Бекор кардани “лимит” ё маҳдудияти интиқоли барқ айни замон ғайриимкон буда, ба вазъи обуҳаво ва ҳаҷми резиши об ба обанбори нерӯгоҳи “Норак” вобаста аст. Дар ин бора Маҳмадумар Асозода, директори “Барқи тоҷик” имрӯз, 13-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод.
Асозода гуфт, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон барои истеҳсоли барқ танҳо обанбори нерӯгоҳи “Норак” истифода мешавад ва аз сабаби паст шудани оби он маҷбур шудаанд, ки дар интиқоли барқ ба аҳолӣ маҳдудият ё “лимит” ҷорӣ кунанд.
“Вобаста ба он ки барои истифодабарӣ дар давраи тирамоҳу зимистон танҳо нерӯгоҳи “Норак” боқӣ мондааст, пешгӯӣ намудани он ки “лимит” кай бекор карда мешавад, албатта, ғайриимкон мебошад”, - гуфт номбурда.
Ӯ санаи мушаххаси пурра бекор кардани маҳдудияти барқро нагуфт ва танҳо зикр кард, ки “вобаста ба сардӣ ё гармии ҳаво ва ҳаҷми резиши об дар обанбор муайян карда мешавад”.
“Дар давраи тирамоҳу зимистон барқ намефурӯшем”
Маҳмадумар Асозода, директори “Барқи тоҷик” гуфт, соли 2023 аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷа беш аз 2,6 млрд кВт. соат барқ содир шудааст, ки назар ба соли 2022 124 млн кВт. соат бештар аст.
Харидорони асосии барқи Тоҷикистон дар соли 2023:
- Афғонистон - 1 млрд, 624 млн кВт.соат;
- Ӯзбекистон - 907,5 млн кВт.соат;
- Қазоқистон - 144 млн кВт.соат.
Маҳмадумар Асозода дар посух ба ин суоли “Оё содироти барқ маънии аз ҳаққи мардуми худ зада, ба бегонагон фурӯхтани он нест?” посух дод, ки онҳо дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ба хориҷи кишвар барқ намефурӯшанд.
Ба гуфтаи ӯ, барқ аслан дар фасли тобистон ба хориҷа содирот карда мешавад. Ӯ мегӯяд, ки дар тобистон аз талабот зиёд барқ истеҳсол мешавад ва барқи барзиёд ба хориҷа фурӯхта мешавад.
Бояд гуфт, ки аз моҳи сентябри соли 2023 дар манотиқ ва ҳатто навоҳии атрофи пойтахти Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шудааст. Ҳоло ба сокинони деҳоти кишвар 3 соат дар субҳ ва 5 соат шабона барқ дода мешавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Далер Ҷумъа, вазири энерегетика ва захираҳои оби Тоҷикистон рӯзи 1-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, рушди босуръати иқтисодиёти кишвар ва тағйирёбии иқлим сабаби асосии маҳдуд кардани неруи барқ ё “лимит”-и барқ дар минтақаҳо аст.
СПИД в Таджикистане: Как и кто в Таджикистане рассказывает детям об этом заболевании?
Сам заразил, но жену обвинил. Женщины с ВИЧ подвергаются в Таджикистане дискриминации
Шириншо Шотемур. Первый гражданин Таджикистана
Ноябрь-2024: Климатические инициативы, процесс за закрытыми дверями, падение рубля и горячая линия для мигрантов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 1 декабря 2024 года
Темурхон Каюмов: золотой путь к успеху в карате
Гастрономические открытия Китая: пять ресторанов, которые изменят ваше представление о кухне
Мумии из Искодара. В Таджикистане нашли необычные захоронения
Что говорили власти России о мигрантах после "Крокуса" и что говорят сейчас?
Для успешной борьбы со СПИДом необходимо защищать права каждого
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста