Ҳукумати Толибон* пахши барномаҳои зинда, интиқоди қонунҳову пулиси Толибон* ва даъвати меҳмонони тасдиқнашуда аз ҷониби ин гурӯҳро барои расонаҳо манъ кард.
Тавре Маркази хабарнигорони Афғонистон хабар медиҳад, рӯзи шанбе, 21-уми сентябр, Вазорати иттилоот ва фарҳанги Толибон дар як ҷаласае дар Кобул ба расонаҳо дастуруламали наверо шинос кардааст, ки маҳдудиятҳои навро барои расонаҳо дар пай дорад.
Вазорати фарҳанг ва иттилооти Толибон то ҳол ин дастуруламалро нашр накардааст, вале ба гуфтаи Маркази хабарнигорони Афғонистон онҳо бо ин дастуруламал шинос шудаанд.
Гуфта мешавад, ки он аз 8 модда иборат буда, масъулини расонаҳо ва гардонандаҳои барномаҳои телевизионӣ вазифадор шудаанд, ки мутобиқи он амал кунанд.
Ба гуфтаи манбаъ, ба дастуруламали ҷадиди маҳдудкунандаи озодии баёни Толибон мавридҳои зерин шомиланд:
- Гуфтугӯҳо ва баҳсҳо бояд сабт шаванд ва набояд ба сурати зинда бошанд;
- Коршиносон бояд мутобиқ бо феҳристи ҷадид хоста шаванд, даъват аз касоне ки номашон дар ин феҳрист нест, мамнуъ аст;
- Барои даъвати касе ки исми ӯ дар феҳрист нест, аз Вазорати иттилоот ва фарҳанги Толибон иҷозат гирифта шавад;
- Субҳи ҳар рӯз феҳристи барномаҳо ва меҳмонони баҳсҳои сиёсӣ бо Вазорарати фарҳанг мувофиқа карда шаванд ва аз пас таъйиди ин вазорат барнома омода шавад.
- Ба чолиш кашидани қонунҳо, пулисҳо ва тасмимҳои Толибон ва ҳамчунин интиқоди бидуни далел аз масъулон манъ мебошад.
- Расонаҳо муваззафанд баъди нашри барнома мавзуъҳои ҳассосиятбарангез, нуқтаҳои заъф ва интиқодҳои суратгирфта ба Толибон ва масъулони онро ҳазф кунанд.
Дар дастурамал гуфта шудааст, ки дар сурати мухолифат ба ин нуктаҳо масъулини расонаҳо ҳамчунин, меҳмони барнома ҷазо дода мешаванд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/340861/photo_2024-09-25_10-54-39.jpg)
Маркази хабарнигорони Афғонистон мегӯяд, се моддаи ин дастури маҳдудкунандаи озодии баён (1, 2 ва 5) комилан нав ҳастанд ва иҷрои онҳо талоши тозае дар саркӯбӣ расонаҳо ва озодии баён аст.
Ин марказ ҳамчунин гуфтааст, ки бо феҳристи коршиносони мавриди назари Толибон шинос шудааст ва онҳо аз 68 нафар иборатанд.
Ба гуфтаи ин марказ, аз замони ба қудрат бозгаштани Толибон дар Афғонистон 21 дастурамали расонаӣ аз ҷониби онҳо содир шудааст, ки маҳдудияти зиёдеро барои расонаҳову хабарнигорон дар пай доштаанд.
“Тозатарин маврид мамнуъ шудани нашр акси ҷондор мебошад, ки дар қонуни амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон матраҳ шудааст. Ин қонун моҳи гузашта ба иҷро даромад ва дар пайи он шуъбаи маҳаллии телевизиони милли Қандаҳор баста шуд”, - гуфта мешавад дар гузориши Маркази хабарнигорони Афғонистон.
Маркази мазкур аз Толибон хостааст, ки аз саркӯби расонаҳои озод худдорӣ кунад ва иҷозат диҳад, қонуни расонаҳои ҳамагонии Афғонистон дар амал иҷро шавад.
Бо ба сари қудрат омадани “Толибон” як қатор маҳдудиятҳо дар ин кишвар ҷорӣ гардид, ки бештари онҳо ба саркӯби озодии баён ва ҳуқуқи духтарону занон рабт дорад. Аз ҷумла, онҳо таҳсили духтарон дар мактабу донишгоҳҳо, садои занҳо дар расонаҳо, кӯчаву бозор, инчунин, сайругашти онҳо дар кӯчаҳо ва ғайраро манъ карданд.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон 15-уми августи соли 2021 саросари Афғонистонро ғасб карданд ва ба сари ҳокимияти ин кишвар нишастанд. Бо гузашти се сол, баъзе кишварҳои абарқудрат ба мисли Русияву Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври ошкору пинҳон бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.
Таджикская девушка-боец: Как Фотима Холова остается сильной
Какие достопримечательности можно посмотреть в Иране?
Google сам себе разрешил использовать ИИ для создания оружия и технологий слежки
Чемпионат Таджикистана – третий снизу в рейтинге лиг стран бывшего СССР
Президент США заявил о "неслыханном уровне коррупции" в USAID и потребовал его закрыть
Эмомали Рахмон подписал указ о повышении зарплат, пенсий и стипендий
Как изменились ставки земельного налога в Таджикистане?
Трамп допустил вероятность встречи с Зеленским на следующей неделе
ФФТ рассказала, как в Душанбе отметят Всемирный день футбола
Журнал Time поместил на обложку Илона Маска в президентском кресле
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста