Дар макони собиқ бинои Главпочтамт дар Душанбе бинои 30-ошёна қомат меафрозад.

Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Раёсати иттилоот ва баҳисобгирии ҶСК «Тоҷиктелеком» Алибек Бекназаров дар ин робита изҳор намуд, ки лоиҳаи сохтмони бинои нав ба Раёсати сохтмон ва меъмории мақомоти шаҳрдории пойтахт пешниҳод шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, рӯйи таҳияи лоиҳаи бино се ширкат фаъолият дошта, дар сурати аз ҷониби ҳукуматдорони пойтахт маъқул шуморида шудани он, корҳои сохтмони бинои баландошёна то ахири сол оғоз мегарданд.

Бекназаров зикр кард, ки дар бинои нав ҷойгир кардани идораҳои кории тамоми сохтор ва ширкатҳои пешниҳодсози хизматгузориҳои алоқа, аз ҷумла ширкатҳои фароҳамсози Интернет ва операторони мобилӣ дар назар аст.

Ӯ таъкид дошт, ки се ошёнаи аввали бино ба сифати таваққуфгоҳи автомашинаҳо истифода хоҳанд шуд, зеро дар маркази пойтахт мушкилоти макони нигаҳдории мувақкатии автомашинаҳо мавҷуд аст.

«Нахуст пешниҳодҳои сохтмони биноҳои 6, 12 ва ё 16-ошёна рӯйи кор омада буданд, вале мо бинои 30-ошёнаро интихоб кардем», - афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки бинои 20-ошёнаи маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» бинои баландтарини имрӯзи пойтахт маҳсуб меёбад.