Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, ки бо андешаҳои тунди миллатгароёна ва зидди муҳоҷиронаш шинохта шудааст, дар ҳамоиши ҳуқуқшиносон дар шаҳри Санк-Петербург гуфт, ки муффаттишони ниҳоди зери роҳбарии ӯ ҳамроҳ бо кормандони ВКД ва Росгвардия дар рейдҳои “маҳалли таҷаммӯи муҳоҷирон” иштирок карда, онҳоеро, ки шаҳрвандии Русияро гирифта, худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштаанд, мушаххас кардаанд.
Ӯ таъкид кард, ки зимни ин рейдҳо 80 ҳазор “чунин шаҳрвандони Русия” муайян ва дастгир шуда, 20 ҳазори онҳо аллакай ба ҷанги Русия дар Украина фиристода шудаанд.
“Шаҳрванди ҷавони Русия, ки бо чӣ сабабе зиндагӣ дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистонро хуш надоранд, дар ҷабҳа қарор доранд”, - зикр кард ӯ.
Инчунин, раҳбари Кумитаи тафтишот гуфт, ба Русия таҳти номи муҳоҷирон “ҷинояткорони оянда” сафар мекунанд ва онҳоро “қапида” ба ватанашон баргардонидан лозим аст, то ки “ҷиноятро он ҷо, на дар Русия содир кунанд”.
Сухан аз рейдҳое меравад, ки тайи чанд соли охир, махсусан дар пайи оғози ҷанги Русия дар Украина, дар ин кишвар бамаротиб бештар шуда, ба шеваи дағал, таҳқиромез ва бидуни риояи ҳуқуқҳои инсон гузаронида мешавад. Дар ҷараёни ин рейдҳо муҳоҷирон боздошт гардида, теъдоде аз онҳо ихроҷ мешавад ва қисме, онҳое, ки шаҳрвандии Русияро доранд, иҷборан дар қайди ҳарбӣ гузошта шуда, гурӯҳе ба ҷанг фиристода мешаванд. Мақомоти Русия ин амали худро “мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ” менаманд.
Қишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз ин шеваи рафтори мақомоти Русия борҳо нигаронии худро иброз дошта, ҳатто расман эътирози худро баён карда буданд. Вале ин бадрафтории мақомоти Русияро тағйир надод.




Как таджикская художница борется с плагиатом в сети
ICB предлагает Visa Infinite — премиальную карту для глобальных возможностей
Президент Таджикистана пообещал создать в стране 1,4 миллиона рабочих мест
Бизнес без коррупции: о чем говорили на международном форуме в Душанбе
В результате нападения в школе в Одинцово погиб мальчик – предположительно, из таджикской семьи
Самые дорогие футболисты высшей лиги Таджикистана-2025: кто вошёл в топ?
Эмомали Рахмон вновь выразил обеспокоенность по поводу ношения «чуждой одежды» в Таджикистане
Президент Таджикистана предложил меры для улучшения кредитной системы и доступа к жилью
В Таджикистане с 1 сентября 2026 года будут повышены зарплаты и социальные выплаты
Эмомали Рахмон: «Доходы госбюджета за последние пять лет выросли на 65%»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста