Ҳафтаномаи “СССР” вобаста ба қазияи рабуда ва бо шиканҷа кушта шудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”, номи дастикам 3 нафари дигарро ошкор карда, инчунин гуфтааст, ки 5 гумонбари дигар боздошт шудаанд.
Ин ҳафтанома дар шумораи рӯзи 20-уми июл навиштааст, ки Қамар Азизов, Билол Азизов ва Малика ном духтари дигар гумонбарони қазияи рабуда ва бо шиканҷа кушта шудани Шуҳрат Исматуллоев ҳастанд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин қазия Қамар Азизов “гумонбари хабарору хабарбар ё худ “наводчик”” будааст ва гуфта мешавад, “ин нафар бо Исматуллоев бизнеси ҳамҷояи бинокорӣ ё худ “домсозӣ” доштааст”.
“Билол Азизов, писари Қамар Азизов, ки то ин дам ба ҳайси намояндаи ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” фаъолият мекард, аз кор озод шудааст. Мақомот то кадом андоза даст доштани Билолро дар ҷинояти одамрабоӣ месанҷанд”, - хабар додааст “СССР”
Ҳафтанома афзудааст, “овозаҳо дар бораи Малика ном бонуе низ ҳадсу тахмин мезананд, ки гӯиё ҳоло ё дар Туркия ва ё дар Дубай будаву чӣ олоише ба ин корҳо доштааст”.
“СССР” аз Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович (мулаққаб ба “Дилшоди СБ” ё “Красавчик”) - сарвари одамрабоён, Хуҷаев Шоҳрух Хуҷаматович, Ахмедов Акбар Акрамович ва Ашуров Рустам Каримович – ҳамтоёни сарвари одамрабоён низ ном бурдааст.
Дар ин баробар, ҳафтаномаи “СССР” фарзияи дигареро пешниҳод кардааст, ки гӯё Холиқов Рустам Исуфович, собиқ директори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва ширкати ватании ҳавонавардии “Тоҷик-Эйр” ба ин қазия даст доштааст.
Ба иддаои муаллифи мақолаи “СССР”, Ашуров Рустам Каримович, яке аз гумонбарони қазияи рабуда ва бо шиканҷа кушта шудани Шуҳрат Исматуллоев, ки дар фурудгоҳи Молдова захмӣ шуд ва баъдан дар бемористон ба ҳалокат расид, бо Холиқов Рустам Исуфович “риштаи хешутаборӣ доштааст”.
Ҳамзамон, муаллифи мақолаи “СССР” гуфтааст, ки Дилшод Саидмуродов (машҳур бо лақабҳои “Дилшоди СБ” ё “Дилшоди красавчик”) - гумонбари асосӣ ва тарроҳу фармоишгари ин ҷиноят, ки дар кофтукоби Интерпол қарор дорад, дӯсти оилаи Холиқовҳо, дӯсти хеле ва хеле наздики Холиқов Сӯҳроб (писари Холиқов Р.И.) мебошад”.
Ба гуфтаи ҳафтанома, “ҳоло ин шахс низ бо сабабҳои тамоман ба мо номаълум ба хориҷи кишвар фирор кардааст”.
Ҳафтаномаи “СССР” таъкид кардааст, ки “то кадом дараҷа ба ҳақиқат наздик будани ин иттиҳомро намедонад”.
Ба “Азия-Плюс” ҳам муяссар нашуд, ки аз мақомоти марбута ё манбаъҳои дигар то куҷо саҳеҳ будани ин иттилоъро тасдиқ ё рад кунад.
Қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода буд, ки Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”-ро як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иборат аз 10 нафар дуздида, то соати 03:00, бо истифода аз электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот шиканҷа карда, ба қатл расонидаанд.
Дар иттилоияе, ки Додситонии кулл нашр намуд, зикр мегардид, ки роҳбари гурӯҳ Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович (“Дилшоди СБ” ё “Красавчик”) буд.
Ба навиштаи ин ниҳод, нақшаи ҷинояти мазкур моҳи марти соли 2022 тарҳрезӣ гардидааст.
“Он вақт амалӣ намудани ҷинояти номбурда бо сабабҳои аз Саидмуродов Д.Ҳ. ва дигар аъзои гурӯҳ вобастанабуда муяссар нагардид”, - зикр мекард Додситонии кулл.
Аммо оид ба “сабабҳои аз Саидмуродов Д.Ҳ. ва дигар аъзои гурӯҳ вобастанабуда” муфассал чизе гуфта намешуд.
Гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, баъди рабудан, шиканҷа ва куштор, бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят ҷасади Шуҳрат Исматуллоев ва автомашинаи тамғаи “Хюндай – Соната”-ро дар километри 130-юми шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ ба дарёи Зарафшон партофтаанд.
“Худи ҳамон рӯз ҷинояткорон Саидмуродов Д.Ҳ. ва Ахмедов А.А. ба Федератсияи Россия, Хуҷаев Ш.Х. ба Ҷумҳурии Туркия ва Ашуров Р.К. 25 июн ба Ҷумҳурии Туркия ва 30 июн ба Ҷумҳурии Молдова фирор намудаанд”, - омада буд дар хабари Додситонии кулл.
Рӯзи 7-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеои гуфтугӯи Рустам Ашӯров бо модараш нашр шуд, ки дар он ӯ ба рабудан ва куштани одам иқрор мешавад.
Рустам Ашуров дар навор мегӯяд, ки “Шуҳрат Исматуллоевро барои биткоин (пули электронӣ) дуздиданд ва баъди шиканҷа ва ба ҳалокат расидани ӯ, ҷасадро ба дарёи Варзоб партофтаанд”.
Додситонии кулл менависад, ки “айни замон, дар доираи парвандаи ҷиноятии мазкур 5 нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шудаанд”.
“Баҳри дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани дигар ҷинояткорон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст”, - зикр мекунад Додситонии кулл.
Ёдовар мешавем, ки муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев рӯзи 23-юми июн, тахминан соати 20:10 дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рабуда шуд.
То ба ҳол ҷасади Шуҳрат Исматуллоевро дар дарёи Зарафшон, сар аз ноҳияи Айнӣ то сарҳади Ӯзбекистон ҷустуҷӯ доранд.
Рубль обесценился к сомони за последние сутки почти на 5%
В Таджикистане выбирают «Лучшего супруга»: как проходит конкурс и кто становится победителем?
Почему в Таджикистане растет стоимость сжиженного газа?
В Таджикистане впервые проведена операция на сосудах головного мозга
Кыргызские авиакомпании могут исключить из «черного списка» Евросоюза, - Жапаров
СМИ: администрация Байдена предоставит Киеву пакет военной помощи на 725 млн долларов
Операторов связи Таджикистана предупредили: из-за плохой связи их либо оштрафуют, либо лишат лицензии
Банк России на фоне падения рубля отказался продавать валюту до конца года
Все-таки сыграем с Россией? Сборная Таджикистана может это сделать в 2025 году
К 2037 году Таджикистан хотят превратить в «зелёную страну». Что для этого собираются предпринять?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста