Кормандони Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳии КҲФ ва Гурӯҳи наҷот дар водии Зарафшон омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Исмоилҷон Раҳмонов ва мошини тамғаи Hyundai Sonata-ро, ки Шӯҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” бо он дуздида шудааст, дар дарёи Зарафшон ҷустуҷӯ доранд.

Дафтари матбуоти КҲФ мегӯяд, тибқи иттилои оперативӣ, Исмоилҷон Раҳмонов ва мошини “Hyundai Sonata” пас аз содир шудани ҷиноят дар километри 118 ва 118,8-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ба дарёи Зарафшон партофта шудаанд.

“Наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ва КҲФ дар соҳили дарё корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳиро идома медиҳанд. Корҳои иктишофӣ пайваста ва дар шароити хеле душвор, ки бо баланд шудани сатҳи об ва ҷараёнҳои хеле сахт мушкил шудааст, сурат мегиранд”, - менависад хадамоти матбуоти КҲФ.

Ба иттилои манбаъ, наҷотдиҳандагони КҲФ барои анҷом додани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тамоми шеваю усулҳо бо истифода аз таҷҳизоти муосири наҷотдиҳии изтирорӣ истифода мекунанд.

КҲФ таъкид мекунад, ки дар дарёҳои кӯҳӣ ва пурталотум тибқи қоидаҳои бехатарӣ амалиёти ғаввосӣ иҷозат дода намешавад.

1/2

Ёдовар мешавем, ки муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” Шӯҳрат Исматуллоев рӯзи 23-юми июн, тахминан соати 20:10 дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рабуда шуд. Ба иттилои ВКД, ин ҷиноятро як гурӯҳи муташаккили ҷиноии иборат аз 4 нафар содир кардааст.

Ба иттилои мақомот, Исматуллоевро зӯран ба мошини сиёҳи “Хундай Соната” савор карда, ба самти ноҳияи Варзоб бурданд. Бори охир ӯро дар ҳудуди маҳаллаи Чағатой диданд ва пас аз он, изи ӯ нопадид шудааст.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Ҳамчунин, ВКД ба касоне, ки барои ошкор намудани ин ҷиноят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд ё хабар медиҳанд дар ҳаҷмӣ баробар ба 30 ҳазор доллари ИМА мукофот ваъда кард.

Дар баробари ин, таъмини амнияти нафари мусоидаткунанда, ифшои ному насаби онҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳоро тибқи талаботи қонунгузории ҶТ кафолат дод.

Шӯрат Исматуллоев
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Ин ниҳод хабар дод, ки нафароне, ки ба ҷинояти одамрабоӣ нисбати шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат даст задаанд, агар ихтиёран шахси гаравгонро озод намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуда, ба гуноҳи худ иқрор шаванд, мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо меъёри сабукидиҳанда татбиқ карда мешавад.

Новобаста ба ин, то ҳол, бо гузашти 6 рӯз аз содир шудани ҷинояти одамрабоӣ, дар хусуси тақдири Шуҳрат Исматуллоев ҳеҷ хабаре ироа намегардад.

Исмоилҷон Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бошад, тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 24-уми июн аз ҷониби сардори шуъбаи таҳлилӣ, банақшагирӣ ва муносибатҳои байналмилалии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Юсуфзода Акмал Ҳотам ва шаҳрванд Шукуров Исмоилҷон Маъмурович рабуда шудааст.

Исмоилҷон Раҳмонов ва Акмал Юсуфзода
Коллажи Радиои Озодӣ

“Юсуфзода А.Ҳ. шаби 12 июни соли 2023 соати 23:20 дақиқа аз ҳиссиёти рашк бо хешовандаш Шукуров И.М. устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Раҳмонов Исмоилҷон Қаҳоровичро дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, наздикии қурутобхонаи “Муслим” бо истифодаи зӯроварӣ ба автомашинаи хизматияш, ки тамғаи “Хундай Аксент”, рангаш сафед, аломати қайди давлатиаш 030UD01 мебошад, савор карданд", - навишт Додситонии кулл.

Ба навиштаи ин нниҳод, онҳо  дастони муаллимро баста, дар километри 118 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, воқеъ дар деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ бо мақсади ба қатл расонидан ӯро ба дарёи Фон партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Нисбати ҳарду бо моддаи 130 қисми 2 бандҳои “а” ва “в”-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Ба муттаҳамон аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад, аммо дар сурати пайдо шудани ҷасади Исмоилҷон Раҳмонов, ба онҳо метавонанд то 25 соли зиндон барои куштор таҳдид кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.