Ба хотири беҳтар кардани вазъи муҳитзистии пойтахт, фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии 2 дар оянда аз ангишт ба гази табиӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора имрӯз, 30-юми январ вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Усмоналӣ Усмонов зимни нишасти хабарӣ иттилоот дод.
Ба гуфтаи вазир, гузаронидани Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) аз шакли ангиштӣ ба гази табиӣ осон аст. Вай афзуд: “Мо умедворем, ки ширкати “Газпром” дар Тоҷикистон оянда гази табииро истихроҷ мекунад ва мо фаъолияти Маркази барқу гармидиҳиро пурра бо газ ба роҳ мемонем. Дар ин сурат мушкили экологӣ аз байн меравад”.
Усмонов мегӯяд, ки фаъолияти МБГ 2-и шаҳри Душанбе бо иқтидори 40-45 мегават идома дорад. Зиёда аз 50 ҳазор тон ангишт захира шудааст, ки то моҳи апрел мерасад. Дар назар аст, ки то охири моҳи апрел турбинаи дуввум ҳам ба фаъолият оғоз кунад.
Вай афзуд: “Зеристгоҳҳо ва системаи МБГ 2 ягон камбудӣ надорад. Фаъолияти ин марказ танҳо барои фасли зимистон пешбинӣ шудааст. Зеро норасоии барқ асосан дар зимистон ба мушоҳида мерасад. Дар дигар фасли сол ба истифодаи МБГ 2 зарурат нест”.
Вазир оид ба масъалаи муҳитзистии ин марказ гуфт, ки намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар давоми ду ҳафтаи охир онро санҷида баромаданд. Ба қавли Усмонов, ҳамаи моддаҳои олудакунандаи ҳаво аз меъёр паст буда, ягон камбудӣ вуҷуд надорад. Вазир ҳамчунин гуфт:
- Мо намехоҳем, ки кори ин марказ аз як тараф фоидаовар ва аз ҷониби дигар бар зарари аҳолӣ бошад. Ҳангоми пешниҳоди лоиҳа аз тарафи Вазорати энергетика ва саноат талаботи қатъӣ пеш гузошта шуд, ки беҳтарин системаи тозакунандаи ҳаво насб гардад. Ҳоло дар марказ ду системаи ҳавотозакунӣ истифода мешавад. Дар 72 соати аввали фаъолияти марказ мутахассисон кори ҳавотозакуниро санҷиданд ва ҳангоми то иқтидори 47 мегават боло бурдан яке аз дастгоҳҳо мушкил пайдо кард. Ин ягон сирри махфӣ нест, мо кори онро манъ кардем ва баъди бартараф кардани мушкилӣ аз нав ба кор даровардем. Ин якумин маркази гармидиҳӣ дар дохили шаҳр нест, ки хавотир бошем. Дар Бишкек бо иқтидори 600 мегават кор мекунад. Дар Алмаато ва бисёр шаҳрҳои Чин чунин марказҳо фаъолият доранд.
Ёдрас мекунем, ки иқтидори МБГ 2-и шаҳри Душанбе 100 мегават пешбинӣ гардидааст ва он бо сарфи 179 миллион доллар сохта, ба истифода дода шудааст.
Усмонов ҳамчунин изҳор дошт, ки нерӯгоҳи Сангтӯда 2 аз моҳи декабри соли 2013 инҷониб фаъолият намекунад. Ба қавли вазир, сабаби кор накардани нерӯгоҳ созишномаи миёни Душанбеву Теҳрон дар мавриди гузаронидани ташхиси техникӣ аст. Тибқи ин созишнома, нерӯгоҳ баъд аз як соли фаъолият бояд аз ташхиси техникӣ гузарад.
Любовь к природе и простому труженику. В Душанбе открылась выставка художника Фарруха Негматзаде
Как таджикские кавалеристы не дали немецкой армии вырваться из Сталинграда
Под натиском парниковых газов и пылевых бурь. Как остановить исчезновение ледников в Таджикистане?
Каких животных нельзя держать в столице? Напоминаем правила, ведь штрафы возросли
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 2 февраля 2025 года
Январская "чистка", иранские инвестиции, "дело о госперевороте" и страхи таджикских мигрантов: важные события января-2025 по версии "Aзия-Плюс"
Ярко, весело и с размахом. Как в Душанбе отметили праздник Сада
В Филадельфии на жилые дома рухнул самолет медицинской эвакуации
Сборная Таджикистана на Азиаде-2025 в Китае оказалась самой малочисленной среди стран Центральной Азии
Что делать, если инспектор ГАИ снимает номера с вашей машины?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста