Тоҷикистон ба Низоми иҷозати кор (EPS)-и Корея ворид шуд, вале то ба ҳол мактуби расмии он дастрас нашудааст. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, аввали моҳи декабри соли 2023 намояндагони ниҳодҳои гуногуни Корея ба Душанбе омада, ин масъаларо баррасӣ карданд ва бо шароити кишвари мо ошно гардиданд.
“Корея ахиран дар қатори 17 давлати дигар Тоҷикистонро ба Низоми иҷозати кори кишвараш ворид кард. Ҳуҷҷатгузориҳои лозима тартиб дода шудаанд ва ба ду ҷониб дастрас гардидаанд. Аммо то имрӯз мактуби расмии Низоми иҷозати кори Корея ба мо дастрас нагардидааст”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Манбаъи мо афзуд, интизор меравад, ки то нимаи дуюми моҳи январ мактуби расмии Корея дастраси масъулини Душанбе шавад.
Низоми иҷозати кори Корея имкон медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин кишвар раванд.
Қаблан аз ин вазорат ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, пас аз ворид шудан ба ин низом шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоси шартнома дар Корея бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд.
Ҳоло дар назди Хадамоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар дарси забони кореяӣ меомӯзонанд.
Ёдовар мешавем, ки бори аввал соли 2022 дар асоси шартномаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва минтақаи Хампиёнги музофоти Ҷола-Намдои Корея 58 шаҳрванди ҷумҳурӣ дар гармхонаҳои Корея ба корҳои мавсимӣ сафарбар карда шуда буданд.
Список лучших. Какие позиции занимают таджикские бойцы в мировом рейтинге UFC?
Кто является крупнейшими должниками за электроэнергию в Таджикистане?
Число поездок граждан Таджикистана в Россию в 2024 году сократилось на 21% – данные ФСБ
Рособрнадзор определил процент баллов, требуемых для зачисления в школу детей мигрантов
Трамп объявил о начале переговоров по завершению российско-украинской войны
Сенсации не случилось. Таджикистанцы остались без наград на Азиатских играх-2025 в Китае
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 13 февраля 2025 года
7 причин детской лжи и как с ними бороться
Глава МИД Казахстана: «Таджикистан – наш стратегический партнёр и союзник в Центральной Азии»
В Таджикистане сняли документальный фильм «Рождение инноваций»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста