Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон супориш дод, ки ҳаҷми маошу нафақа ва идрорпулӣ (стипендияҳо) дар моҳи сентябри соли 2026 аз 15 то 25% боло бурда шавад.
Раисҷмуҳур имрӯз, 16-уми декабр дар ҳузури вакилони порлумон чунин гуфт:
- аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла кормандони мактабҳо ва муассиаҳои томактабӣ 25% зиёд карда шавад;
- аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши дигар кормандони соҳаи маорфи, соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг, идоракунии давдатӣ, муассисаҳои буҷетӣ ва идрорпулиҳои донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендияҳо 20% зиёд карда шавад;
- аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони мақомоти қудратӣ 20% зиёд карда шавад;
- аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ, давлатӣ ва заминавӣ на кам аз 15% индектатсия карда шавад.
Президент, ҳамчунин гуфт, аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши ҳадди ақал ба 1300 сомонӣ бардошта мешавад. Феълан ҳаҷми маоши ҳадди ақал 1000 сомонӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки соли равон ҳам маоши омӯзгорон 30%, дигар кормандони муассисаҳои бахши маориф, илму фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин муассисаҳои буҷетӣ ва идрорплуиҳо 20% афзуда буд.
Ҳамчунин, пардохтҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулиҳо ба он ва андозаи заминаи нафақавӣ ба андозаи 10% афзоиш зиёд шуда буд.
Маоши кам дар Тоҷикистон аз мушкилҳои асосии сокинон аст. Дар баробари баланд шудани маошу нафақа, нархи маҳсулот низ дар бозорҳо ба таври автоматӣ баланд мешавад. Ин аст, ки сокинон афзоиши ҳаҷми маошу нафақаро индексатсияи нархҳо медонад.




Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 24 декабря 2025 года
Новогодние направления для шоппинга и пляжного отдыха в 2025 году
Узбекистанца осудили на родине за участие в войне в Украине
Таджикские мастера самбо завоевали 30 медалей Кубка Азии
В Узбекистане изъяли крупные партии наркотиков, ввезенных из Таджикистана
«Жить стало невозможно». Мигранты из Центральной Азии все меньше желают ехать на заработки в Россию
Жителя Душанбе задержали по подозрению в развращении 13-летней девочки
Муин Гафуров узнал нового соперника: он проведёт бой на UFC Vegas 113
США предлагают по $3000 мигрантам за добровольный отъезд из страны
Как российская пропаганда и ксенофобные настроения в обществе привели к гибели Кобилджона Алиева
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста