Субҳи имрӯз, 14-уми март, дар роҳи Душанбе - Хуҷанд тарма фаромад ва боиси баста шудани ин масир гардид. Дар ин бора ширкати IRS хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар километри 80 - уми роҳи Душанбе  - Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ду тармаи калон фаромад.

“Паҳноии тармаҳо зиёда аз 100 метр ва баландиашон то 6 метр буда, барои бартараф намуданашон фавран техникаҳои намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон сафарбар гардиданд”, - навиштааст IRS.

Аз ин лиҳоз, ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд карда шуд.

Бо гузашти чанд соат ширкати IRS боз ҳам дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, ки роҳ аз тарма тоза ва боз гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.