Имрӯз, 31-уми октябр, пас аз навсозии пурра Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” (собиқ корхонаи либосдӯзии “Гулистон”) ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи корхона, ки бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид шуд, ки дар корхона технологияи муосир аз Ҷопон, Амрико, Италия, Чин, Англия, Русия ва Туркия ворид ва насб карда шудааст.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи ин манбаъ, баъд аз азнавсозӣ фаъолияти 3 хатти нави технологии ҳозиразамон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” ба роҳ монда шуд, ки дар онҳо пиҷакҳои мардона ва занона, шим ва куртаҳо дӯхта мешавад. 

Ҳамчунин, таъкид мешавад, ки “Гулистони Душанбе” имкон дорад дар як сол то 2 миллион либосҳои махсуси корӣ барои фасли тобистону зимистон, шиму костюм, либоси мактабӣ, варзишӣ, курта ва рахти хоб, дар маҷмуъ 250 номгӯйи маҳсулот истеҳсол намояд. Дар сурати зиёд шудани фармоиш, корхона имкон дорад, ки истеҳсоли маҳсулотро аз ин ҳам зиёд кунад.

1/3

“Баъд аз навсозӣ дар корхона 230 ҷойи кории иловагӣ таъсис дода шуда, дар маҷмуъ ба 470 ҷойи корӣ расонида шуд. Дар сурати дар се баст ба роҳ мондани фаъолияти корхона то 1200 ҷойи корӣ муҳайё карда мешавад. Ин ҷиҳати амалишавии фарогирии шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон ба ҷойи кор мусоидат мекунад. Барои кормандон нақлиёти хизматӣ пешбинӣ карда шудааст”, - зикр мешавад дар хабар.

Иттилоъ дода мешавад, ки аввалин маротиба дар Тоҷикистон, ба ин корхона таҷҳизоти лазерӣ барои ҳаккокӣ дар матоъ, сканер барои ба таври худкор гирифтани андозаи либос, хатти технологӣ иборат аз 145 таҷҳизоти махсус барои дӯхт, дарзмолкунӣ, банду баст ва хушкашӯии кимиёвии либос ворид ва насб карда шудааст. Ин имкон фароҳам овард, ки ҳар як амалиёти дӯхти либос бо истифода аз таҷҳизоти алоҳидаи худкор ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” аз биноҳои маъмурӣ, истеҳсолӣ ва иншооти муосири ёрирасон иборат буда, аз коргоҳи тарроҳӣ, коргоҳи омодасозӣ ва поракунӣ, 2 коргоҳи дӯзандагӣ, коргоҳи шустушӯӣ ва рангубор, коргоҳи такмилдиҳии намнокӣ ва банду баст, коргоҳ барои дӯхти либос аз рӯйи супоришҳои махсус, нуқтаи хизматрасонии хушкашӯӣ, буғхона, мағоза ва ошхонаи васеу барҳаво барои 400 ҷойи нишаст иборат мебошад.

Акс аз Телеграм-канали шаҳрдории Душанбе

Маълумотнома

Бояд гуфт, ки аввалин корхонаи дӯзандагии Душанбе 25-уми октябри соли 1933 ба кор оғоз карда, аз соли 1964 ба ҳайати ширкати “Гулистон” дохил мешавад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан саҳмияҳои назоратии ҶСП “Гулистон” (95%) ба соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ ва 5 фоизи саҳмияҳо ба писари собиқ вазири саноат Зайд Саидов - Хайрулло Саидов тааллуқ доштанд.

Фабрикаи "Гулистон", акс аз бойгонӣ
Asia-Plus

Соли 2002 ҶСП “Гулистон” хусусӣ карда шуд ва ба гуфтаи Оҷонси мубориза бо фасоди кишвар, маҳз Зайд Саидов бо истифода аз ваколатҳои хидматии доштааш дар ин кор саҳм гузоштааст.

Моҳи апрели соли 2014 бо қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе корхонаи “Гулистон” моликияти давлат эълон шуд. Баъди мусодира корхона номи “Гулистони Душанбе”-ро гирифт.

Давлат ду маротиба кӯшиш кард, ки ширкат фурӯшад: сентябри соли 2016 ва январи соли 2017. Аммо харидорони эҳтимолӣ таваҷҷӯҳ зоҳир накарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.