Додгоҳе дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон бо судури қарори худ фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодӣ (Азаттик Медиа)-ро дар ин кишвар расман манъ кард. Қарорро имрӯз, 27-уми апрел, Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек баровард. Намояндагони “Азаттик Медиа” норозигии худро аз қарори додгоҳ баён карданд.
Расонаҳои қирғизӣ аз қавли Тимур Султонов, вакили дифои "Азаттик Медиа" менависанд, ки онҳо аз болои ҳукми додгоҳи ноҳияи Ленин ба зинаҳои болоии додгоҳ, аз ҷумла Додгоҳи шаҳри Бишкек шикоят хоҳанд бурд.
“Мо шикоят омода мекунем ва баррасии оқилонаи ҳукмро дар зинаи дуввум умедвор мешавем, ки қарори ғайриқонуниро бекор мекунад", - гуфтааст ӯ.
Ин вакили дифоъ ҳамчунин гуфтааст, “қарори додгоҳ ба ин суол посух дод, ки то куҷо озодии сухан дар Қирғизистон риоя мешавад”.
Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қирғизистон охири моҳи октябри соли 2023 аз Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек дархост карда буд, ки фаъолияти "Азаттик Медиа" -ро дар ин кишвар ҳамчун воситаи ахбори омма қатъ кунад.
Ин даъвои Вазорати фарҳангу иттилооти Қирғизистон аз навори рӯзи 16-уми сентябр пахш кардаи телевизиони “Настояшее Время” аст, ки ба гуфтаи онҳо, ин расона дар танишҳои марзӣ дар моҳи сентябр “барқасдона тарафи Тоҷикистонро гирифт”.
Вале Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ин даъвои ҷониби Қирғизистонро қотеъона рад кард ва гузоришро ба ҳама меъёр посухгӯ номид.
Баъдан, ба ин сомона муҳлат доданд, ки гузориши худро пок кунад, вале роҳбарияти бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, онро пок намекунад, чун ба ҳама меъёрҳо ҷавобгӯй аст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ амали мақомоти қирғизро фишор ба озодии сухан номиданд ва тибқи гузориши онҳо баъди ба қудрат расидани Содир Ҷабборов, дар моҳи октябри соли 2020, фазои озодии баён дар Қирғизистон бадтар шудааст.
ЖКХ Таджикистана: Доступ населения к чистой воде растет, нагрузки на коммунальную инфраструктуру – тоже
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 28 января 2025 года
Покажи мне свою тюбетейку, и я скажу, кто ты. Чем мы удивим ЮНЕСКО?
Таджикистан увеличил экспорт электроэнергии под конец 2024 года
В Таджикистане создадут Дорожный фонд
Отсутствие идей и несуществующий черный список певцов. О чем рассказал новый глава Комитета по ТВ и радиовещанию?
Эмомали Рахмон поздравил Лукашенко с переизбранием на седьмой президентский срок
Более 40 тысяч афганских беженцев могут не впустить в США после жестких миграционных решений Трампа
В Петербурге задержали женщину за организацию незаконной миграции
Невостребованный потенциал. Почему в Таджикистане не популярны простые солнечные технологии?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста