Аз ҳавзаи якмандатӣ 152 нафар ҳамчун номзад барои ширкат дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 85 нафар аз ҷониби 6 ҳизби сиёсии Тоҷикистон ва 65 нафар ҳамчун худпешбар сабти ном шудаанд. Дар ин бора Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Носирҷон Салимӣ, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, рӯзи 13-уми феврал дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки дар маҷмуъ аз ҳавзаи якмандатӣ (6 ҳизби сиёсии кишвар ва тариқи худпешбарӣ) 152 номзад барои ширкат дар интихобот номнавис шуданд:
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) – 52 нафар;
Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) – 18 нафар;
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) – 7 нафар;
Ҳизби комунистии Тоҷикистон (ҲКТ) – 4 нафар;
Ҳизбии сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) – 3 нафар;
Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) – 3 нафар;
Номзад ба интихоботи парлумонӣ ба таври худпешбарӣ – 65 нафар.
Илова бар ин, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) 68 номзад аз 6 ҳизби сиёсии кишварро аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ ба қайд гирифта ба онҳо иҷоза дод, ки тибқи рӯйхати ҳизбӣ барои 22 курсии парлумон вориди корзори интихоботӣ шаванд.
КМИРТ аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ бо таносуби зерин номзадҳои ҳизбҳоро ба қайд гирифт:

Парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки 22 вакил аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ ва 41 вакил аз ҳавзаҳои якмандата интихоб мешаванд.
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 2-юми март баргузор мешавад.
Ба ғайр аз Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки дар гузашта яке аз ҳизбҳои мухолифи ҳукумати кишвар гуфта мешуд, 6 ҳизби дигари сиёсӣ номзадҳои худро барои интихобот пешниҳод кардаанд. Ҳоло давраи сабти ном ба охир расида, раванди таблиғи номзадҳо идома дорад.
Ҳоло аз 63 курсии вакилӣ дар парлумон аксарашро ҳизби ҳоким-Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) соҳиб аст. Ҳизби аграрӣ 7 ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 5 вакил доранд. Ҳизби комунистӣ 2 вакил ва ҳизбҳои сотсиалистӣ 1 курсӣ доранд.
ҲСДТ, ки дар гузашта яке аз ҳизбҳои мухолиф шинохта мешуд, дар парлумон ҳеҷ гоҳ курсӣ надошт.
Ҳамаи ин ҳизбзҳо ошкору пинҳон аз ҳукумат ҷонибдорӣ мекунанд ва коршиносони мустақил мегӯянд, онҳо дар фазои сиёсии кишвар таъсири муассире гузошта наметавонанд.
Как поехать учиться в другую страну в 2025 году: возможности и стипендии для граждан Таджикистана
В Таджикистане завершились съёмки фильма «Тропа гнева». Когда его покажут?
Skype всё? В мессенджере заметили сообщение о скором его закрытии
В Совете по правам человека ООН обвинили талибов в преступлениях против человечности
Под лавиной на трассе Душанбе – Чанак погиб водитель
Несколько СМИ, включая информагентство «Азия-Плюс», лишили права освещать парламентские выборы
Ушел из жизни таджикский филолог-востоковед Азим Байзоев
Мифы о старых автомобилях: стоит ли покупать авто старше 10 лет?
От Москвы до Вашингтона: где и как граждане Таджикистана могут проголосовать на выборах в парламент?
В России задумали разрешить мигрантам работать по одному патенту в столице и смежном регионе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста