Расо 30 сол мешавад, ки Тоҷикистон Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занонро (CEDAW) ба тасвиб расонда, барои таъмини баробарҳуқуқии занону мардон дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ роҳ меҷӯяд. Ба муносибати ин сана кӯшиш кардем дар мисоли ду самти калидӣ – сиёсат ва иқтисод – тағйирёбии вазъи бонувонро омӯзем.
Бояд гуфт, аз соли 2007 инҷониб гурӯҳи кории баландпояи ҳукумати Тоҷикистон ҳар сари чанд оид ба иҷро шудани талаботи Конвенсияи зикршуда дар кишвар ба Кумитаи ҳамноми СММ гузориши миллии худро муаррифӣ мекунад ва дар ҷавоб барои беҳтарсозии дастрасии яксони занону мардон ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешниҳодҳои хаттӣ мегирад. Ин тавсияҳо, ки ҳамчунин дар асоси гузориши алтернативии созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дода мешаванд, барои мониторинги натиҷаҳо ва муайянсозии тамоюлу мушкилоти нав мусоидат мекунанд.
Беш аз 1000 нафар занҳои роҳбар
Ҳамин амалҳои пайдарҳам ҳаст, ки дар Индекси глобалии фосилаи гендерӣ дар соли 2023 Тоҷикистон тавонист, масалан, дар бахши “Иштироки занон дар ҳаёти сиёсии кишвар” ҷойи 92-ро миёни 146 кишвари ҷаҳон ишғол кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Қазоқистон (100) ва Қирғизистон (107) дар ин ҷадвал чанд зина поинтаранд.
Аслан, чунин сурат гирифтани кор бесабаб нест – бо такя ба CEDAW ва тавсияҳои Кумитаи ҳамноми СММ ҳанӯз соли 2007 дар Тоҷикистон аввалин Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд” қабул шуда буд, ки ба зиёд шудани сафи роҳбарону хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби бонувон мусоидат кард.
“Агар зан бори аввал дар озмуни таъини вазифа ширкат карда бошад, ба ӯ се холи иловагӣ дода мешуд. Ҳамин тавр, аллакай дар соли 2018 ба вазифаҳои гуногуни хизмати давлатӣ 74 нафар зан ба кор қабул карда шуданд”, - гуфта мешавад дар гузориши алтернативии созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон оид ба иҷрошавии талаботҳои CEDAW.
Тавре омор нишон медиҳад, баъдтар, дар зарфи ҳамагӣ 5 соли ахир ин нишондиҳанда аллакай то 4556 нафар боло рафт.
“Шумораи хизматчиёни давлатӣ то 1 июли соли 2023 ҳамагӣ 18430 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 24,7% занон мебошанд. Аз 5937 нафаре, ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд, шумораи занони роҳбар 1143 нафарро (19,2%) ташкил медиҳанд”, - мегӯяд Ҷумъа Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии назди президенти ҶТ.
Ин арқом, ба гуфтаи аксари коршиносони масоили гендерӣ, то ҳол, албатта, қонеъкунанда нестанд.
“Зиёда аз ин, дар мавзӯи мазкур на шумора, балки сифат аҳамияти бештар дорад. Яъне мо бояд таҳлили амиқ гузаронем, ки то кадом дараҷа занҳои мақомгирифта воқеъан тавонистанд ба ҳаёти сиёсии кишвар таъсири мусбат расонанд. Ба ҷуз ин, бояд омӯхта шавад, ки оё ин бонувон ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар самтҳои калидӣ таъин шудаанд ё на? Дар баҳогузории вазъият ин нукта хеле муҳим аст”, - мегӯяд коршинос Лариса Александрова, ки дар таҳияи гузориши алтернативии созмонҳои ҷамъиятии кишварамон оид ба иҷрошавии талаботҳои CEDAW фаъолона ширкат мекунад.
Дар воқеъ, чанд сол қабл BBC дар доираи лоиҳаи “100 зани муваффақ” маҳз масъалаи нуфуз ва таъсири занҳоро ба сиёсатҳоии кишварҳои гуногуни ҷаҳон омӯхта, феҳристеро тартиб дод, ки аз мо ба он ҳамчун бонуи калидӣ дар шаклгирии сиёсати Тоҷикистон Озода Раҳмон (Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) ворид гашт. Ӯ ҳачунин соли 2019 сафири Созмони байналмилалии “Занони пешвои сиёсӣ” (Women Political Leaders) таъин гардида буд.
Дар баробари ӯ дар вазифаҳои калидӣ ҳоло Ҳасанзода Гулнора Кенҷа (вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ), Ҳилолбӣ Қурбонзода (раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҶТ), Сумангул Тағойзода (Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ) низ ҳастанд.
Мақомоти тоҷик дар гузоришҳои худ ба СММ мегӯянд, мустаҳкамсозии ҷойгоҳи зан дар сиёсатро идома хоҳанд дод ва мутобиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба 30% расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва ба 25% расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар назар аст.
Бояд гуфт, камаш 3 моддаи CEDAW (дар маҷмӯъ ин конвенсия 30 модда дорад) давлатҳои аъзоро уҳдадор кардааст, ки иштироки бонувонро дар ҳаёти сиёсии кишвар бештар кунанд.
80 000 занҳои соҳибкор ва 3,5 миллион қарзҳои имтиёзнок
Самти дуюме, ки ба он дар CEDAW таваҷҷуҳи хоса дода шудааст, ин дастрасии баробари занону мардон ба имкониятҳои иқтисодӣ мебошад. Ин нукта дар ҳар як моддаи он комилан ё қисман зикр шуда, худи Кумитаи ҳамноми СММ дар тавсияҳояш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин масъала таъкид мекунад.
Аслан, ба гуфтаи мутахассисон, муваффақият дар ин самт аз чанд нигоҳ баҳо дода мешавад: баробарӣ дар интихоби шуғл, дар сатҳи маош, дар пешбурди тиҷорат, дар таъминоти нафақа ва қабулшавии қонуну меъёрҳои дахлдор. Айни ҳамин нукта дар моддаи 11-и CEDAW ҳам зикр шудааст.
“Тавонмандсозии занон дар иқтисод барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 нақши калидиро мебозад. Ин ҳадафҳо, ки аз 17 бахш иборатанд ва мақсади ниҳоиашон беҳтарсозии сатҳи зиндагӣ дар тамоми дунё аст, бидуни таъмини баробарии гендерӣ, махсусан дар бахши имкониятҳои иқтисодӣ, ғайриимкон аст”, - мегӯянд дар СММ-Занон (UN Women).
Бо такя ба тавсияҳои СММ Тоҷикистон дар чанд соли ахир вазъияташро дар ин росто хеле беҳтар кардааст. Масалан, аз соли 2006 оғоз карда, дар Тоҷикистон Грантҳои президентӣ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар байни занон ҷудо карда мешаванд. Агар дар оғози роҳ ҳаҷми умумии грантҳо ҳамагӣ 150 ҳазор сомониро ташкил мекард, ҳоло он на камтар аз 2 миллион сомонӣ буда, ҳамасола 80 зани соҳибкор дорандаи ин навъи дастгирӣ мешаванд.
“Соҳибкорзанони ҷумҳурӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳунармандӣ, сайёҳӣ ва ғайра фаъолияти пурсамар мекунанд. Ҳоло ҳиссаи занони соҳибкор 23%-и (80 ҳазору 270 нафар) шумораи умумии соҳибкорони мамлакатро ташкил дода, қариб 15% роҳбарони корхонаҳои хурду миёна аз ҳисоби занон мебошанд”, - мегӯяд муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён. Ӯ ин арқомро дар рафти конфронси ЭКСПО 2023 – Рушди соҳибкории занон, ки нимаи ноябри соли ҷорӣ баргузор шуд, дар рафти баромад зикр карда, таъкид дошт, ки барои расидан ба чунин натиҷаҳо қабули як қатор ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла қарорҳои ҳукумати мамлакат “Дар бораи дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025” ва “Стратегияи миллии баланд бардоштани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” мусоидат мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок барои занону духтарони соҳибкор ҳамчунин ба вазъият дар маҷмӯъ таъсири мусбати худро мерасонанд.
“Дар соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону духтарон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст. Умуман дар панҷ соли охир қарзи ба занон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад”, - гуфт Матлубахон Сатториён.
Шояд ин аст, ки дар гузориши ахири Бонки ҷаҳонӣ, ки “Занон, тиҷорат ва қонун" (Women, Business and the Law) ном дорад ва баробарии гендериро аз нигоҳи дастрасии занон ба имкониятҳои иқтисодӣ баҳо медиҳад, ба Тоҷикистон 78.8 хол дода шудааст. Кишварҳое ба монанди Хитой (78.1), Қирғизистон (76.9), Қазоқистон (76.5), Русия (73.1), Ӯзбекистон (70.6), тавре маълум мешавад, то ҳол ба шакли зарурӣ натавонистаанд дастрасии яксони занону мардонро ба имконоти иқтисодӣ таъмин кунанд. Бояд гуфт, Бонки ҷаҳонӣ ин баҳогузориро ҳар сол миёни 190 кишвари дунё мегузаронад.
Маълумотнома: Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон (CEDAW), ки ба ҳимояи ҳуқуқи бонувон равона шудааст, 18 декабри соли 1979 қабул шуда, соли 1981 эътибор пайдо кардааст. Тоҷикистон, ки онро соли 1993 ба тасвиб расонд, ҳоло дорои як қатор масъулияту уҳдадориҳоест, ки ба таъмини баробарии гендерӣ дар кишварамон бояд оварда расонанд. Доираи мавзӯъҳои дар Конвенсия зикршуда, дар воқеъ, хеле фарогир буда, ҳар як моддаи он ба ҳуқуқҳои гуногуни занон дахл дорад, аз ҷумла ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шаҳрвандӣ ва сиёсӣ. 188 кишвари дунё дар баробари Тоҷикистон аъзои ин Конвенсия ҳастанд.
Матлаб мазкур дар доираи Ташаббуси Нури рӯшноӣ дар Тоҷикистон, ки ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Миллали Муттаҳид барои барҳам додани зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон мебошад, бо кӯмаки техникии СММ-Занон таҳия шудааст.
Андешаҳои дар ин матлаб баёншуда ба муаллифон тааллуқ дошта, мавқеи расмии СММ-Занон, СММ, созмонҳои вобастаи он ё мавқеи Комиссияи Аврупоро метавонад инъикос накунад.
Как сделать литературный таджикский язык популярным?
В Узбекистане принят закон «О креативной экономике». Как он поможет креативному бизнесу?
Что пожелали Эмомали Рахмону лидеры Китая и Узбекистана?
Путин анонсировал встречу с Эмомали Рахмоном в Москве
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Первые электроавтобусы, экстремизм через «интернет-имамов» и миллионы для Рогуна
Эмомали Рахмон поздравил таджикистанцев с Днем государственного языка
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 5 октября 2024 года
Хуснуллин в Душанбе предупредил, что нелегальной миграции в России больше не будет
Wildberries придет в Таджикистан? В Душанбе подписан меморандум о сотрудничестве
С какой целью в Душанбе сегодня прилетал вице-премьер России?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста