Ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ масъалаи дар марҳилаи дарозмуҳлат бунёд кардани бозори захираҳои обӣ дар минтақа метавонад пешниҳод гардад.
«То ин дам кишварҳои минтақа ин масъаларо баррасӣ накардаанд, ҳарчанд дар дурнамои дарозмуҳлат он метавонад пешниҳод гардад», - гуфт дар брифинги рӯзи 9-уми август муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои обии Тоҷикистон Султон Раҳимов.
Раҳимов зикр кард, ки масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи об ба роҳандозии ҳамкориҳо баҳри ба даст овардани фоидаи иловагии иқтисодӣ нигаронида шудааст. «Чун айни замон ҳамкориҳо дар соҳаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар сатҳи зарурӣ қарор надорад, кишварҳои минтақа аз даромади имконпазири иловагӣ маҳруманд. Гузашта аз ин, мушкилоти об зиёни муайяне ба кишварҳо мерсаонад. Дар гузориши Барномаи рушди СММ дар бораи рушди инсонӣ дар соли 2006 гуфта мешавад, ки бинобар сабаби дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани ҳамкориҳо дар соҳаи об, кишварҳои минтақа ҳамасола зиёда аз 1,7 млрд. доллари ИМА-ро аз даст медиҳанд», - иброз дошт муовини вазир.
Бино ба маълумоти Пажуҳишгоҳи байнулмилалии идоракунии захираҳои обӣ (IWWI), тайи 100 соли ахир истеъмоли об 6 маротиба афзуда, соли 2050 боз дучанд зиёд мешавад. Айни замон ба 1 нафар ҳудуди 2,5-3 литр об дар як рӯз рост меояд. Тибқи пешгӯии СММ, соли 2025 аҳолии сайёра аз 5 млрд. то 8,5 млрд. нафар афзуда, мутаносибан боз ҳудуди 6 ҳазор километри мукааб оби тоза зарур аст.
Тибқи маълумоти IWWI, сарфи назар аз ҳудуди 72%-и сатҳи заминро ташкил додани об, тамоми захираҳои он (97%) дар уқёнуси ҷаҳонианд. Ҳудуди 2%-и об дар ях ва пиряхҳои қутбӣ мутамарказ аст. Оби кӯлу дарё ва обҳои зеризаминӣ ҳамагӣ 1%-и оби коршоям барои истифодаи минбаъда бидуни коркарди иловагии технологиро ташкил медиҳанд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои ғании оби тоза буда, 2/3 (64%)-и захираҳои обии Осиёи Марказӣ аз қаламрави он сарчашма мегиранд.
Под натиском парниковых газов и пылевых бурь. Как остановить исчезновение ледников в Таджикистане?
Каких животных нельзя держать в столице? Напоминаем правила, ведь штрафы возросли
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 2 февраля 2025 года
Январская "чистка", иранские инвестиции, "дело о госперевороте" и страхи таджикских мигрантов: важные события января-2025 по версии "Aзия-Плюс"
Ярко, весело и с размахом. Как в Душанбе отметили праздник Сада
В Филадельфии на жилые дома рухнул самолет медицинской эвакуации
Сборная Таджикистана на Азиаде-2025 в Китае оказалась самой малочисленной среди стран Центральной Азии
Что делать, если инспектор ГАИ снимает номера с вашей машины?
Мигрантов в России предложили привлекать к ответственности за необучение детей русскому языку
В Кыргызстане ввели штрафы за клевету и оскорбления в интернете
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста