Техника ва таҷҳизоте, ки барои азнавсозии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ворид мешаванд, 50 дарсад аз андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод мешаванд. Дар ин бора ба Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 тағйиру иловаҳо ворид гардид ва онро вакилони парлумон ба тасвиб расониданд.
“Садои мардум”, нашрияи парлумони Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ҷаласаи рӯзи 26-уми декабр Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар шарҳи тағйиру иловаҳо дар назди вакилон гуфт, он бо мақсади дастгирии молиявии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ва дар ин замина, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва сайёҳон таҳия гардидааст.
Дар асоси лоиҳа, таҷҳизоте мисли трап, лифтҳои махсус барои мусофирон, эскалаторҳо, автокран, таҷҳизоти барқдиҳандаи ҳавопаймо 50 дарсад аз андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд.
Азизи Гиёзода, вакили парлумон ҳам бо дастгирӣ аз ин пешниҳод гуфтааст, ки “қабули лоиҳаи қонуни мазкур ба баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон, таъмини сатҳи баланди бехатарии авиатсионӣ ва бехатарии парвозҳо, бахусус ҷиҳати мутобиқ намудани фурудгоҳ ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ, мусоидат менамояд”.
Ёдовар мешавем, ки Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд чанд вақт аст ки таъмиру тармим мешавад. Барои таъмири он аз буҷаи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ маблағ ҷудо кардаанд.
Соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Хуҷанд толорҳои навро боз карда буд.
Он замон гуфта мешуд, ки толори хизматрасонии пешазпарвозӣ ва қабули мусофирони бинои нави аэровокзал бо арзиши лоиҳавии зиёда аз 220 млн сомонӣ бунёду муҷаҳҳаз карда шудааст.
Ба истифода додани бинои нави аэровокзали фурудгоҳ имкон медиҳад, ки то дар як вақт ба 400-500 нафар мусофир хидматрасонӣ карда шавад.
С Днем Конституции, Таджикистан!
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 6 ноября 2024 года
Гостинице «Душанбе» - 60 лет! Как раньше выглядел один из лучших отелей СССР?
Турция простила внешний долг Кыргызстану
От водных городов до динозавров. Топ-5 самых необычных музеев Китая
Что говорит Конституция Таджикистана о правах и свободах человека, о демократии?
В США начались 60-е президентские выборы
Сливочное масло в России подорожало. А, значит, жди подорожания и в Таджикистане
Узбекистанца приговорили к 5 годам тюрьмы за участие в военных действиях в Украине
Военные, флаги и транспаранты. Как в Хатлоне отметили 30-летие Конституции Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста