Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон пас аз узви Маҷлиси миллӣ шудан, дар ҳузури вакилони халқи вилоят аз бахши сайёҳӣ ва сармоягузорӣ интиқод кард.
“Соли 2022 ҳамагӣ 16 ҳазор сайёҳ ба вилояти Хатлон омадааст. Дар ҳоле, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ин рақам 1 миллион нафар аст”,- гуфт раиси вилоят.
Давлаталӣ Саид сабаби кам будани сайёҳонро муаррифӣ карда натавонистани вилоят ва набудани зерсохтори зарурӣ номид.
“Мефаҳмам, маблағгузорӣ маҳдуд аст, вале метавон гирду атрофи ёдгориҳои таърихиро тозаю озода нигоҳ дошт”, - гуфт Давлаталӣ Саид.
Ӯ таъкид намуд, ки минбаъд зимни сафарҳояш ба шаҳру ноҳияҳо аз ҳолати ёдгориҳои таърихӣ ҳатман дидан хоҳад кард.
Ҳамчунин, Давлаталӣ Саид ҷалби сармояи мустақимро нокифоя хонда, таъкид кард, ки дар вилоят ҳамагӣ се - чор лоиҳаи сармоягузории мустақим аст ва он ҳам саҳми масъулини вилоят нест.
“Вилояти Хатлон имкониятҳои зиёд дорад. Мо бояд фазои беҳтар барои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя бисозем. Муносибатро ба соҳибкорон ва сармоягузорон бояд куллан дигар кунем”,- гуфт раиси вилоят.
Давлаталӣ Саид зикр намуд, ки ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти давлатӣ дастур додааст, то муносибат бо соҳибкоронро хуб кунанд.
“Аз ҳоли соҳибкорон хабар гиред ва барои ҳалли мушкилашон кӯмак кунед”, - таъкид намуд Давлаталӣ Саид.
Ӯ зарурати тақвияти шарикии давлат ва бахши хусусиро ёдовар шуда, зикр намуд, ки бо ин роҳ метавон бисёре аз мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоии вилоятро ҳал кард. Аз ҷумла, тавассути зиёд кардани мактабҳо, кӯдакистонҳо ва марказҳои хизматрасонии тиббии хусусӣ мешавад мушкили соҳаи маориф ва тандурустиро то андозае ҳал кард.
Ёдовар мешавем, ки ин суханонро Давлаталӣ Саид дирӯз, 21-уми июн, пас аз узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ интихоб шудан, дар ҳузури вакилони халқи вилояти Хатлон иброз дошт. Ӯ дар ин курсӣ раси пешини вилоят, Қурбон Ҳакимзодаро иваз намуд, ки чанде пештар вазири кишоварзӣ таъин гардида буд.
У меня частые кровотечения из носа. Я болею чем-то очень серьезным?
Афиша от «Азия-Плюс»: «Ночь в музее», магическое шоу и «Золотая антилопа»
«Не забывайте Бога». Абдурозик вернулся в Таджикистан и дал интервью «Азия-Плюс»
OriyonJob - шаг к будущему с «Ориёнбанком»
Глава Крыма предложил запретить мигрантам привозить семьи в Россию
В Душанбе обсудили переход Таджикистана на зелёную экономику
Coca-Cola вдохновляет на добрые перемены: старт кампании в Таджикистане
Запечатлённое мгновение: Таджикистан на исторических фотографиях XIX – начала XX века
Ещё один герой-мигрант в России: он вынес трёх детей из горящей квартиры
Россия – Исламский мир: Казань готовит площадку нового диалога
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста