Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар доираи сафари кории худ дар Туркия, бо ҳамкасби хеш Бекир Шаҳин мулоқот карда, масъалаи созмонҳои террористӣ эътироф кардани ташкилотҳои хатарзоро дар ҳудуди якдигар баррасӣ кардааст.

Дар ин бора маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки вохӯрӣ дирӯз, 2-юми май, сурат гирифта, ҷонибҳо ҳамчунин, ҳамкории мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар самти муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ, бахусус терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллиро баҳс кардаанд.

“Дар ҷараёни гуфтушунид ҳамчунин, идома додани таҷрибаи пурсамари мубодилаи маълумоти фаврӣ ва муқовимати бевосита ба зуҳуроти номатлуби болозикр, аз ҷумла пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, андешидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, масъалаҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, истирдоди ҷинояткорон, бозпас додани маҳкумшудагон ва дигар масоили муҳими соҳа мавриди муҳокима қарор дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон.

Манбаъ, дар робита ба эътирофи созмону ташкилотҳои хатарзо ҳамчун ташкилоти террористӣ дар ҳудуди якдигар иттилоъ дода, аммо мушаххас аз ҳеҷ созмоне ном набурдааст. Маълум нест, ки сухан дар бораи кадом созмон ё ташкилоти хатарзо меравад.

Дар гузашта, Тоҷикистон бо чанде аз кишварҳо дар мавриди эътироф гардидани созмону ташкилотҳои хатарзо ҳамчун ташкилоти террористӣ ва истирдоди ҷинояткорон созишномаҳо ба имзо расонида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.