Дирӯз, 1-уми апрел, дар Тоҷикистон даъвати баҳорӣ барои хидмат ба сафи артиш оғоз шуд ва давоми ду рӯз ВМКБ, чанд навоҳии Суғду Хатлон ва ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъватро 100 дарсад иҷро карданд.

Кишвар Амиршо, сухангӯи ВМКБ рӯзи 1-уми апрел ба “Азия-Плюс” гуфт, дар рӯзи аввали маъракаи баҳорӣ тамоми шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) нақшаи ҷалби даъватшавандагонро ба хидмати ҳарбӣ пурра иҷро карданд.

Бояд гуфт, ки ВМКБ чанд сол инҷониб аввалин шуда нақшаи ҷалби даъватшавандагонро ба хидмати ҳарбӣ иҷро мекунад.

АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, ки ҳамчунин чаҳор ноҳияи вилояти Хатлон - Вахш, Фархор, Мӯъминобод ва Хуросон нақшаи даъватро дар рӯзи аввали даъват 100 фоиз иҷро карданд.


Ба даъватшавандагоне, ки курси ронандагиро тамом кардаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ дода шуд.

Ҳамчунин, навоҳии Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт 100 дарсад нақшаи даъватро иҷро кардаанд.

Дар шимоли кишвар ҷамоатҳои деҳоти Ворух, Чоркӯх, Чилгазӣ ва Лаккони шаҳри Исфара аз 100 дарсад иҷрои нақша хабар доданд.

Бояд гуфт, ки даъвати баҳорӣ то 31-уми майи соли 2024 идома хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки тибқи фармони раиси ҷумҳури кишвар, дар маъракаи даъвати ҷорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1997-2006 ба хидмат даъват карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.