот фароҳам ояд.
Интернети мобилӣ
Тоҷикистон дар раддабандии “Speedtest Global Index” аз рӯи суръати интернети мобилӣ дар моҳи декабри соли 2022 байни 141 кишвари ҷаҳон дар ҷои 5-ум аст. Баъди Тоҷикистон танҳо Гана, Венесуэла, Куба ва Афғонистон қарор доранд. Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба истиснои Туркманистон, дар ҷои охир аст. (Маълумот дар бораи ин кишвар дастрас нест).
Аз ҳама ташвишовар нархи интернети мобилӣ аст. Дар рейтинги “Worldwide mobile data pricing 2022” Тоҷикистон бо нархи миёнаи 1,94 доллар барои 1 ГБ дар ҷаҳон ҷои 131-умро ишғол мекунад. Дар ҳоле ки кишварҳои ҳамсоя дар вазъи беҳтар қарор доранд: Қирғизистон дар ҷои 6-ум ($0,17), Ӯзбекистон дар ҷои 15-ум ($0,37), Қазоқистон дар ҷои 16-ум ($0,37) ва ҳатто Афғонистон дар ҷои 64-ум ($0,90). Дар Туркманистон гаронтарин интернет дар ҷаҳон аст - ба ҳисоби миёна 14,27 доллар барои 1 ГБ.
Интернети ноқилӣ
Аммо аз лиҳози суръати интернети ноқилӣ Тоҷикистон дар ҷои беҳтар – дар байни 178 кишвари ҷаҳон дар ҷои 118-ум қарор дорад. Дар ин раддабандӣ Қирғизистон дар ҷои 83, Ӯзбекистон дар ҷои 89, Қазоқистон дар мавқеи 96, Туркманистон ва Афғонистон дар ҷойҳои 176-177 қарор доранд.
Маълумот дар бораи арзиши миёнаи интернети ноқилӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мавҷуд нест ва аз ин рӯ муқоиса кардан ғайриимкон аст.
Как проходил первый парад в независимом Таджикистане – уникальные кадры
Защита от смерти и страхование жизни: как снизить уязвимости к климатическим потрясениям?
$2,5 за порцию и выше. Индекс плова и рост цен в странах Центральной Азии
Физик, преданный науке. Иному Бободжанову – 90 лет
Главные инвесторы Таджикистана в 2024 году
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 23 февраля 2025 года
Корейское SPA для волос: секрет популярности и лучшие места в Душанбе
Reuters: США пригрозили закрыть Украине доступ к Starlink
Таджикский велогонщик выиграл две медали на чемпионате Азии-2025
Таджикистанка прошла в финал международной премии Women Changing the World Awards
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста