Имсол ҷашни Наврӯз дар шимоли кишвар аз 21 то 31-юми март бо чорабиниҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва барномаи консертӣ таҷлил мешавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, 21-уми март соати 10:00 дар 8 шаҳру навоҳии Суғд - Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Мастчоҳ, Истаравшан, Зафаробод, Истиқлол ва Кӯҳистони Мастчоҳ Наврӯзро бо барномаҳои фарҳангӣ таҷлил мекунанд.
22-уми март, соати 10:00 дар 7 шаҳру навоҳӣ - Айнӣ, Ашт, Конибодом, Гулистон, Спитамен, Деваштич, Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Шаҳристон Наврӯзро таҷлил мекунанд.
Ҳамин тариқ, дар шаҳри Исфара 31-уми март, дар деҳоти Лаккон, (Мавзеи нуқтаи пайванд) Наврӯз таҷлил карда мешавад.
Вақту соати баргузории Наврӯз дар маркази вилоти Суғд шаҳри Хуҷанд, ки дар назар аст бо ширкати президентҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор шавад, маълум нест.
Имсол ҷашни асосии Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад.
Дар ҷашни Наврӯз дар вилояти Суғд чунин мусобиқаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст:
23-26 март - дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мусобиқаҳои варзишӣ - сайёҳӣ (бо 55 иштироккунанда аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Эрон) баргузор мешаванд.
25-27 март - дар шаҳри Истаравшан мусобиқаи куштӣ (бо 67 иштироккунанда аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Русия) баргузор мегардад.
15-19 март – мусобиқаи байналмилалии теннис дар Хуҷанд (ҳанӯз идома дорад).
Зимнан, дар назар аст, ки бахшида ба ҷашни Наврӯз дар тамоми боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр барномаҳои наврӯзӣ доир карда шаванд.
Илова бар ин, аз 15 то 21-уми март, дар кишвар Фестивали ҷаҳонии ҷавонон “Navruz Youth World Festival” низ гузаронида мешавад.
Huawei в Берлине представила новую линейку носимых на запястье устройств
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Свобода клика, герой-мигрант, новые электробусы и трагические потери
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 17 мая 2025 года
У меня частые кровотечения из носа. Я болею чем-то очень серьезным?
Афиша от «Азия-Плюс»: «Ночь в музее», магическое шоу и «Золотая антилопа»
«Не забывайте Бога». Абдурозик вернулся в Таджикистан и дал интервью «Азия-Плюс»
OriyonJob - шаг к будущему с «Ориёнбанком»
Глава Крыма предложил запретить мигрантам привозить семьи в Россию
В Душанбе обсудили переход Таджикистана на зелёную экономику
Coca-Cola вдохновляет на добрые перемены: старт кампании в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста