Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз боздошти дастаҷамъонаи шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳар гуна баҳона дар Русия изҳори нигаронӣ карда, зарурати вокуниши муштарак ба мушкилоти мавҷуда ва пайдошудаи муҳоҷиратро таъкид кардааст.
Ин нигаронӣ, дар вохӯрии Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Сергей Григорев, Сафири Русия дар Тоҷикистон таъкид шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии ВКД, ҷонибҳо ҳамчунин, зарурати вокуниши якҷоя ба мушкилоти ҷойдошта ва пайдошаванда дар самти муҳоҷират ва аҳамияти андешидани амалҳои ҳамоҳангшуда дар таҳияи тадбирҳои имконпазири муштаракро таъкид намудаанд.
Зимни мулоқот ҳодисаи бозпурсӣ ва муносибати дағалона нисбати донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи техникии шаҳри Комсомолски лаби Амур, ки субҳи 19-уми май, дар хобгоҳи №3-и донишгоҳ аз сӯи нерӯҳои вижаи минтақаи Хабаровск сурат гирифт, муфассал баррасӣ гардидааст.
“Таъкид карда шуд, ки чунин ҳодисаҳо ба рӯҳи муносибатҳои шарокати стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Россия муносиб набуда, метавонанд ба талошҳои ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф зиён расонанд”, - омадааст дар иттилоияи ВКХ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 23 майи соли равон хабари латукӯби беш аз 100 донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Комсомолски лаби Амур аз сӯи нерӯҳои амниятии минтақаи Хабаровск расонаӣ шуд.
Тибқи иттилои нашргардида, афсарони ба истилоҳ “ОМОН” ва “ФСБ”-и Хабаровск субҳи барвақти рӯзи 19 май, қабл аз оғози дарс, ба хобгоҳ даромада, донишҷӯёнро бидуни далел латукӯб кардаанд.
Дар пайи ин қазия, Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар як посухи катбӣ ба “Азия-Плюс гуфт, “вазъро назорат доранд ва дар сурати дарёфти маълумоти бештар хабар хоҳанд дод”.
Бояд гуфт, ки давоми чанд рӯзи охир ҳодисаҳои боздошту таъқиби муҳоҷирони тоҷик аз сӯи мақомоти марбутаи Русия зиёд расонаӣ мешаванд. Бархе муҳоҷирон шикоят мекунанд, ки нерӯҳои вижаи Русия ҳамарӯза садҳо муҳоҷир, махсусан тоҷиконро бидуни далел боздошт карда, ҷарима мекунанд.
Аз ҷумла, чанд рӯз пеш, Радиои Озодӣ хабар дод, ки рӯзи 19-уми май нерӯҳои вижаи пулис дар шаҳри Санкт-Петербург як гуруҳ муҳоҷиронро тафтиш ва иддаеро латукӯб ва боздошту ҷарима кардаанд.
Ҳамчунин, рӯзҳои охир мақомоти Русия дар Екатеринбург амалиёти “Нелегал”-ро гузарондаанд, ки ҳадафи он “ошкор ва пешгирӣ кардан аз нақзи қонуни муҳоҷират” будааст.
Муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ҳам шикоят кардаанд, ки тафтишу боздошт дар пойтахти Русия низ афзудааст. Яке аз корбарон бо фиристодани видео рӯзи 20-уми май хабар дод, ки маъмурони пулис шаби 19-уми май дар шаҳраки Котелникии Маскав “муҳоҷиронро дар се автобус бурданд”.
Пештар мақомоти Русия тасдиқ карданд, ки рӯзи 17-уми май дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав як масҷидро баста, нисбат ба муҳоҷирон 34 санади маъмурӣ тартиб доданд. Тафтиш пас аз муроҷиати видеоии сокинони маҳаллӣ ба раисҷумҳурии Русия сурат гирифтааст. Онҳо иддао карданд, ки шаҳрак ба “анклави тоҷикон” табдил ёфта, зиндагӣ барояшон таҳаммулнопазир гаштааст.




Что делать, если больше не хватает сил держать рузу?
Навруз начинается дома: 5 брендов таджикского декора для праздничного интерьера
Таджикский уролог, работающий в Турции, представил научный прорыв в диагностике рака простаты
Кто и сколько получил за теракт в Крокусе? Подробный приговор по всем 19 осужденным
Житель Деваштича приговорён к 19 годам тюрьмы за убийство отца
США депортировали в Узбекистан ещё 65 нелегальных мигрантов
От симки до денежных переводов: как иностранцу упростить жизнь в России
Фигурантов дела о теракте в «Крокус Сити Холле» приговорили к пожизненным срокам
Золотой топ таджикской лиги: как выглядит сборная самых дорогих игроков чемпионата Таджикистана-2026
В Душанбе официально открылся автосалон AVATR
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста