Дар “Рӯзи шаҳри Хуҷанд”, ки 25-уми сентябр таҷлил карда мешавад, масъулин нақша доранд ба 4 нафар унвони  “Шаҳрванди фахрӣ”, ба 40 нафар занони соҳибкор гранти раиси шаҳр тақдим карда, собиқадорон аёдат намоянд.

Дар ин бора Маъмури Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд ба “Asia-Plus” хабар дод.

Ӯ гуфт, комиссия номи нафаронеро, ки унвони фахрии “Шаҳрванди фахрӣ”-ро мегиранд муайян кардаву дар рӯзи таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд, яъне 25-уми сентябр эълон хоҳад кард.

Ҳамчунин, дар ин рӯз, гирандагони гранти раиси шаҳри Хуҷанд низ муайян мешаванд. Теъдоди занҳои соҳибкоре, ки гранти раиси шаҳри Хуҷандро мегиранд 40 нафар ва маблағи барои онҳо ҷудошуда беш аз 165 ҳазор сомонӣ будааст.

“Ҳамчунин, дар рӯзи таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд собиқадорони шаҳр аёдат карда шуда, ба онҳо кӯмак расонида мешавад”, - гуфт Маъмури Юсуфзод.

Дар назди Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ бошад, корхонаву муассисаҳои шаҳр маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд. Дар ин намоишгоҳ, инчунин гӯшаи дастовардҳои варзишгарони шаҳр низ ташкил карда мешавад.

Сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд 25-уми сентябр метавонанд аз ин намоишгоҳ дидан кунанд. Ҳамчунин, барои онҳо барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта - Нигина Амонқулова, Ҷонибек Муродов, Мубориз Усмонов, Нобовар Чиноров ва сарояндагони хориҷӣ пешкаш карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи шаҳри Хуҷанд ҳар сол 25-уми сентябр таҷлил карда мешавад. Он маротибаи аввал соли 2014 ҷашн гирифта шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.