Соли гузашта дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ, 5,2 тонна маводи нашъадор мусодира шудааст, ки ин нисбат ба соли 2022 (4 т 991 кг 176 гр) 291 кг 638 гр ё 5,8 дарсад зиёд аст. Дар ин бора Самад Зафар, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Номбурда гуфт, танҳо Агентӣ дар соли 2023 аз муомилоти ғайриқонунӣ 495 кг 097 гр (2022-520 кг 530 гр) маводи нашъаовар мусодира намудааст, ки он нисбат ба соли 2022 – 25 кг 433 гр ё 4,9 фоиз кам мебошад. 

Ӯ афзуд, гарчанде дар соли 2023 ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар 4,9 фоиз коҳиш ёфт, вале мусодираи моддахои психотропӣ, ки хатари бештар дорад 3,8 маротиба, инчунин афюн 37,2 фоиз афзоиш ёфтааст.

“Дар соли гузашта аз ҷониби Агентӣ 114 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ва дигар намуди чиноятҳо ошкор карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2022 17,4 фоиз (24 ҷиноят) кам мебошад”, - гуфт директори Агентии назорати маводи нашъаовар.

Вай зикр кард, ки дар ин давра аз ҷониби Агентӣ фаъолияти 41 (2022 37) гурӯҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 77 (2022-89) нафар, ҳамчунин 1 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша ошкор ва қатъ карда шудааст.

Ба таъкиди ӯ, соли гузашта 10 шахси дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта муайян ва дастгир гаридиданд.

“Дар соли 2023 аз ҷониби Агентӣ бо мақомоти салоҳиятдори Русия ду амалиёти муштарак гузаронида шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ дар маҷмӯъ 38 кг 476 гр маводи нашъаовар мусодира карда шудааст”, -гуфт Зафар Самад.

Вай зикр кард, ки дар соли 2023 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусодираи маводи нашъовари героин 73,4 фоиз ё ин ки 178 кг зиёд (2022-243кг 588 гр), гуруҳи бангдона 16,8 фоиз ё ин ки 631 кг (2022- 3 тоннаву 752 кг 946 гр) ва маводи нашъоварии ҳашиш 19,4 фоиз ё ин ки 696 кг (2022-3 тоннаву 597 кг 288 гр) зиёд шудааст”, - гуфт вай.

Тибқи иттилои директори Агентӣ ҳоло дар ҷумҳурӣ 4160 нафар нашъаманд дар қайд мебошанд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2022 (4381 нафар) 221 нафар ё 5 фоиз коҳиш ёфтааст. Аз теъдоди умумии беморони нашъаманд 107 (2022-101) нафарро занҳо ташкил медиҳанд, ки ин шумора нисбат ба соли 2022 6 нафар зиёд шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.