Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфт, биноҳои Душанбе ба заминҷунбии 8,5 ва 9 бала тобоваранд.
Ӯ, ки имрӯз, 8-уми феврал дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, ба таври мисол аз зилзидлаи 6,6 бала дар Душанбе, чанд сол пеш замоне, ки ӯ муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон буд, рух дод, мисол овард ва афзуд, дар натиҷаи он биноҳои баландошёнаи Душанбе таъсири ҷиддӣ надиданд.
- Ҳатто “кран”-е, ки дар ҳолати корӣ буд, чапа нашуд. Баъди ин, мо комиссияи корӣ таъсис додем, ва аз иншоотҳо дидан кардем. Вақти санҷиш дар ду бинои 20-ошёнаи Душанбе маълум шуд, ки танҳо дар қисмати поёнӣ каме андоваи он кафида тамом, дигар зарар надида буд.
Ҳарчанд, биноҳои баландошёна кафиданд, рангу бораш рехт, вале худи биноҳо фурӯ нарехтанд. Муҳим бино фурӯ наравад, чунки дар сурати фуру рафтани бино талафоти ҷонӣ мешавад. Сиёсати дигари сохтмонӣ ҳаст, ки дар вақти заминларза бигзор бино “коробка” афтад, вале фурӯ наравад. Чукни дар ин сурат одамон зинда мемонанд. - гуфт Низом Мирзозода.
Вай афзуд, аксари биноҳои Душанбе “каркасний” сохта шудааст, яъне қисмати “конструктиви”-и бино аз оҳану бетон ва қисмати поёнӣ аз мехсутунҳо (сваяҳо) иборат аст, ки ин имкон медиҳад биноҳо дар зилзилаҳои сахт тобовар бошанд.

Ба таъкиди ӯ, лоиҳаҳое, ки онҳо барои сохтмон иҷозат медиҳанд, ҳатман қисмати зери бино бо назардошти зилзилатобоварӣ таҳрезӣ мешавад.
Номбурда хабар дод, ки бо ишора ба заминҷунбии шадиди чанд рӯзи охир дар Туркия ва Сурия иқдом гирифтанд, дар назди Раёстаи экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон озмоишгоҳи санҷиши мехсутунҳоро таъсис диҳанд.
“Вазифаи аввалиндараҷаи онҳо санҷиши мехсутунҳои лоиҳаҳо аст. Танҳо баъди тобовар будан ба зилзилаҳову иҷозаи сохтмон дода мешавад”,- гуфт роҳбари кумита.

Ёдовар мешавем, ки дар заминҷунбии 7,8 балае, ки ду рӯз пеш дар Туркия ва Сурия ба амал омад, садҳо хона хароб гашта, дар асоси омори охирин, дар маҷмӯъ, 8 ҳазор нафар ҳалок ва беш аз 30 ҳазор тан маҷруҳ шудаанд.
Тоҷикистон барои кӯмак ба зарардидагон ба Туркия 50 наҷотдиҳанда, аз қабили духтурон равон кард ва гуфта мешавад, ки рӯзҳои наздик кӯмаки башардӯстона ҳам мефиристад.




Маэстро, соединяющий миры. Толибхону Шахиди — 80 лет
Чья тренерская школа окажется сильнее? Иностранцы против местных специалистов в чемпионате Таджикистана-2026
Российские компании представят цифровые решения для Таджикистана
Афиша от «Азия-Плюс»: Спектакль «За чем пойдешь, то и найдешь», гастроли Цирка Дана Запашного и Artel Local Bazaar
Таджикистан и АБР заключили стратегию партнёрства на 2026-2030 годы
Агаси Арутюнян назначен Представителем ФАО в Таджикистане
33 миллиона пишем, 500 - в уме. Как изменилась торговля спустя год после открытия кыргызской границы?
Восьмая нота. К 80-летию Толибхона Шахиди
Вышло первое обращение от имени Моджтаба Хаменеи, в нем звучит обещание «отомстить за кровь мучеников»
Moody’s подтвердило рейтинг ЗАО «Международный банк Таджикистана» и сохранило стабильный прогноз
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста