Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки роҳбарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Нахуст, сарони давлатҳо Эъломия дар бораи ҳамкории ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро имзо карданд.
Баъдан, 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон;
— Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ оид ба молҳо ва воситаҳои нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон интиқолшаванда;
— Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон;
— Харитаи роҳ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи саноати сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон;
— Харитаи роҳ оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2023 – 2025;
— Нақшаи ҳамкории мутақобила байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи саноат ва инноватсия барои солҳои 2023 – 2024;
— Ёддошти тафоҳум байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон;
— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2023 – 2025;
Ҳамин тавр, дар маҷмуъ дар доираи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон аз ҷониби вазорату идораҳо 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
На трассе Хорог-Шугнан-Ишкашим машина упала в реку, водителя ищут
Кэш Патель выдвинут Трампом на пост директора ФБР. Что о нем известно?
Таджикистан может стать лидером в производстве сурьмы
Трамп пригрозил странам БРИКС пошлинами в 100%, если они откажутся от доллара
Боксер из Таджикистана Асрор Вохидов победил узбекистанца в Екатеринбурге
Байден помиловал своего сына Хантера по двум уголовным делам
США приостановили стратегическое партнерство с Грузией, где идут протесты
Российский депутат обвинил мигрантов в падении курса рубля
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 2 декабря 2024 года
СПИД в Таджикистане: Как и кто в Таджикистане рассказывает детям об этом заболевании?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста