Шаби 28 ба 29-уми май дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ду ҳодисаи куштор ба қайд гирифта шуд ва дар пайи он 6 нафар, аз ҷумла ду ноболиғ ба қатл расиданд. Мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ин ду қазияро тасдиқ карданд. Сокинонро ин ҳодисаҳо сахт нигарон намудааст.
Дар ин шаб сокини деҳаи Ҷаҳонзеб (пешина Қарачқум), ҳамшира тиб Маҳбуба Ахмедоваи 38-сола ва ду фарзанди ноболиғаш Нозинин Ахмедова (16-сола) ва Дамирҷон Ахмедов (14-сола) кушта шуданд.
Ғайр аз ин, шаби 28 ба 29-уми май Зулхо Иброҳимови 50-сола, муовини директори мактаби №28-и деҳаи Санҷидзор ҳамроҳ бо бародар ва ҳамсари бародараш Абдуфаттоҳ Иброҳимови 46-сола ва Қурбонгул Иброҳимоваи 45-сола ба қатл расонида шуданд. Онҳо қирғизтабор буданд.
Аз ин оилаи қирғизҳо се кӯдак зинда монданд, ки яке ҳамагӣ 8 моҳа мебошад. Кӯдакон ҳоло ба ихтиёри давлат супорида шудаанд.
Аз мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабари кушта шудани 6 нафар сокинони шаҳри Конибодомро тасдиқ карданд, аммо дар бораи ин ду ҳодиса бо далели “халалдор накардани тафтишот” иттилои бештар надоданд.
Ҳодисаи куштори ду оила дар як шаб сокинони деҳаи Санҷидзори ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодомро нигарон кардааст.
Сабаби куштор чӣ буд? Ин ду ҳодиса ба ҳамдигар алоқамандӣ доранд? Пайвандони ҷонбохтагон чӣ мегӯянд? “Азия-Плюс” бо пайвандон ва бозмондагони кушташудагон ҳамсуҳбат шуд ва назари мақомотро ҳам пурсид, ки рӯзҳои наздик пурра расонаӣ мешавад.
Вале бояд гуфт, ки ин аввалин ҳодисаи куштор дар шаҳри Конибодом нест. Аз ҷумла, шаби 16 ба 17-уми апрел дар ҷамоати Ғафурҷон Ортиқов шаҳри Конибодом ҷасади як зану шавҳарро дар хонаашон пайдо карданд. Он вақт мақомоти корҳои дохилӣ гуфта буданд, ки дар ҷасади зану шавҳар “нишонаи марги маҷбурӣ дида мешавад”.
Аз ин пештар, 30-юми марти соли равон Муҳиддинбой Шарипови 65-сола, сокини шаҳри Конибодом дар манзили истиқоматиаш ҳамсараш Майрам Шарипова, келинаш Фирӯза Шарипова ва наберагонаш Абӯбакр Шарипов, хонандаи синфи 3 ва Азиза Шарипова, хонандаи синфи 1-умро бо роҳи эҳтимоли буғӣ кардан ба ҳалокат расонид.
Охири соли гузашта ҳам Шаҳриёр Норматов, як сокини 32-солаи Конибодом бо иттиҳоми куштори модараш боздошт шуд: он мард модари 65-солаи худро 136 маротиба корд зада буд.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Война в Иране, эвакуация таджикистанцев и новые штрафы для водителей
Трамп потребовал от Тегерана безоговорочной капитуляции
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 7 марта 2026 года
Муноджот Усманова: от финансового аналитика до звездного подиума Malta Fashion Show
Я люблю цветы, но у меня аллергия. Какие растения мне могли бы подарить на 8 марта?
«Мы считаем успех Ирана своим успехом, а его неудачу — своей неудачей». Мнения деятелей Таджикистана о войне в Иране
Сколько таджикистанцев и с какой целью ездили в Узбекистан в прошлом году?
Три обязательных милостыни в месяц Рамазан. Объясняем подробно – кому и сколько давать
Хуршед Кахоров подерется за титул Oktagon: шанс стать чемпионом Европы
Искусственный интеллект в налоговой системе Таджикистана: как технологии меняют взаимодействие с гражданами и бизнесом
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста